Имрӯз  дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  бо ибтикори кафедраи сарояндагӣ (халқӣ)  семинари илмӣ-эҷодӣ бо унвони “Рушд ва эҳёи мусиқии суннатии тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ” бо ширкати устодону донишҷӯёни кафедра баргузор гардид. Нахуст намояндаи бахши илм ва рушди инноватсионӣ, котиби Шӯрои олимони донишкада Сино Қудратов суханронӣ намуда, ба кори семинар ҳусни оғоз бахшид. Сипас гардонандаи кори семинар, мудири кафедраи сарояндагӣ (халқӣ)  Хурсандмурод Зарипов перомуни барномаи семинар маълумоти мухтасар дода, доир ба мавзӯъҳои ироашаванда фикру мулоҳизаҳояшро иброз намуд.  Зикр гардид, ки мавзўи матраҳшаванда яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб рафта, ба пажӯҳиши амиқ ва таҳлили ҳаматарафа ниёз дорад.

Семинар аз бахши илмӣ ва бахши фарҳангӣ иборат буда, бо мақсади рӯшан намудани паҳлуҳо ва марҳилаҳои  рушди мусиқии суннатии тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ баргузор гардид.  Дар бахши илмӣ аз тарафи устодони кафедра номзади илмҳои таърих, иҷрокунандаи вазифаи дотсент Ҳаётой Муминова дар мавзуи “Мавқеи мактаби ҳунарии устод-шогирд дар рушди санъати сарояндагии халқӣ”, иҷрокунандаи вазифаи дотсент Дона Баҳромов дар мавзуи “Таърих ва омилҳои пайдоиши жанри Фалак”, омӯзгори калон Ҳаким Ёрмадов дар мавзуи “эҳёи анъанаҳо ва сурудҳои халқии ҷашнҳои миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ” ва омӯзгори калон Фирӯз Собиро дар мавзуи “ Нақши фанни мусиқӣ ва суруд дар ташаккули ҷаҳони маънавии насли наврас” маърӯзаҳои омоданамудаашонро ироа намуда,  оид ба масъалаҳои меҳварие, ки дар кори семинар ба баҳс кашида мешаванд, маълумот доданд.

Дар бахши фарҳангӣ донишҷӯён бо сурудани сурудҳо аз навъҳои гуногуни мусиқии суннатӣ ҳунарнамоӣ карда, сатҳи азхудкунӣ, истеъдод ва малаки худро муаррифӣ намуданд.

 

 

Дар ҷамбасти кори семинар намояндаи бахши илм ва рушди инноватсионӣ, котиби Шӯрои олимони донишкада Сино Қудратов фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо раванди рушд ва эҳёи мусиқии суннатии тоҷик васеъ ба роҳ монда шудаааст. Вобаста ба ин, мо бояд бо шукргузорӣ аз ин сиёсат пайваста дар пайи пажӯҳиши илмии ин падидаҳои фарҳангӣ бошем. Паҳлуҳои норавшан ва аҳаммияти навъҳои гуногуни мусиқии суннатиро аз қабили “Шашмақом” ва “Фалак” омӯзем, арзишҳои онҳоро ба мардум, хусусан, ба донишҷӯён ҳамчун мероси фарҳанги миллиамон ва омили худогоҳиву худшиносии наслҳо таблиғ намоем. Бахусус, дар шароити ҷаҳони бесуботу ноороми муосир ва равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки ба фарҳангу маънавиёти мо низ таъсири манфӣ расонида метавонад, омӯзиши таърихи мусиқиҳои суннатӣ ва анъанаҳои миллӣ зарур буда, истифодаи онҳо ба хотири ҳифзи фарҳанг, санъат, ҳувияти миллӣ ва манфиатҳои давлату миллат бисёр муҳим мебошад

                                                                                                                                                                            Дар охир декани факултаи санъати мусиқии мардумӣ Сафар Гулназаров ба иштирокдорони семинар барои иштирокашон арзи сипос намуда, таъкид кард, ки баргузор намудани чунин семинарҳо аз манфиат холӣ набуда, дар оянда низ бояд чунин иқдомҳои наҷиб ба роҳ монда шаванд.

 

Кароматулло Юсупов