Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому ташаббусҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати  ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди муассиса ва кӯчаву роҳравҳои пиёдагарди ҳамшафати он шанбегии дастаҷаъмона баргузор гардид.      Дар шанбегӣ роҳбарияти донишкада, ҳайати профессорону устодон ва кормандон фаъолона ширкат варзида, бо хотири таъмини бехатарии шаҳрвандон ва донишҷӯён роҳравҳои пиёдагарди шафати муассиса, роҳравҳои дохилӣ ва саҳни онро аз барфу ях тоза намуданд.

  Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ба масъулин супориш дод, ки тоза кардани роҳҳо, саҳни муассиса ва пошидани маводи зиддилағзишро мунтазам то гузаштани сардиҳо ба роҳ монда, бехатарии ҳаракатро барои устодону кормандон ва донишҷӯён таъмин намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки чунин шанбегиҳои дастаҷамъона бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи роҳбарияти донишкада мунтазам роҳандозӣ  мешаванд. Ин иқдоми наҷиб дар оянда низ дар радифи дигар иқдомҳои ободкоронаи роҳбарияти донишкада идома ёфта, баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди кору фаъолият барои кормандон ва ободу зебо нигоҳ доштани ин боргоҳи фарҳангу ҳунар мусоидат хоҳанд кард.

Синои АБУАЛӢ,

Дилшод УМАРОВ