27.09.2023 Семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои муҳими рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар кафедраи технологияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сайёҳии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” баргузор гардид, ки дар он декани факултаи фарҳангшиносӣ Саидов Қ., мудири кафедра н.и.п., и.в. дотсент Раҳмонов А., ҳайати омӯзгорони кафедраи мазкур ва донишҷӯёни ихтисоси сайёҳат ва меҳмондорӣ иштирок варзиданд. Декани факултаи фарҳангшиносӣ Саидов Қ. суханронӣ намуда, кори семинарро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас мудири кафедра Абдусаттор Раҳмонов баромад намуда, ба устодону донишҷӯён дар кори семинар муваффақият таманно намуд. Ҳамчунин, мудири кафедра оид ба моҳият ва баргузории семинари илмӣ — назариявӣ дар кафедра, нақши он дар дар рушди соҳаи сайёҳӣ ибрози назар намуд.
Дар семинар ҳайати устодон дар мавзуъҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ маърӯзаҳои илмӣ карданд. Аз ҷумла, мудири кафедра, н.и.п., и.в. дотсент Абдусаттор Раҳмонов дар мавзуи “Вазъ ва дурнамои омодасозии мутахассиони соҳаи сайёҳии фарҳангӣ”, н.и.п., профессор Турсунова Муборак дар мавзуи “Тамоюли рушди соҳаи сайёҳӣ дар шароити маҳал”, н.и.п., дотсент Ашуралиев Муродалӣ дар мавзуи “Масоили муҳими рушди соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ” ва муаллими кафедра Одинаев Қосимҷон дар мавзуи “Омилҳои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи имрӯза ва дурнамои рушди он” гузоришҳои ҷолиби илмӣ намуданд.
Семинар бо пешниҳоди саволҳо ва ҷавобҳои мушаххаси илмӣ ба анҷом расид. Иштирокчиён доир ба рафти семинар изҳори қаноатманди намуда, пешниҳод карданд, ки дар оянда низ чунин чорабиниҳои илмӣ бо ҷалби ҳар чӣ бештар баргузор карда шаванд.
Дар қисми амалии семинар оиди хизматрасонӣ дар тарабхона донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси сайёҳат ва меҳмондорӣ доир ба тарзи оро додани дастархони мизи тарабхона бо асбобу лавозимоти зарурӣ донишу ҳунари худро нишон доданд.
Омӯзкори кафедра
Одинаев Қосимҷон