Китобдорӣ яке аз муҳимтарин соҳаҳои ташаккулдиҳанда, ҳифзу нигоҳдорандаи фарҳангу маърифат, илму дониш, такондиҳандаи рушди тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар даҳсолаи охир иттилоот, ки дар соҳаи мазкур мавқеи калидиро ишғол мекунад, аҳамияти махсус касб намуда, ҳамчун захираи стратегии ҷомеа арзёбӣ гардид. Аз ин рӯ, сифати захираҳои иттилоотӣ, ташкили истифодаи оқилонаи онҳо дар китобхонаҳо яке аз омилҳои асосии рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои олам, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ, ки муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ ва омӯзишӣ мебошанд, захираи васеи иттилооти ҳуҷҷатӣ ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва дастраси оммаи васеи мардум гардонида мешавад.
Баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба фаъолияти китобдорӣ беш аз пеш афзун гардид. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ низоми густурдаи китобхонаҳо: Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, китобхонаҳои низоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла китобхонаҳои пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, инчунин китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, муассисаву ташкилот ва китобхонаҳои хусусӣ фаъолият доранд. Тибқи омор, айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 71 китобхонаҳои марказӣ ва 1290 филиал китобхонаҳо бо фонди зиёда аз 16 млн, нусха китоб ва дигар маводи иттилоотӣ, қариб 4000 китобхонаи мактабӣ, 76 китобхонаи бачагона ва теъдоди зиёди китобхонаҳои шахсӣ ва иттифоқҳои касаба фаъолият доранд.
Соҳаи китобдорӣ вобаста ба таҳаввулоту талаботи замон, тағйироти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа пайваста мақсаду муҳтаво, мазмуну мундариҷаи фаъолияти хешро ба раванди пешрафти ҳаёти ҷомеа мутобиқ месозад. Китобхонашиносии ватанӣ ба сифати пойгоҳи асосии назариявии ин соҳа дар саргаҳи инъикоси падидаҳои тозаи иқтисоду фарҳанг ва иҷтимоиёти ҷомеа мавқеъ гирифта, дар баробари дарки набзи муосири ҳаёт дигаргуниҳои раванди соҳаҳоро ба таври дақиқ ва воқеъбинона таҷассум менамояд.
Падидаҳои ташаккулёбии сиёсати китобдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба назар мерасиданд. Дар ин самт нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҷаста аст. Дар радифи иқдомҳои наҷиб ба сӯи эҳёи фарҳанги китобдорию рушди китобхонаҳо мулоқотҳои таърихии Президенти Тоҷикистонро бо аҳли зиё метавон ба сифати Консепсия ва Барномаи рушди стратегии соҳаи китобдорӣ арзёбӣ намуд.
Дар яке аз мулоқотҳои муфид роҳбари давлати тоҷикон фарҳангро ҳастии миллат арзёбӣ намуда, дар ҳамин радиф қайд намуд, ки «дар оғози асри ХХI илму фарҳанг дар пешрафти ҷомеа ва қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни инсоният моҳияти аввалиндараҷа пайдо мекунад, рақобати илмию кашфиётҳои техникии байни давлатҳо авҷ мегирад, дастовардҳои тафаккури ақлонӣ ва нерӯи илмию фарҳангӣ моҳияти нави сиёсӣ касб карда, ба яке аз омилҳои асосии ҳифзи истиқлолияти сиёсиву иқтисодии ҳар давлату миллат табдил меёбад» ва афзуд, ки «фаромӯш набояд кард, ки китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон аст».
