Бахшида ба пешрафти илму фарҳанги халқи куҳанбуднёди тоҷик ва саҳмгузории фарзандони баруманди он, аз ҷумла академик Бобоҷон Ғафуров коргардонҳои МД “Телевизиони Тоҷикистон” бо устодони муаррих-бойгонишиносони кафедраи бойгонишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ оид ба китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров масоҳибаҳо анҷом дода истодаанд.
Масалан, 21-уми октябри соли 2022 дар кафедраи бойгонишносӣ коргардони МД “Телевизиони Тоҷикистон” бо устодони кафедра, аз ҷумла мудири кафедраи бойгонишносӣ, номзади илмҳои таърих, дотсент Мамадазимова М. ва омӯзгори кафедра Раҷабов Абдукарим мусоҳиба анҷом дод.
Мудири кафедраи бойгонишиносӣ М. Мамадазимова зимни суҳбат оид ба арзиши илмии асари бузурги устод Бобоҷон Ғафуров андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки «Тоҷикон» — асари бунёдиест, ки бузургии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Ба таъкиди мавсуф, дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи шоҳасари Бобоҷон Ғафуров ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеа, бахусус ҷавонони кишвар ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард. Муаллиф дар китоби “Тоҷикон” на танҳо оид ба тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросон, балки минтақаҳои тоҷикнишин ва тоҷикони Чин низ маълумоти нодир гирд овардааст.
Устоди кафедра Раҷабов Абдукарим, ки худ дар самти таърихӣ корҳои илм-таҳқиқотӣ бурда истодааст, қайд намуд, ки китоби «Тоҷикон» воқеан, шиносномаи миллат буда, аҳамияти баланди таърихӣ дорад ва аз ҷиҳати таърихнигорӣ баҳои баландро соҳиб гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки устод Бобоҷон Ғафуров дар китоби худ “Тоҷикон” истифодаи зиёда аз ду ҳазор сарчашмаи арзишманди таърихӣ, ки кори саҳл набуд, ба қалам додааст. Аз ҷумла, зиёда аз 300 сарчашмаи таърихии хориҷиро самаранок истифода кардааст, ки оид ба таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик маълумоти арзишманд пешкаш менамояд. Яъне, устод бо фароҳам овардани маълумотҳои муфассалу арзишманд оид ба миллати тоҷик на танҳо дар бораи миллати тоҷик, балки дар бораи аксар миллатҳои аз ҷиҳати таъриху фарҳанг ба ҳам алоқаманд маълумоти пурқимат фароҳам овардааст. Маҳз дар ин бора аксар олимону муҳаққиқони хориҷӣ иқтибос оварда, мегӯянд, ки устод Бобоҷон Ғафуров дар бораи омӯзиши халқи тоҷик бисёр маълумотҳои муфассалу арзишманд додаанд ва мо ҳангоми зарурати ягон масъала дар бораи на танҳо халқи тоҷик, балки аксар халқҳои Осиёи Марказӣ, зарурат пеш ояд, бевосита ба китоби устод рӯй меоранд ва ҳатто аз истифодаи он қаноатманд низ мегарданд.
Нарзиой ХОЛИБОЕВА, муаллими калони кафедраи
бойгонишиносӣ