Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо иқдом ва ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ҷашну маросимҳои  қадимаи ниёгонамон аз нав эҳё гардида, дар шинохти миллати тоҷик ва таърихи тамаддунофари он заминаи боэътимод гузоштанд. Назари нек кардан ба суннатҳои қадимаи миллати тоҷик, бахусус таҷлили санаҳои таърихӣ дар тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, эстетикии аҳли ҷомеа таъсири мусбат расонда, бори дигар моро аз асолату ҳувият, пеш  аз ҳама, ба худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ доштани миллати тоҷик дарак медиҳад.

   Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо назардошти тарбияи кадрҳо дар соҳаи фарҳанг ва огаҳӣ доштани онҳо аз расму оин, ҷашну маросимҳои миллӣ, ки зикрашон дар таърихи тоҷикон омадааст, кӯшиш ба харҷ медиҳад то дар ниҳоди донишҷӯён  анъанаҳои таҷлил кардани ин ҷашнҳоро бо суннатҳои хос ҷой дода, мутахассисони ояндаро барои ҳифзу нигоҳдорӣ ва аз насл ба насл расондани ин арзишҳои фарҳангӣ равона карда, рисолати онҳоро дар ҷомеа муайян намояд.

   Бо ин максад имрӯз дар Театри таълимии донишкада бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, намояндагони ВАО,  раёсат, профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён чорабинии фарҳангӣ  бахшида ба ҷашни Сада доир гардид.  Ёдрас шудан бамаврид аст, ки мардуми тоҷик дар ҳар фасли сол, вобаста ба ин ё он мавсими кишоварзӣ, ҷашнҳои хос доштанд. Махсусан ҷашни Сада ин дар фасли дай, яъне панҷоҳ шабонарӯз пеш аз ҷашни Наврӯз, ки хоси фасли баҳор аст ва  ба оғози кишту кори деҳқонон  рост меояд, истиқбол гирифта мешавад.

   «Ҷашни Сада ва суннатҳои он», чунин унвон гирифта буд чорабинии фарҳангӣ, ки аз тарафаи муаллифон ва таҳиягарони сенарияи чорабинӣ  Сафаралӣ Қурбонов, Арбоби ҳунари Тоҷикистон ва и.в. профессор Фарҳод Мирахмедов, н.и.п., дотсент Баҳрулло Нарзуллоев бахшида ба ҷашни Сада омода гардида, аз ду бахш: илмӣ ва эҷодӣ  иборат буд.

   Ректори донишкада, доктори илмҳои филология Низомӣ Муҳриддин Зайниддин зимни сухани ифтитоҳӣ оид ба ҷойгоҳи ҷашнҳои миллӣ, бахусус ҷашни Сада дар таърих ва осори адибони классик ибрози назар намуд.

    Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат аҳли толорро ба муносибати ҷашни Сада табрик гуфта, иброз дошт, ки: «Ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ва маҳз зери сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну маросимҳои суннатии мардуми мо, ки мероси пурғановате аз ниёгонанд, умри дубора бахшида, таҷлили ҳамасолаи онҳо ҳамчун маросиму суннатҳои миллӣ ба қонунгузории мамлакат дохил гардиданд». Мавсуф ҷашн гирифтани Садаро,  ки дар он унсурҳои ободонӣ, ободкорӣ, анҷом додани кори хайр, дӯст доштани замину табиат дида мешавад, яке аз  суннатҳои хоси ин ҷашн нисбат дода, даъват ба амал овард, то ҳамагон дар пойдор нигоҳ доштани сулҳу суботи кишвар саҳм гирифта, Ватанро дӯст доранд.

   Дар бахши илмӣ маърӯзаи муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Нозим Нуров дар мавзӯи «Сада — ҷашни ҳамбастагӣ» ба саҳми аҳли толор  расонда шуд. Муҳтавои маърӯза  таърихи ҷашн, инъикоси он дар осори мутафаккирони тоҷику форс, мисли    А. Берунӣ, Ҳаким Фирдавсии Тусӣ ва заминагузории ин ҷашн ба пайдоиши як қатор ҳунарҳо- оҳангарӣ, зироатчигӣ, чорводориро дарбар мегирифт. Бузургии ҷашни Садаро ба он нисбат дод, ки дар таърихи панҷҳазорсола ва ҷангу низоҳое, ки бар сари халқи тоҷик омадааст, ин ҷашн қадру манзалати худро гум накардааст ва ҳамчун ҳалқаи васли  гузаштаву имрӯзаи мо боқӣ мондааст.

   Дар бахши эҷодӣ магистрони шуъбаи режиссура ва продюсерии факултаи  режиссура, кино ва телевизион пролог: «Зуҳури Сада»-ро намоиш доданд. Ҳамчунин, дар ин қисмат суруду  ғазалҳо аз ашъори шоирони адабиёти классику муосир А. Ҷомӣ, К. Хуҷандӣ, Зебуниссо, Л. Шералӣ, Хайрандеш аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯёни факултаҳои мусиқӣ- омӯзгорӣ, санъати мусиқии мардумӣ М. Маҳмадализода, Б. Наимзода, Л. Азизова, Х. Ниёзов, Р. Ҳошимов, Ч. Аловатов, П. Юсуфӣ, М. Сафиева, Ҷ. Исмоилов якҷо бо Ансамбли «Шашмақом»  таҳти роҳбарии Луҳира Муминова ва ансамбли рақсии «Бунафша» бо рақсҳои таҳиякардаи Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Искандаров манзури аҳли толор гардонда шуд.

   Эҳёи ҷашнҳои миллӣ ва тарғиби онҳо миёни насли наврасу ҷавон ва аҳли ҷомеа вазифаи асосии муассисаҳои таълимию фарҳангӣ буда, шаҳодат аз дастгирӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати фарҳангӣ дониста мешавад.

                                                                      

  Бобоҷон РАҲИМОВ,

                                                                       мудири бахши  сифати       таҳсилоти донишкада