Дар ин росто муҳимтарин пайомадҳои истиқлолияти миллӣ дар соҳаи китобдорӣ қабули «Консепсияи маданияти Тоҷикистон» (13.03.1992), «Консепсияи Китобхонаи миллии Тоҷикистон» (1992, Р.Шарофзода), пайдоиши консепсияҳои алтернативӣ (С.Сулаймонӣ), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр» (27.12.1993), «Дар бораи фарҳанг» (13.12.1997), «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» (13.11.1998), «Дар бораи иттилоот» (10.05.2002), «Дар бораи ҳифзи иттилоот» (2.12.2002), «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (1.08.2003), қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи беҳтар намудани вазъи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ» (14.08.2003, №361), «Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (30.12.2005), қабули 5 барномаи давлатии рушди соҳаи китобдорӣ – «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», «Барномаи рушди Китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027», эълон гардидани «Рӯзи китоб» (2007), бунёди бинои наву мӯҳташами Китобхонаи миллӣ (2012), қомат афрохтани шумораи зиёди бинои нави китобхонаҳо дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ, ташкили ассотсиатсияҳои касбии китобдорон, чопи рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавӣ – «Китобдор», «Роҳнамои дониш», «Хирад», «Дунёи китоб» аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷомеаи китобдории тоҷик бо шарофтаи фазои созгори замони истиқлол соҳиби имкониятҳои васеъ барои ибрози андеша ва эҷодиёти илмӣ гардид.
Махсусан, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» дар соли 2003 барои фаъолияти густурдаи китобдорӣ дар мамлакат заминаҳои воқеан мусоиди хуқуқӣ фароҳам овард. Қонуни мазкур асоси ҳуқуқии созмондиҳӣ, ҳифз ва рушди фаъолияти китобдориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, татбиқи амалии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоот, истифодаи китобхонаҳо, дастрасии озодонаро ба комёбиҳои илмию фарҳангии ҷаҳонию миллӣ танзим менамояд.
Вобаста ба ин, ҷиҳати фароҳами овардани шароити мусоид, яъне татбиқи амалии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоот, истифодаи захираи китобхонаҳо, дастрасии озодонаро ба комёбиҳои илмию фарҳангии ҷаҳонию миллӣ тибқи нақша чорабиниҳои барномаҳои давлатии соҳаи китобдорӣ беш аз 50%-и китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳо аз таъмир бароварда шуда, онҳо бо рафҳои китобмонӣ, мебелҳо, мизу курсиҳо таъмин карда шуданд. Бо шарофати қабули ин барномаҳо тавассути «Корвони китоб» китобхонаҳои ҷумҳурӣ ҳамасола бо адабиёти тозанашри ватанӣ таъмин карда мешаванд. Масалан, «танҳо тӯли солҳои 2007-2012 фонди китобхонаҳои мамлакат бо 1220 номгӯи китобҳо ва дигар маводи иттилоотии тозанашр бо теъдоди 196865 нусха мукаммал гардидиданд. Бо назардошти воридшавии адабиёти тозанашр ба фонди китобхонаҳо, теъдоди хонандагон тадриҷан афзуд ва ин тамоил тадриҷан идома дорад. Бо шарофати оғози марҳилаи аввали компютеркунонии китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ (солҳои 2011-2012) имконоти пайвастани онҳо ба шабакаи глобалии Интернет фароҳам омад».
Дар ин давраи барои миллати тоҷик бағоят муҳими таърихӣ таваҷҷуҳи олимону мутахассисон ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ нисбат ба омӯзиши суннатҳои китобдории миллӣ, ҷойгоҳи тамаддуни китоби тоҷикон дар фарҳанги умумибашарӣ, дастоварду мушкилоти китобхонаҳо, роҳҳои тарбияи мутахассисони ояндаи соҳа, масъалаҳои марбут ба густариши равобити гуногунпаҳлӯи китобдорӣ-иттилоотӣ бо мамолики хориҷӣ, ҷоринамоии техника ва технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ бештар гардид.
