Омӯзгорони арҷманд, шогирдони азиз!
Шуморо ба муносибати ҷашни 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои иловагии таълимии донишкада самимона табрику муборакбод намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, бахту иқболи нек, рӯзгори осудаву обод, сарбаландию сарфарозӣ ва дар кору таҳсилатон муваффақиятҳои беназир орзумандам. Таҷлили пуршукӯҳи ҳамасолаи Истиқлолияти давлатӣ далели эҳтироми баланди сокинони кишварамон ба ин ҷашни бузурги муқаддас дар ҳаёти ҷамъиятии давлатамон аст. Зеро маҳз ба шарофати ин рӯйдоди таърихӣ миллати мо ҳуқуқи соҳибихтиёрона муайян намудани ҳаёти ҷамъиятии худ ва шарики равандҳои гуногунҷанбаи ҷаҳони имрӯз гаштанашро ба даст овард. Барои ноил омадан ба чунин саодати беназир наслҳои гуногуни миллати куҳанбунёдамон бо кору пайкори созандаашон дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаашон саҳмгузорӣ намудаанд ва наслҳои имрӯз аз он сабақ гирифта, ин амалҳоро бо ифтихору сарфарозӣ идома мебахшанд. Бахусус, дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта миллати сарбаланди мо бо чунин фидокориҳо Истиқлолияти давлатии кишварамонро истеҳком бахшиданд ва бо рафъи мушкилоти сангини аз ҷониби бадхоҳони дохилию берунӣ ба сари мардум таҳмилшуда рушди минбаъдаи Тоҷикистонро таъмин намуданд. Таъкид бояд кард, ки дар сархати ин амалҳои созанда фидокориҳои бемисли Сарвари давлатамон қарор дошта, имрӯзҳо низ илҳомбахши кору пайкори сокинони кишварамон мебошанд.
Лозим ба ёдоварист, ки Сарвари давлатамон ба илму маориф ва донишу маърифат эҳтироми баланд доранд ва онҳоро кафили асосии баланд бардоштани рушди неруи инсонӣ, ба даст овардани пешрафту инкишофи ҳамаҷонибаи ҳаёти ҷомеа медонанд.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар фаъолияти худ барои дар амал татбик намудани сиёсати маорифпарваронаю фарҳангсолоронаи Пешвои миллат пайваста талош меварзанд. Натиҷаи ҳамин саъю талошҳост, ки сол ба сол сатҳу сифати таҳсил дар донишкада боло меравад, шароити иқтисодию иҷтимоии фаъолияти устодону кормандон беҳтар мешавад, таъминоти методию техникии раванди таҳсил мукаммалтар мегардад. Итминони комил дорем, ки ин дастовардҳо барои соҳиби малакаи муносиби касбӣ гаштани дастпарварони донишкада мусоидат менамоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳбарияти донишкада баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот ҳамасола иқдом меварзад. Аз ҷумла, имрӯз мо шоҳиди ба истифода додани бинои иловагии таълимӣ гардидем, ки маҳз тавассути дастгирии роҳбарияти олии кишвар, Вазорати фарҳанг сурат гирифта, самараи Истиқлолияти давлатӣ ва рушди соҳаи фарҳанги кишвари соҳибистиқлоламон мебошад. Масоҳати таълимии донишкада аз соли аввали ифтитоҳаш то имрӯз, бо вуҷуди зиёд шудани теъдоди донишҷӯёну сафи омӯзгорон, таъсиси ихтисосҳои нав бетағйир монда буд. Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ муассисаҳои таҳсилоти олии кишварамон, аз ҷумла Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, симои худро сол ба сол дигаргун намуда, барои дар қатори дигар муассисаҳои таълимии кишварҳои пешрафта мавқеъ пайдо намудан пойгоҳи моддӣ-техникиашонро мустаҳкам гардонда истодаанд.
Бинои иловагии таълимие, ки имрӯз расман бо ҳузури меҳмонони олиқадр ифтитоҳ ёфт, дорои 8 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи копютерӣ, толори сабти овоз ва филмсозӣ, толори хор ва оркестр, инчунин утоқҳои корӣ мебошад, ки то андозае шиддати норасоии масоҳати таълимиро дар донишкада камтар мекунад. Вале минбаъд мо бояд дар доираи омодагиҳо ба пешвози 50 — солагии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ки ба 30 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, барои сохтани бинои нави таълимии ҳозиразамон ва ҷавобгӯ ба талаботи санъати меъморию рамзи истиқлолияти фарҳангии кишварамон муносиб саъю талош варзем. Барои амалӣ гаштани ин нияти нек донишкада дорои қитъаи замини иловагӣ мебошад. Аз ҳузури вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шамсиддин Орумбекзода истифода намуда, хоҳиш менамоем, ки бунёди бинои таълимии навро ба рӯйхати иншооти ҷашнии сохташавандаи вазорат ворид созанд. Ин як туҳфаи муносиб дар арафаи ҷашни 50 — солагии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва 30 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад шуд.
Ба таваҷҷуҳатон ташаккур.