Мусиқӣ дар ташаккули чаҳонбинӣ ва ахлоқу маънавиёти инсон саҳми бузург дорад. Бахусус дар тарбияи ҷавонон ва дарки зебоипарастии онҳо саҳми мусиқӣ басо бузург аст.
Инсон кайҳост, ки хусусияти мавҷудиятро дар олами табиат дарк кардааст. Ҳаёти инсон бе мусиқӣ тиҳӣ аз маъно гашта, рангорангиашро гум мекунад. Инсон тавассути сурудан, рақсидан, наққошӣ кардан ва дигар ҷанбаҳои фарҳангӣ андеша, эҳсос, ҳолати равонии худ ва ё ҷомеаро ифода мекунад.
Ба гуфтаи Афлотун файласуфи бузурги Юнон «Тавоноии ҳар як миллат дар сурудҳои садодиҳандаи он давлат вобаста аст».
Ҳамин тариқ, суруд дар тиб ҳамчун воситаи муҳими табобати бемор низ будааст.
Мусиқӣ як навъ санъат, ки образҳои он тавассути алҳон ифода ёфта, рӯйдодҳо ва воқеаҳои олами объективиро ба таври хос инъикос мекунад. Мусиқӣ бо интонацияи нутқ алоқаи узвӣ дошта, ба овозҳои дорои оҳанг ва вазну зарби муайян асос меёбад. Мусиқӣ дар тӯли асрҳо вазифаи ғоявию тарбиявӣ, маданию маърифатиро адо карда меояд. Таҳаввули таърихии мусиқӣ пеш аз ҳама ба қонуниятҳои инкишофи иҷтимоии ҷамъият сахт алоқаманд аст. Мусиқи инчунин дар тараққиёти умумии иҷтимоӣ, ғоявӣ ва мадании инсоният ва тарбияи ахлоқию эстетики он воситаи муҳими маънавӣ ба шумор рафта, дорои қувваи бузурги эмоционалӣ мебошад.
Маърифати мусиқӣ ҳангоми омӯзиши суруд ва шунавонидани мусиқӣ аз бар карда мешавад. Бояд дар хотир дошт, ки мусиқӣ фикр, ҳиссиёт, ҳаяҷон ва ҳолати инсонро ифода мекунад, бинобар иҷрои асари мусиқӣ бояд ба мазмуни он ба куллӣ мувофиқат кунад. Ҳар як суруде, ки шунида мешавад вобаста ба матну оҳанги худ ба саломатии инсон таъсиргузор аст. Аз ин рӯз инсонҳо вобаста ба талаботи ботинии мусиқиро барои гӯш кардан интихоб мекунанд. Бояд таъкид намуд, ки омӯзгорони мусиқӣ нахуст дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ тарзи дурустӣ иҷрои онро ба шогирдон фаҳмонанд ва дар бораи он маълумот дода тавонанд. Нақши устоди мусиқӣ дар ин самт ниҳоят бузург аст.
Омӯзгор ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷавонон ва инкишофи маънавии онҳоро таъмин менамояд.
Омӯзгор вазифаи масъултарини ҷомеаро ба ӯҳда дорад. Ба ӯ ояндаи ҷомеа, дар айни ҳол аз ҳама нозуктарин неъмати табиат супорида мешавад. Муаллими мусиқӣ дорои имконоти таъсирбахшии ҷисми зиёди дигарон мебошад.
Ҷараёни таълим ва тарбия баробари бо ҳам алоқаманд ва вобаста буданаш инчунин аломатҳои ба худ хос доранд. Маълум аст, ки раванди таълим вазифаи тарбиявиро ҳам дорад, ҷараёни тарбияро бошад бе таълими тарбиягирандагон тасаввур карда номумкин аст.
Раванди таълим дар ҳалли вазифаи маълумотдиҳӣ мавқеи ҳалкунанда дорад, ҷараёни тарбия дар ҳалли вазифаҳои тарбиявӣ мақоми асосӣ дорад. Ҳар ду ҷараён якҷоя вазифаи инкишофдиҳиро ба амал мебароранд. Бояд қайд кард, ки ҳар кадом хислатҳои ба худ хосро доранд. Дар мазмуни таълим-ташаккули ақидаҳо, донишҳои илмӣ, мафҳумҳо, қонунҳо, назарияҳо, маҳорат ва малакаҳои махсуси илмӣ бартарӣ доранд. Дар мазмуни тарбия бештар ташаккули ақидаю эътиқодҳо, рафтору интизом, муносибатҳо аҳамияти ҷамъиятию иҷтимоӣ дошта дида мешавад. Ҳамин тавр, ҳар ду раванд дар як вақт ба шуур, ба муносибатҳо, ирода ва эҳсос, фаъолият таъсир расонида инкишофи умумиро таъмин менамоянд.
