Бахшида ба ҳафтаи илм дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Конференсия илмӣ-ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои илмии олимаҳои тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки бонувони дорои дараҷаи унвонҳои илмӣ номзадҳои илм, докторонҳои илм, профессорон баргузор гардид.
Роҳбарии кори Конференсияро Зафаршоҳ Иброҳимзода муовини аввали директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ӯҳда доштанд.
Конференсияро директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон А. Ибодуллозода ҳусни ифтитоҳ бахшида иштирокчиёнро бо ҳафтаи илм табрик намуданд.
Дар қисми пленарии Конференсия Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Ҷ. Қурбонзода, узви Кумита оид ба илм, маориф фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Шарофзода баромад карданд.
Сипас навбат ба намояндгон – бонувони донишгоҳ ва донишкадаҳои дар пойтахт фаъолиятдошта дода шуд. Ҳама бо маърузаҳои пурмуҳтаво оид ба фаъолияти бонувони муассисаҳояшон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар баромад карданд.
Дар Конференсияи имруза аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бонувони собиқадор н.и.фалсафа, профессори фахрии донишкада Г.Нуъмонова, н.и.филология, профессор Г.Умарова, номзади илмҳои таърих, дотсент М.Мамадазимова ва олимаи ҷавон н.и.филологӣ, дотсент М.Назарова иштирок намуданд.
Дар конференсия мудири кафедраи бойгонишиносӣ номзади илмҳои таърих, дотсент М.Мамадазимова оид ба саҳми олимаҳои донишкада ва фаъолияти донишкада дар рушди илму фарҳанг дар даврони истиқлолияти давлатӣ маъруза карданд.
Мавсуф қайд карданд, ки Сарвари давлатамон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисион муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра ба беҳтарин мероси фарҳангии халқи тоҷик ба Шашмақом ва фалакхонӣ, китобдориву китобхонӣ таваҷчӯҳи хоса доранд.
Бояд гуфт, ки дар ин давра Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо ибтикори Сарвари давлат дар донишкада толори консертӣ бо сози мусиқии арѓунун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки барои баргузории консертҳо ва шабнишиниҳо маҳфилҳои адабӣ-эҷодӣ ва конференсияиҳои амалӣ-эҷодӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ аз қабили озмунҳо, ҷаласаҳои ҳизбӣ ва ҳукуматӣ истифода бурда мешавад.
Айни замон дар донишкада бонувони ҳунарпеша ва шинохтаи тоҷик н.и. таърих, дотсент Ҳаётой Муминова, Хосияти Зарафшонӣ, Лола Азизова, Моҳрухсор Суфизода, Ханзарифа Салиджановна дар тайёр намудани кадрҳои соҳаи фарҳанг ва санъат саҳми босазо доранд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Ректори донишкада доктори илмҳои филология, профессор муҳтарам Низомӣ Муҳриддин Зайниддин дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг ва санъат номзадҳои илм, докторҳо аз ҳисоби бонувон таваҷҷӯҳи зиёд доранд.
Назарова М.
Н.и.филологӣ, дотсент