Имрӯз дар толори “Арғунун” — и МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, ҳайати профессорону устодони донишкада конференсияи илмӣ — назариявӣ дар мавзуи “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди фарҳанги миллӣ” ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Пас аз садо додани Суруди миллӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, зикр сохт, ки Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар саросари мамлакат 16 — уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани ин санаи таърихӣ нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ гардида, ба таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва тавсеаи маърифати сиёсии шаҳрвандон таъсири мусбат гузошта, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва андешаи давлатмеҳвариро дар ниҳоди мардум тақвият мебахшад.
Ректори донишкада иброз дошт, ки сиёсати фарҳангии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон аз Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз бо заковати фитрии вакилони мардумӣ ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Хусусан, ин раванд аз соли 1994, баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифт.
Зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихӣ мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд. Корномаҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ба фаъолияти сиёсиву роҳбарии Сарвари давлат робитаи мустақим дошта, муносиботи ҳасана ва ҳамкориҳои фарогири Тоҷикистон бо кишварҳои сершумори оламро дар доираи манофеи миллӣ таҳким бахшид.
Дар ин давра дар партави сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ халқи тоҷикро дар ҷаҳон дубора ҳамчун миллати фарҳангдӯст ва тамаддунофар шинохтанду эътироф карданд. Ба гуфтаи Пешвои миллат, “Мо имрӯз ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста кардаанд. Ба ибораи дигар, тоҷикон маҳз аз файзу баракати ҳамин арзишҳову анъанаҳои аҷдодӣ тавонистаанд, ки ҳам ҳастии худро нигоҳ доранд ва ҳам дар минтақаи Осиё нақши тамаддунсозиро бозида, дар радифи қадимтарин миллатҳои дунё ҷой гиранд ва худро ба оламиён ҳамчун миллати фарҳангӣ муаррифӣ намоянд”.
Таъкид ба амал омад, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат сарчашма мегиранд. Пас аз суханронии ректори донишкада гардонандаи маҳфил, муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ суханро ба муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода дод. Мавсуф ҳозиринро бо ин ду санаи муҳимми таърихӣ табрик намуда, иброз дошт, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини халқи тоҷик, бешубҳа, аз зумраи рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ маҳсуб мешавад. Дар рӯзҳои даъват ва баргузории Иҷлосияи XVI мардуми кишвари мо гирифтори кашмакашҳои ҳалокатбори қувваҳои бадхоҳи сиёсии дохиливу хориҷӣ шуда буданд, ки мақсади асосиашон пароканда намудани миллати тоҷик ва аз байн бурдани давлати ҷавони мо буд.
Кишвари мо он солҳо дар ҳолате қарор дошт, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва муқовимати тӯлонии мусаллаҳона минтақаҳои алоҳидаи мамлакат дар оташи ҷанг сӯхтаву валангор гашта, иқтисодиёти кишвар хароб ва фаъолияти сохтору мақомоти ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Дар чунин як вазъияти беҳокимиятиву бенизомӣ мавҷудияти минбаъдаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати тозаистиқлол хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Маҳз ба шарофати хираду заковати азалӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва ҷавҳари созандаи миллати тоҷик Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун оғози воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.
Ба гуфтаи муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосия дар инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод ва барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Зеро акнун роҳ ба сӯи сохтмони давлати демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёду дунявӣ муайян гардида, барои таъмини пурраи кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон шароити мусоид муҳайё гардида буд. Муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Алишер Аминӣ перомуни мавзуҳои матраҳшаванда андешаҳояшро баён намуда, иброз дошт, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик бисёр муҳим аст, зеро ин Шуро дар як марҳалаи ҳассоси таърихӣ, яъне баҳри хомӯш намудани оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, ба ҳам овардани миллати пароканда, пойдор намудани сулҳу субот ва забону фарҳанг абармардеро ба майдони сиёсат ворид кард. Ин фарди фидокор, сарсупурдаву азхудгузашта ҷавони чиҳилсола – Эмомалӣ Раҳмон буд, ки воқеан ҳам аз табори мардони асил ва решапайванд бо гузаштагони худ — Куруши Кабиру шоҳ Исмоили Сомонист. Ӯ бо истифода аз таҷрибаи таърихи гузаштагони пурифтихори хеш, истеъдод ва ҷасорати фитрӣ баҳри осоиши Тоҷикистон ҷадал намуда, Истиқлолро таҳким бахшид ва бо талошҳою худгузаштанҳо дар саҳифаҳои таърих 27-уми июнро ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллии тоҷикон сабт кард.
Дар бахши фарҳангии чорабинӣ, ки фарогири шеъру суруд ва рақсу оҳангҳои ҷолиб, аз ҷумла “Сулҳи мо ливо дорад”, “Ватан”, “Душанбеи ман”, “Бӯйи баҳор”, “Рақси кӯҳистон” ва “Сарвари оқил” буд, пешкаши ҳозирин гардонда шуд. Дар қисми илмии чорабинӣ бошад, 27 мақолаи илмию оммавӣ ва манзумаи ба Пешои миллат башидаи устодони донишкада ироа гардид.
Додоҷон РӮЗИЕВ