Ба самтҳои гуногуни мавзуи «Фаъолияти китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асару мақолаҳои олимону мутахассисони тоҷик Р. Шарофзода, А. Ҳ. Раҳимов, З. Шевченко, Л.Г. Козырева, С.Н. Ғоибназаров, И.А. Ҷӯраев, С. Сулаймонӣ, Ҷ. Шерматов, С. Шосаидзода, Б. Сайфуллозода, Ш. Комилзода, Қ. Абдураҳимзода, Қ. Ғуломзода, Г. Маҳмудов,. Ҷ. Раҷабов, Ҷ. Валиев, Н. Раҷабова ва дигарон бахшида шудаанд. Муаллифони номбурда дар асарҳои илмиву методии хеш самту ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти китобдории даврони истиқлолиятро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Яке аз натиҷаҳои чашмрас дар таҳқиқу баррасии мавзуи мазкур ин оғози силсиламаҷмӯаи илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон» ба шумор меравад, ки айни замон 9 шумораи он аз чоп баромада, шумораи 10-уми он ба чоп омода карда шудааст. Дар маҷмуъ, шумораи хеле зиёди мақолаҳои муҳаққиқони тоҷик ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти китобдории даврони истиқлол, аз ҷумла масъалаи тарбияи кадрҳои китобдорӣ, ташаккули фарҳанги китобдорӣ ва иттилоотӣ, зарурати ҷоринамоии технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳои гуногун, шаклу услубҳои хизматрасонӣ ба истифодабарандагони китобхонаҳо, ҷанбаҳои қонунгузори ва сиёсати китобдорӣ, нақши олимону мутахассисон дар рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ ва ғайра бахшида шудаанд. Инчунин аз ҳисоби маблағҳои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 – 2015» 25-номгӯи мавод аз ҷониби олимону мутахассисони Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот чоп гардиданд. Дар ин радиф асару мақолаҳои Сафар Сулаймонӣ, Б. Сайфуллозода, С. Шосаидзода, Ш. Комилзода, Қ. Абдураҳимзода, Қ. Ғуломзода–ро метавон номбар намуд, ки ба фаъолияти китобдорӣ ва сиёсати китобдорӣ дар даврони истиқлолият бахшида шуда, хусусияти ҷамъбастӣ доранд.
Илова бар ин, теъдоди таҳия ва чопи асару мақолаҳо оид ба соҳаи мазкур, аз ҷумла маводи таълимӣ-методӣ ба забони давлатӣ афзуда, сифати онҳо беҳтар гардид.
Яке аз ҷанбаҳои меҳварӣ дар робита бо тарбияи кадрҳои китобдорӣ — ин бо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ таъмин будани фанҳои умумикасбӣ ва тахассусӣ аст. Бо саъю талоши ҳайати профессорону омӯзгорони факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» чандин монографияҳо, маҷмӯаҳои илмӣ, нашрияҳо, мақолаҳо ва якчанд китобҳои дарсӣ: «Китобхонашиносии умумӣ» (Душанбе, 1998, 2012), «Таърихи китобдории кишварҳои кишварҳои хориҷӣ» (Душанбе, 1997, 2013), «Маҷмӯаи китобхона» (Душанбе, 1997), «Библиографияи адабии тоҷик» (Душанбе, 1988), «Таърихи номаҳои Аҷам» (Душанбе, 1997, 2010), «Аз таърихи китобдории тоҷик» (Душанбе, 1988), «Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо» (Душанбе, 2012), «Библиографияи адабиёт барои кӯдакон ва наврасон» (Душанбе, 2011), «Самтҳои асосии маълумоти китобдорӣ дар Тоҷикистон» (Душанбе, 2013), «Библиографияи кишоварзии тоҷик» (Душанбе, 2011), «Таърихи библиографияи кишоварзӣ» (Душанбе, 2011), «Луғати русӣ- тоҷикии китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ» (Душанбе, 2012), «Менеҷмент ва маркетинги китобдорӣ» (Душанбе, 2007), «Менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ва иттилоърасонӣ» (Душанбе, 2008), «Услубҳои китобдорӣ ва иттилоотии тарғиби китоб» (Душанбе, 2008), «Ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба фаъолияти китобдорӣ» (Душанбе, 2008), «Библиографишиносии умумӣ» (Душанбе, 2019), «Фаъолияти китобдорӣ дар даврони ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ» (Душанбе, 2012), дастурҳои таълимии «Махзани маърифат» (Душанбе, 2014), «Услуби тасвири библиографии аснод тибқи стандарти 7.1-2003» (Душанбе, 2012), «Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо» (Душанбе, 2018), “Фаъолияти инноватсионӣ – методии китобхона” (Душанбе, 2021) ва «Инноватикаи китобдорӣ» (Душанбе, 2019) ва ғайра чоп гардиданд, ки барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати таълими китобдорон нақши муҳим мебозанд.
