Сухани табрикии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ба ифтихори Рӯзи дониш

 

   Омӯзгорони арҷманд, шогирдони азиз!

 

   Шуморо ба муносибати Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва фаро расидани соли таҳсили 2020-2021 самимона табрик намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, сарбаландию сарфарозӣ ва дар кору таҳсилатон муваффақиятҳои беназир таманно менамоям. Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ анъанаи некест, ки омӯзгорону устодон ва шогирдони муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти мамлакатро ба сӯи дастоварду комёбиҳои нав раҳнамоиву дилгарм месозад.

   Соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста ва муҳимро касб менамояд. Президенти кишвар ба соҳаҳои илму маориф ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳанд ва онро кафили асосии баланд бардоштани рушди неруи инсонӣ медонанд.

   Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар фаъолияти худ барои дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаю фарҳангсолоронаи Пешвои миллат пайваста талош меварзанд. Натиҷаи ҳамин саъю талошҳост, ки сол ба сол сатҳу сифати таълим дар донишкада боло меравад, шароити иқтисодию иҷтимоии фаъолияти устодону кормандон беҳтар мешавад, таъминоти методию техникии раванди таҳсил мукаммалтар мегардад. Итминони комил дорем, ки ин дастовардҳо барои соҳиби малакаи муносиби касбӣ гаштани дастпарварони донишкада мусоидат менамоянд.

   Қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳимми давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори олимону омӯзгорон ба сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Сифати таҳсилот дар оянда низ ҳамчун масъалаи муҳимтарини соҳаи маориф боқӣ мемонад. Барои таъмин намудани сифати таълим то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва худи муассисаҳои таълимӣ корҳои зиёде амалӣ гардидаанд ва дар оянда низ амалӣ хоҳанд гашт.

   Хотирнишон месозем, ки ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмӯъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар ҷалб карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар рӯҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд. Равандҳои замони муосир аҳли маориф, аз ҷумла ҳайати профессорону устодони донишкадаи моро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ саҳми калидӣ дошта бошанд.

   Ҳайати омӯзгорону кормандони МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дастпарварони донишкада дар бозори меҳнат рақобатпазир бошанд. Соли равон донишкадаро 350 нафар (9 нафар бо дипломи аъло) хатм намуда, 575 нафар сазовори номи баланди донишҷӯ гардид.

   Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, 1 сентябри соли 2019, ба насли ояндасози кишвар муроҷиат намуда гуфта буданд: «Дар оғози соли нави таҳсил, яъне дар рӯзе, ки мо ба донишу маърифат ҳамчун калиди худогоҳиву бедорӣ ва ибтикору созандагӣ арҷ мегузорем, бори дигар таъкид менамоям, ки неруи ақлу хирад, донишу маърифат ва иродаву садоқат роҳи шуморо дар идома додани корномаи бузургони гузаштаи миллати тоҷик равшан хоҳад кард. Сабақҳои таърих ҳушдор медиҳанд, ки шумо дар назди давлат ва сарнавишти халқи тоҷик масъулияти бузург доред. Арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёдамон, аз худ намудани илму дониш, касбу ҳунар, навовариву ихтироъкорӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани давлату миллат вазифаи муқаддаси шумо — наслҳои замони истиқлолият мебошад».

   Барои ба ин ҳадаф расидан донишкада заминаҳои дилхоҳи фанноварию иқтидори бузурги зеҳниро дар ихтиёри донишҷӯён гузоштааст. Ҳоло дар донишкада 1 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 доктори илм, профессор, 29 номзади илм, 17 ҳунарманди халқӣ ва шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

   Бояд зикр намуд, ки айни замон дар донишкада 2 лоиҳаи бонки ҷаҳонӣ ва 4 лоиҳа — мавзӯи илмӣ бо дастгирӣ ва маблағгузории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд. Дар доираи лоиҳаи “Мукаммалнамоии низоми маълумот аз рӯи ихтисосҳои фарҳанг ва санъат дар асоси коркард ва амалинамоии барномаҳои таълимӣ ва мутобиқнамоии онҳо ба стандартҳои аврупоӣ” якчанд семинари омӯзишӣ оид ба таҳияи стандартҳои таълимӣ гузаронда шуда, ҳамзамон, бо экспертҳои миллӣ, бо мақсади таҳияи стандартҳо ва барномаҳои таълимӣ шартнома ба имзо расонда шуд. Дар доираи транши 2 — юми лоиҳа ба таъмири ҷории синфхонаи санъатшиносӣ, маркази захиравии “фарҳанг ва санъат”, чопхонаи донишкада шурӯъ карда шуд, ки ҳоло корҳо идома доранд. Ба мақсади таъмин намудани ин синфхонаҳо бо мебелу курсиҳо ва мизҳои таълимӣ дар ҳаҷми 103 ҳазору шашсаду ҳаштод сомонӣ таҳҷизот ворид карда шуд.

