Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турснузода» дар асоси нақша чорабиниҳои факултаи санъати театрӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50-солагии таъсисёбии донишкада, 15 сентябри соли равон, маҳфили гиромидошти актёр, режиссёр, оҳангсоз, шоир, омӯзгор Мақсудшо Иматшоев баргузор гардид.
Тибқи нақша барнома аз ду қисм иборат буд. Дар ибтидо конфронси илмӣ-эҷодӣ дар мавзӯи «Нақши устод Мақсудшо Иматшоев дар рушди санъати кино, театр ва телевизион» баргузор гардид. Баъдан дар толори Театри таълимии донишкада бахшида ба 67-умин солгарди Мақсудшо Иматшоев бо иштироки меҳмонон ва устодону донишҷӯёни донишкада маҳфили ёдбуд доир гашт.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ перомуни фаъолияти эҷодии Мақсудшо Иматшоев ибрози назар намуда, иброз дошт, ки санъат, воқеан, дарёи беканорест, ки дар шӯру туғёнаш дурдонаҳо ва марворидҳое кашф мегарданд, ки баъди гузштани солҳову асрҳо ҳунармандро ҷилобахши саҳ гардонида, дар дилу хотираҳои мухлисон мондагор мегардонад. Агар имрӯз аз истеъдоди шахсиятҳое ёдрас мешавему дар бораи ҳунару истеъдодашон ҳарф мезанем, бесабаб нест, зеро онҳо бо ҳунари волои худ дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтаанд.
Мақсудшо аз хурдӣ мехост дар ҷодаи пурпечутоби эҷод худро бисанҷад, рӯи саҳна ҷавлон бизанад. Ҳамин буд, ки соли 1967 дар филми бадеии «Хокистари сӯзон» ҳунарнамоӣ кард. Ӯ соли 1970 ба Донишкадаи умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскав дохил шуд. Ба ӯ Сергей Фёдорович Бондарчук — симои нотакрори кинои ҷаҳонӣ нозукиҳои пешаи интихобнамудаашро ёд дод.
Соли 1975 Мақсудшоро чун ҳунарманди боистеъдод барои нақшофарӣ ба филми «Шаҳрвандон» даъват намуданд. Ӯ аз аввалин ҷавонони таҳсилгирифтаи тоҷик дар Маскав буд, ки дар филмҳои берун аз кишвар маҳорати хешро нишон дод.
Мақсудшо бо истеъдоди фавқулодааш нақшҳои барҷаста меофарид. Дар филми коргардон Анвар Тӯраев «Ҷаҳиш», ки соли 1981 рӯи экран омада буд, Мақсудшо ҳамчун мутриб ва овозхон барои ҳамагон муаррифӣ шуд. Ӯ ҳамчун хунёгари нотакрор суруду оҳанг меофариду суруд мехонд. Аз ҷумла, ӯ дар филмҳои зиёди ватаниву хориҷӣ, ба мисли «Хокистари сӯзон», «Шаҳрвандон», «Ҷавонии субҳи аввал», «Нисо», «Ҷумъаи ҳафтум», «Ҷаҳиш», «Ҷанг дар чорраҳа», «Роҳҳои оташин», «Кабқон барои шағол», «Қатори иловагӣ ба роҳи дуюм», «Дарвеши ланг», «Манзараи зеботарини биёбон», «Дев ва ё каси дигар» ва амсоли инҳо бо маҳорати баланди касбӣ нақш офаридааст.
Мақсудшо Иматшоев ҳамчун коргардони телевизион сабки худро дар банду басти ансамбли номдори рақсии «Зебо» гузоштааст. Ӯ тавонист ба ҳайси актёр, омӯзгор, сароянда, коргардон, оҳангсоз дар гирдоби пуртуғёни ҳунар муътабар гашта, комёб гардад.
Зиндагии устод бо кӯлвори пурэҷод дар хирмани ёдҳо монд. Ҳар лаҳзаи зиндагиаш моломоли сузӯ фироқ буд. Барои ӯ ҳарфҳои нек мегуфтанду ёд менамуданд:
Ба дунё омадан, рафтан ҳунар нест,
Агар аз боғи умри кас самар нест.
Мақсудшо аз байни дӯстон, ёрон, шогирдон, ҳамкасбон, ихлосмандонаш рафт, вале нақшҳо, сабтҳо, ҳунарнамоии устод, образҳои офаридаи ӯ дар синамо абадӣ монд. Ҳарчанд риштаи умри устоди зиндаёд канда шуда бошад ҳам, то имрӯз ёду хотироти ӯ бо мост. Ёдаш ба хайр бод!
Зи оҳи сарди мо дилҳо бисӯзад,
Чу он гулҳо, ки аз сармо бисӯзад.
Ба ҷуз парвона дилсӯзе надорем,
Ки шамъе бар мазори мо бисӯзад.
Маҳфили устод бо пролог таҳти унвони «Устод», ки аз ҷониби донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси режиссураи намоишҳои театронидашуда ва идҳо омода гашта буд, оғоз ёфта, сипас аз рӯи барнома бо суханронии ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ идома ёфт. Дар маҳфили гиромидошт филми кӯтоҳмуддата, ки эҷодиёти устод Мақсудшо Иматшоевро дарбар мегирифт, намоиш дода шуд.
Дар идомаи барнома барои иштирокдорони маҳфили гиромидошти устод яке аз дӯстдорони санъати Мақсудшо Иматшоев санъаткор Нобовар Чиноров якҷо бо гурӯҳи «Шамс» хотири ҳозиринро бо навову сурудҳои ҷаззоб болида гардонд.
Дилшод УМАРОВ,
муовини декани
факултаи санъати
театрӣ