Аз ҷониби олимону мутахассисони соҳа чандин семинару конфронсҳои байналмилалӣ, фестивалҳо ва мизҳои мудаввар таҳти унвонҳои «Китоб ва эҳёи тамаддуни Шарқ: дирӯз ва имрӯз», «Фаъолияти китобдорӣ дар асри ХХ1: муҳтаво, созмондиҳӣ ва рақамигардонӣ», «Таъмини китобхонаҳои Тоҷикистон бо мутахассисони касбӣ: вазъият ва дурнамо», «Низоми такмили ихтисос ва омодасозии китобдорон дар ҷумҳурӣ: вазъият ва дурнамо», «Анҷумани китобдорон», «Бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси китобдорон дар ҷумҳурӣ: вазъ ва дурнамои рушд», «Дастовардҳои соҳаи китобдорӣ дар 30-соли даврони Истиқлолияти давлатӣ», «Нақши китобдоронӣ ҷавон дар рушди китобхонаҳои ҷумҳурӣ: дастовард ва дурнамо», «Нақши китоб дар густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ», «Масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ дар шароити соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва амсоли инҳо ташкил ва гузаронида шуданд.
Зикри ҳамин нуқта басо муҳим аст, ки таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба китобу китобдорӣ, ки аз сиёсати мароифпарварона ва фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, омили асосии рушди фаъолияти китобдорӣ гардида, китобхонашиносӣ ва библиографишиносии ватанӣ ҳамчун соҳаҳои мустақили дониш ташаккул ёфта, дар байни афкори китобдории ҷаҳон мақом ва мавқеи устувор пайдо намуданд.
Маркази асосии тарбияи китобдорони соҳибмаълумот факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ба ҳисоб меравад. Айни замон дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ (ғоибона)-и факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ зиёда аз 476 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Имрӯз тайёр намудани мутахассисон аз рӯи чаҳор ихтисос «Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ», «Бойгонишиносӣ», «Бойгонии аудиовизуалӣ» ва «Кори ноширӣ», ба роҳ монда шуда,
таълим дар лабораторияҳои махсуси дорои техникаи замонавии компютерӣ ва дигар таҷҳизоти ҳозиразамон гузаронида мешаванд.
Ба ҳолати 1 майи соли 2023 факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносиро 3123 нафар хатм карда, дар китобхонаҳои гуногуни кишвар, дигар ниҳодҳои давлатӣ ва иддае берун аз марзи Тоҷикистон фаъолият доранд.
Густариши ҳамкориҳои байналмиллалӣ бо марказҳои бузурги китобдории кишварҳои гуногуни олам яке аз самтҳои муҳими фаъолияти факултет ба шумор меравад. Дар доираи чунин ҳамкориҳо ҳайати профессорону омӯзгорони факултет курсҳои кӯтоҳмуддати китобдориро дар ИМА, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ИДМ хатм намуда, соҳиби диплом гардиданд. Факултет бо муассисаҳои олии таълимии донишгоҳҳои Россия, Беларус, Узбекистон, Қазоқистон ва ғайра равобити мустаҳками илмӣ ва эҷодӣ дорад.
Дар асоси накшаҳои таълим факултет муҳаққиқони ҷавонро дар риштаи магистратура, доктор (PhD), ва аспирант омода месозад. Муҳаққиқони ҷавон таҳти роҳбарии ҳайати профессорону омӯзгорони факултет ба таҳқиқи самтҳои соҳаи китобдорӣ машғуланд. Соли 2017 бори аввал 4 нафар дастпарварони факултет шуъбаи магистратураро хатм намуда, айни замон ба навиштани рисолаҳои илмӣ машғуланд. Дар факултет 9 нафар дар зинаи магистратура ва 6 нафар дар зинаи доктор (PhD) аз рӯи ихтисос ва 4 нафар аспирантон таҳсил карда истодаанд. Ду нафари онҳо рисолаҳояшонро ба итмом расонида, дар арафаи ҳимоя қарор доранд.
