Фалак рози ниҳони дилбарон аст,
Фалак сози дили афлокиён аст…

   Бо чунин мисраҳо  оғоз гардид барномаи консертӣ ба ифтихори «Рӯзи фалак»  дар  толори «Арғунун»-и ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода. «Фалаки ҷовидонӣ»  унвон гирифтани барномаи консертӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки мусиқии фалакӣ аз қадим хоси миллати тоҷик буда, мардум тавассути он  розу ниёз, сӯзу гудоз, шикоят, муноҷот, шодию сурури худро  ба афлок  баён дошта, рӯҳи худро оромиш мебахшанд. Мақсад аз баргузории барномаи консертӣ ба «Рӯзи фалак» тақвият додан ва ба даст овардани худшиносии воқеии насли ҷавон, баланд бардоштани   мақоми мусиқии суннатии тоҷик дар ҷомеаи муосир мебошад.

   Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи фарҳанг ҷонибдорӣ намуда, дар баргузории ҳама гуна барномаҳои фарҳангӣ  пешсаф аст ва ҷашн гирифтани ин рӯз  аз намунаи он ба шумор меравад.

   Дар барномаи консертӣ ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада ҳузур доштанд.   Барномаи консертӣ  бо баромади  устодону шогирдон аз факултаҳои эҷодии донишкада бахусус аз факултаи театр, кино ва телевизион, санъати мусиқии мардумӣ, мусиқӣ- омӯзгорӣ  манзури  аҳли толор гардонда шуд. Матни сурудаҳо бештар аз эҷодиёти  халқ, шоирони классик оҳанг баста шуда буданд ва аз ҷониби омӯзгор -Раҳматулло Ҳошимов, донишҷӯён — Шоҳрухи Акрам, Сӯфишо Масанов, Ҳилолӣ Наспаров, Ҷаннатулло Абдуллоев, Нуриниссо Исрибшоева, Баҳриддин Худойдодов, Пулод Азизмамадов, Шаҳриёр Давронов суруда шуданд.

   Ёдрас шудан ба маврид аст, ки анъанаи фалаксароӣ имрӯз дар ҷумҳуриамон идома дошта, рушди  ин санъат аз  мактаби суннатии «устод ва шогирд» сарчашма мегирад, ки  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода усули мазкурро  дар тарбияи шогирдон хуб ба роҳ мондааст. Имрӯз дар факултети санъати мусиқии мардумӣ ансанбли «Фалак» фаъолият мекунад, ки роҳбарии онро ҳунарманди шинохтаи тоҷик Раҳматулло Ҳошимов ба зимма дорад ва шогирдонро дар ин равия тарбия менамояд.

   Дар бандубасти барнома раиси Шӯрои бадеӣ-  Арбоби ҳунари Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонов, роҳбари бадеии чорабинӣ Раҳматулло Ҳошимов, роҳбари мусиқӣ Баҳрулло Нарзуллоев, коргардон Шавкат Назаршоев, барандаҳо Нигина Азиззода  ва Нусратулло Ҳасанов саҳм гузоштанд.

Бобоҷон Раҳимов, омӯзгори кафедраи рӯзноманигории телевизиони ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода