Дар толори Шӯрои олимони МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” Созишномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ва Академияи мақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид.
Созишномаи ҳамкориро ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ва директори Академияи мақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон Соҳибжон Бекматов ба имзо расонданд.
Дар маросими имзои Созишномаи ҳамкорӣ Муҳриддин Низомӣ перомуни робитаҳои густардаи фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар давоми солҳои охир ибрози андеша намуда, тазаккур дод, ки муносибатҳои дӯстонаи ҳарду кишвар маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев сол ба сол рушд ва тавсеа меёбанд. Ректори донишкада таъкид кард, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 марти соли 2018 сурат гирифта буд, дар саҳифаи муносибатҳои байни давлатҳо саҳифаи тоза боз намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пазироии самимии меҳмони олиқадр дар Қасри Миллат зикр сохтанд, ки: “мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, такконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд”.
Муҳриддин Низомӣ аз баргузори дарси маҳорат, ки бо иштироки ғиҷакнавози машҳури Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аҳмаджон Дадаев ва найнавози маъруф Абдулаҳад Абдурашидов ёдовар гашта, ҳунарнамоии онҳоро бозгӯкунандаи фарҳангу санъати муштарак доштани халқҳои тоҷику ӯзбек номид. Ба таъкиди Муҳриддин Низомӣ, имзои созишнома имкон медиҳад, ки робитаҳои илмию фарҳангии донишкада бо Академияи мақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавсеа ёбанд, табодули таҷрибаи донишҷӯёну устодон васеъ ба роҳ монда шавад, аз таҷрибаи якдигар барои рушди жанрҳои гуногуни мусиқӣ, хосса “ Шашмақом” истифода баранд.
Директори Академияи мақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон Соҳибжон Бекматов зимни суханронӣ тазаккур дод, ки тоҷикону ӯзбекҳоро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, фарҳангу санъати ба ҳам монанд, дину мазҳаби ягона, ҳамсоягии нек ва эҳтироми якдигар муттаҳид месозанд. Дӯстии онҳо аз давраҳои қадим сарчашма мегирад. Маҳз иродаи сиёсии роҳбарони давлатҳоямон буд, ки имрӯз ҳамкорӣ, муҳимтар аз ҳама, дӯстиву рафоқати мардум таҳким меёбад. Ба имзо расидани Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, таҳкими ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, таъмини рафтуомади озодонаи мардум аз дастовардҳои муваффақ дар арсаи дӯстии ин ду халқи бародар мебошанд. Имзои Созишномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ва Академияи мақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои рушди жанрҳои суннатии минтақа, хусусан “Шашмақом” иқдоми саривақтӣ буда, дар оянда метавонад дар ин самт, ба манфиати мардумони ҳарду кишвар, корҳои шоистаеро ба анҷом расонад. Ҳамзамон, директори Академияи мақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон Соҳибжон Бекматов аз ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” Муҳриддин Низомӣ даъват ба амал овард, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати равнақ бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар асоси Созишномаи баимзорасида сафари корӣ анҷом диҳад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки баъди бартараф гаштани монеаҳои бо сабаби пандемия баамаломада дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, эҷодӣ, омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо, таҷрибаомӯзии илмӣ ва такмили ихтисоси кормандони илмӣ- педагогӣ, тайёр кардани мақолаҳои муштараки илмӣ дар доираи ҳамкории ҷонибҳо; ташкил ва гузарондани фестивалҳо, озмунҳо, шабҳои эҷодӣ, намоишҳо, консертҳои муштараки донишҷӯён, дастаҳои ҳунарии ҷонибҳо ва ғайраҳоро ба таври густурда ба роҳ монанд.
Синои АБӮАЛӢ