Инак, тайи чор сол аст, ки бо ибтикор ва таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ташкил ва баргузор мешавад, ки ҳадафи ниҳоии он гиромидошт ва арҷгузорӣ ба китоб аст. Озмуни мазкур ҷанбаи умумимиллӣ дошта, дар он новобаста аз касбу ҳунар, сатҳи дониш тамоми аҳолии кишвар ширкат варзида метавонанд. Мояи ифтихор аст, ки донишҷӯён, магистрантон, докторантон (PhD), аспирантон ва омӯзгорони факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» низ дар номинатсияҳои гуногуни озмун ширкат варзида, ғолибият насибашон гардид.
Дар баробари дастовардҳои назаррас дар соҳаи китобдорӣ имрӯз зарурати ҳалли вазифаҳои азими ҷомеаи тозаистиқлоли Тоҷикистон моро водор месозад, ки масъалаҳои зеринро аз мадди назар дур нагузорем:
- қабл аз ҳама, дар шароити тараққиёти рӯзафзуни технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ қисми зиёди китобхонаҳои мамлакат ба мутахассисони касбӣ эҳтиёҷ доранд. Барои таъмини китобхонаҳо бо кадрҳо зарурати тағйири нақшаи қабули донишҷуён ва мундариҷаи таҳсилоти тахассусӣ, ки бештар ба ҳалли вазоифи мушахасси китобхонаҳо иртибот доранд, ба миён омадааст. Ин ҳолат водор месозад, ки бо дарназардошти эҳтиёҷоти китобхонаҳои мамлакат дар факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» теъдоди қабули донишҷӯён зиёд карда шавад. Пешниҳод карда мешавад, ки теъдоди қабули донишҷуён ба шуъбаи рӯзона 100 нафар, аз ҷумла 50 нафар барои китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ, мактабӣ ва бачагона ва 50 нафар барои китобхонаҳои илмӣ ва соҳавӣ расонида шавад;
- дуюм, мутамарказгардонии неруҳои илмию педагогии соҳаи китобдорӣ барои тарбияи китобдорон, даст кашидан аз тайёркунии кадрҳои китобдорӣ дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус, ки дорои чунин неру нестанд;
- сеюм, дар заминаи шартномаҳои дуҷонибаи фарҳангӣ ба кишварҳои мутараққӣ фиристонидани довталабоне, ки ба касбӣ китобдорӣ майл доранд, инчунин омодасозии мутахассисони соҳа дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура;
- чорум, бо назардошти тахассусҳои зарурӣ таҷдиди назар намудани нақшаҳои таълимии мавҷуда ва таҳияи нақшаҳои нави мутобиқ ба талаботи нави бозори меҳнат дар соҳаи китобдорӣ;
- панҷум, комилан тағйир додани низоми мавҷудаи такмили ихтисос ва бозомӯзии китобдорон дар ҷумҳурӣ;
- шашум, омӯзиш ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами китобдории кишварҳои мутараққӣ ва татбиқи инноватсияҳои китобдорӣ дар фаъолияти китобхонаҳои кишвар;
- ҳафтум, дар пойтахт ва маркази вилоятҳо барои китобдорони китобхонаҳои давлатию-оммавӣ ташкил намудани семинар — тренингҳои минтақавӣ оид ба масъалаҳои рӯзмарраи китобдорӣ-иттилоотӣ;
- ҳаштум, ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои самарабахши ташаккули салоҳияти инноватсионии китобдорон ва бартараф сохтани монеаҳо дар самти фаъолияти инноватсионӣ китобхонаҳо.
- нуҳум, агар тамоми ин тадбирҳо дар доираи консепсияи мушаххас ё барномаи давлатии рушди соҳа ба инобат гирифта шаванд, он гоҳ сатҳи самаранокии онҳо боз ҳам баланд гардида, барои баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонии китобдорӣ-иттилоотӣ ба шаҳрвандони кишвар, ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва мавқеи устувор пайдо кардани китобхонаҳои мамлакат дар бозори иттилоотии муосир мусоидат хоҳанд кард.
Шосаидзода САФАР, Зафари ШАРИФ
омӯзгорони факултети китобдорӣ ва
иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»