Аз ин рӯ, вазифаи омӯзгорон аз он иборат аст, ки коллективҳои хонандагон ва омӯзгоронро омӯхта пешомадҳои наздик, миёна ва дурро ба нақша гиранд. Раванди педагогӣ (таълиму тарбия) ҳодисаи мустақил буда, дорои қонуниятҳои ба худ хос мебошад.
Ҳар қадар сафи омӯзгорони касбӣ дар мактабҳои мусиқӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии кишвар зиёд гардад, ҳамон қадар мутахассисони касбии санъати мусиқӣ тарбия меёбанд. Нақш ва манзалати омӯзгори мусиқӣ кайҳо ба ҷомеа маълум буда, дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳо то имрӯз андешида шудааст. Барои эътибори омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардоштан Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола озмунҳо эълон менамояд ва бо унвони аълочии маориф ва дигар ҷоизаҳо омӯзгорони соҳибкасб қадрдонӣ карда мешавад. Аз ин ғамхориҳои давлат омӯзгорони мусиқӣ низ бебаҳра нестанд. Дар баробари омӯзгорони дигар соҳаҳо омӯзгорони санъати мусиқӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати ҶТ қарор дорад, зеро фарҳангу санъат ва хусусан санъати мусиқӣ дар баргузории тамоми чорабиниҳои муҳим вобаста ба санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир дорад. Ҳамин тавр, рисолати омӯзгори мусиқӣ дар ҷомеа бузург буда, арзандаи таҳсину омӯзиш мебошад. Ҳамарӯза назди омӯзгорони мусиқӣ масъалаҳои нави тарбияи наслҳои оянда ба миён меояд, ки бо ташаккул додани маҳорати касбии худ онҳо дар ин ҷода муваффақ мегарданд.
Тавре, ки ба ҳамаи мо маълум аст ва дар тадқиқотҳои илмии санъатшиносони тоҷик инъикос ёфтааст мусиқӣ санъати нотакрорест, ки дар ҳаёти ҳар як инсон нақши калон дорад. Мусиқӣ дар баробари ҳамаи ин нозукиҳою худвижагиҳои худро дорад, ки омӯхтану омӯзонидани он кори саҳл нест. Ба омӯзгори мусиқӣ малакаю маҳорати баланди касбӣ лозим мешавад, ки то инки нозукиҳои мусиқиро ба хонандагон омӯзонад ва дар ин роҳ мувафақ гардад. Дониши васеъи мусиқӣ доштан барои ҳар як омӯзгори мусиқӣ зарур мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат, хусусан санъати мусиқӣ диққати ҷидди медиҳад. Доир ба дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи санъати мусиқиро муҳаққиқ ва олими соҳаи мусиқӣ Абубакр Зубайдӣ дар китоби худ «Равандҳои инноватсионӣ дар мусиқии тоҷик» чунин менигорад: «Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳаққи аҳли фарҳанг ғамхорӣ намуда, ба рушди соҳаи фарҳанг, бахусус санъати мусиқӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд».
Дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо ҳама соҳаву рукнҳои фарҳанги мусиқии тоҷик, аз ҷумла санъати мусиқии мардумӣ, эҷодиёти оҳангсозони халқӣ, мусиқии касбӣ-мардумӣ, касбӣ-классикӣ, касбӣ-композиторӣ, эстрадӣ ва амсоли инҳо рушд намуда, ҳунармандони тоҷик ба комёбиву дастовардҳои нав ба нави эҷодӣ ноил гардиданд. Дар гузаронидани чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву ҳунарӣ, барномаҳои консертӣ, сабтҳои радиоиву телевизионӣ таҷҳизотҳои гуногуни технологияҳои муосир дастгиру мададгори ҳамешагии онҳо мебошанд. Тавассути шабакаҳои интернети пайваста суруду навоҳои рангомези мардуми тоҷик дар иҷрои ҳунармандони асилу бомаҳорат дар рӯи олам паҳн мегарданд. Тавассути васоити гуногуни технологияҳои муосир эҷоду иҷрои босифати суруду навоҳои гуногун сурат мегиранд ва ба шумораи зиёди мухлисону шунавандагон пешкаш карда мешаванд.