   Дар доираи лоиҳаи грантии “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи васоити ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ” дар ин давра семинарҳои омӯзишӣ ва конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор карда шуданд. Аз ҷумла, санаи 04. 04. 2020 семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Таҳия ва коркарди стандартҳои таълимии ихтисосҳои ВАОЭ дар заминаи стандартҳои Аврупоӣ” аз ҷониби тренери миллӣ Арабов Ф. ва бо иштироки экспертҳои миллӣ баргузор гардид. Дар ин замина бо экспертҳои миллие, ки тариқи озмун барои таҳияи стандарҳо ва барномаҳои таълимии ихтисосҳои ВАОЭ қабул гардида буданд, шартномаҳо ба имзо расонда шуданд. Дар асоси шартнома экспертҳои миллӣ нусхаи аввалияи стандартҳои таълимиро таҳия намуда, барои омӯзиш ва баррасӣ ба Шӯрои олимони донишкада пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, дар доираи тендери эълонгардида бо ғолибони тендер шартномаҳо ба имзо расиданд. Дар асоси санадҳои имзошуда студияи таълимӣ, лабораторияи таълимӣ ва синфхонаҳои махсуси таълимӣ, ки барои ихтисосҳои ВАОЭ пешбинӣ гардидаанд, аз таъмир бароварда шуда, бо мебел, курсӣ ва миз муҷаҳҳаз гардонда шуданд. Гузашта аз ин, аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (№ 3000/23-778, аз 30. 04. 2020) лоиҳаи донишкада таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами ташаккул ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ дар муҳити ҳаёти деҳоти Тоҷикистон (ҳолат ва дурнамо)” аз ҷониби Шӯрои Фонди Президентии тадқиқоти бунёдӣ қабул гардида, ҷиҳати маблағгузорӣ тавсия гардид.

   Ҳозирини муҳтарам!

   Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4 августи соли 2020, №1580 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид, ки ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт маҳсуб меёбад. Мувофиқи ин Фармон аз 1 сентябри соли 2020 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия зиёд карда мешавад.

   Бинобар ин, бояд ҳайати устодону кормандони донишкада барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи сифати таълим, баланд бардоштани малакаи касбии шогирдон аз пештара дида хубтару беҳтар кору фаъолият намоянд. Сохторҳои марбутаи донишкада фаъолияти мунтазами устодону кормандонро таҳти назорати доимӣ гирифта, саривақт андешидани тадбирҳоро (муҷозоти интизомӣ ва қатъи шартномаи тарафайн) нисбат ба онҳое, ки низоми дохилидоншкадавиро риоя намекунанд, мадди назар дошта бошанд.

   Ҳамзамон, дар соли нави таҳсил қисми таълим ва тарбияи донишкадаро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти бо васоити зарурии таълимӣ ва либоси ягона ба дарс ҳозир шудани донишҷӯён васеъ ба роҳ монанд. Хусусан, дар бахшҳои мусиқӣ бо худ доштани асбобҳои мусиқиро таъмин намоянд.

   Ҳозирини гиромӣ!

   Мо дар остонаи таҷлили бошукӯҳи ҷашни 29 — солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем ва онро бояд бо дастовардҳои таълимию эҷодӣ ва вусъати корҳои ободонӣ сазовор пешвоз гирем. Бо истифода аз фурсати муносиб аз шогирдони азиз хоҳиш менамоям, ки дар баробари талоши азхуд кардани донишу малакаи баланди касбӣ, инчунин, дар амалу фикрашон меҳру садоқат ба Ватани азизамон — Тоҷикистонро нишон диҳанд. Дар риояи талаботи қонунҳои миллӣ — «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ пешсафу ташаббускор бошанд, чунки қисми зиёди муқаррароти қонунҳои фавқуззикр ба зиндагии ҷавонон рабт доранд.

   Ҳамзамон, омӯзгорони мо бояд меъёрҳои арзёбии дониши шогирдонро  тавсеа бахшанд, барои омӯзонидани таърих, забон, адабиёт, фарҳангу санъати гузаштаву муосир, расму оин ва дигар арзишҳои миллӣ зиёдтар талош намоянд, ба донишҷӯён арзишҳои муқаддаси истиқлолият ва озодиро дуруст шарҳ диҳанд, моҳияти сулҳу суботро ҳамчун шарти асосии зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистони азиз таблиғ созанд, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ талош карда, дар раванди бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демокративу дунявӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.

   Устодони донишкада вазифадоранд, ки донишҷӯёнро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи саросарӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги халқи шарафманди тоҷик тарбия намоянд. Мо танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати саросарӣ метавонем дар таъмини минбаъдаи рушди соҳаҳои фарҳангу санъати ватани маҳбубамон саҳм гирем ва раванди таҳсили баландмазмуни тахассусиро, ки дар наздамон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд, татбиқ намоем.

   Бори дигар ҳамаи шумо — ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.