26 апрели соли 2018, таҳти №4/ 1 Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хулосаи шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ — гуманитарӣ ва қарори Раёсати КОА, дар бораи таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ дар назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фармоиш содир намуд. Дар ин росто, мутобиқи банди 12 Низомномаи Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва банди 17 «Низомномаи намунавӣ оид ба Шӯрои дисертатсионӣ» дар назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D090600 — Фаъолияти фарҳангӣ — фароғатӣ, 6D091000 — Китобдорӣ ва 6D020400 — Фарҳангшиносӣ таъсис дода шуд.
Рамзи шӯрои диссертатсионӣ 6D. КОА — 043 ва муҳлати фаъолияти он ду сол муқаррар гардидааст.
Мутобиқи банди 163 боби 10 «Низомномаи намунавӣ оид ба Шӯрои дисертатсионӣ» қабули диссертатсияҳо оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи ихтисосҳои 22.00.04 — Сохтори иҷтимоӣ, ниҳодҳо ва равандҳои иҷтимоӣ, 05.25.03 — Китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, китобшиносӣ, 24.00.01 — Назария ва таърихи фарҳанг барои баррасӣ ва ҳимоя иҷозат дода мешавад.
Ҳоло, ба шарофати таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ имкон пайдо шуд, ки дар баробари кадрҳои илмӣ — педагогии риштаҳои фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, инчунин, пажӯҳишгарони кишварҳои хориҷӣ дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намоянд.