Мусиқӣ дар ташаккули фарҳанг ва ҷолиб намудани зиндагии башар саҳми бузург дорад. Мо суруду оҳангҳои гуногунро мешунавем, лаззати рӯҳонӣ мебарем ва ҷаҳони ботинии хешро бою рангин мегардонем. Бахусус дар тарбияи ҷавонон ва дарки зебоипарастии онҳо саҳми мусиқӣ басо бузург аст. Аз ин рӯ аз чиҳати илмию назариявӣ ва амалӣ ташкилу такмили тарзҳои гуногуни ташаккули мусиқӣ вазифаи асосии башарият ба ҳисоб меравад.
Мусиқии мардуми тоҷик шаклан серпаҳлу буда, таърихи бою куҳан дорад ва тавассути ҳазорон ҳофизони булбуловою мутрибони чирадаст аз аср ба асру аз насл ба насл, аз Борбад то ба имрӯз омада расидааст. Ганҷинаи бебаҳои мусиқии халқамон ба монанди «Шашмақом», «Фалак» ва садҳо суруду оҳангҳои дигар, қи ба тарзи шифоҳӣ, аз устод ба шогирд ва аз даҳон ба даҳон то рӯзгори мо омадаанд, ифшогари розу ниёзи мардуманд.
Дар мамлакатамон муассисаҳои олӣ, миёна ва махсуси санъат фаъолият доранд, ки дар тарғибу ташвиқи фарҳанги миллат ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи ин соҳа саҳми асосӣ доранд.
МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода” ки аз марказҳои бузурги фарҳангии кишвар маҳсуб гардида, дар омӯзиши мусиқии халқию суннатӣ ва касбии мардуми тоҷик, тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи фарҳанг мавқеи назаррас дорад.
Аз ҷумла дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” қайд шудааст: “Давлат дар бораи нашъунамои адабиёт, санъат, фарҳанг, дар бораи ба вуҷуд овардани ҳамаи шароитҳои пурратар зоҳир шудан ва инкишофёбии қобилияти эҷодии ҳар як одам дар бораи тарбияи эстетикии ҷавонон, дар онҳо ба вуҷуд овардани завқи баланди бадеӣ, доимо ғамхорӣ бояд кард”.
«Санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад. Имрӯз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро сайқали тоза мебахшанд».
Санъати мусиқӣ ягона падидаест, ки аз аввали пайдоиш то ба имруз таъсири худро ба инсоният расонидааст. Муҳаббати инсоният ҳам ба мусиқӣ азалист. Ба воситаи ин санъати нотакрор мактаббачагонро мо метавонем дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, зиракӣ, илму донишандӯзи самаранок тарбия наоем.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди санъати мусиқӣ пеш аз ҳама ҷиҳати тарбияи ахлоқии наслҳои оянда муҳим мебошад.
Санъатшинос А. Низомӣ дар китоби «Таърихи мусиқии тоҷик» чунин мегӯяд: «Мусиқӣ ҳаётро рангин намуда, инсонҳоро суйи ояндаи пурсаодат равона месозад».
Ҳамзамон, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таълими дарси мусиқӣ дар муассисаҳои таълимӣ рушд ёфт, ки пеш аз ҳама ба ташаккули ояндаи санъати мусиқӣ кӯмак менамояд. Равандҳои замони мустақилият вазифа ва масъулияти омӯзгорон, мураттибони барномаҳои таълимӣ, муаллифони китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва умуман кулли коркунони соҳаи маориф ва фарҳангро барои ноил гаштан ба мақсадҳои ниҳоӣ ва тақвият бахшидани самти кори таълим бештар ҳидоят менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳимми имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, дар Паём ва суханрониҳои хеш таъкид мекунанд, ки рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллидошта, риоягари қонунҳо, ҳуқуқҳо, озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вобаста аст.
Таҳияи китобҳои дарсӣ аз тарафи мутахассисони соҳаи санъати мусиқӣ ворид намудани суруду оҳангҳои нав бахшида ба Пешвои миллат, истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами миллӣ, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, рузи модарон, ваҳдати миллӣ, сурудҳои дорои хусусиятҳои ватандӯстиву зебопарастӣ, дӯстиву рафоқатдоштаро, ки дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи бастакорону оҳангсозон эҷод шудааст барои бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар замири хонандагони мактаб боиси қайд мебошад.
Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷат ба сар бод эй Тоҷикистон, Паёми мо, Лашкари ватан, Майдони ватан, Сулҳ мебояд ба дунё, Зебо Душанбе, Кишварам, Роғун намунае аз суруду оҳангҳои эҷоднамудаи бастакорон барои мактаббачагон мебошад, ки дар замири онҳо ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллиро бедор менамояд.
Шарофидинзод Муслиҳиддин Шарофидин
Декани факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