Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти ҳамин унвон, 12 марти соли 2020, дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, номзади илмҳои тиб Хушбахт Шарифзода, шоир ва муҳаққиқ Ворис Назарзода, ҷонишини директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Расулов ва мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов ва ширкати васеи донишҷӯёну устодони донишкада ҳамоиши маърифатӣ — тарбиявӣ баргузор гардид.

   Ҳамоиш дар асоси нақшаи чорабиниҳои тарҳрезигардида, ки аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тасдиқ шудааст, доир гашта, дар он мавзӯъҳои ташаккули малакаи тарзи ҳаёти солим, ғановати маънавӣ, таҳаммулпазириву инсондӯстӣ, ҳифзи солимии моддиву маънавии оила, фард ва ҷомеа аз хатару таҳдидҳои номатлуби иҷтимоӣ, бемориҳои сироятӣ, терроризму ифротгароӣ, исрофкорӣ ва фасоди ахлоқӣ, таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ дар иртибот ба рушди маънавии ҷомеа мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифтанд.

   Ба ҳамоиши маърифатӣ — тарбиявӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Ӯ мавзӯъҳои матраҳшавандаро барои пешрафти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, ифтихори ватандорӣ, ғурури миллӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ карда, ҳамзамон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, ҷалб намуд. Ба гуфтаи Пешвои миллат «таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем».

   Сипас, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику муборакбод намуд. Тазаккур дод, ки дар замони соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қишри ҷавони кишвар таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир менамояд. Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҳсуб ёфта, ба хотири таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавонон, мавқеи онҳо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомузӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

   Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки рӯ овардан ба сиёсати ҷавонон ин худ тақозои таърих ва назари хирадмандонаю ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҷавонони мо бояд ҳисси баланди миллию фарҳангӣ дошта, пояҳои давлатдории миллиро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ дошта, роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор диҳанд. Пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намуда, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии марзу буми он ҳамеша омода бошанд.

   Муовини раиси шаҳри Душанбе роҷеъ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ дар пойтахти кишвар маълумот ироа намуда, гуфт, ки “агар дар шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе аз соли 2010 то соли 2016 ҳамагӣ 56 майдончаи муосири варзишӣ сохта, ба истифода дода шуда бошад, пас тайи се соли охир, таҳти роҳнамоиҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат 258 майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон бунёд гардид, ки дар ташаккули тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш нақши бориз мегузоранд”.

   Итминон дорем, ки ҷавонони сарбаланду ватандӯсти пойтахтамон ва ҳар як фарди бонангу номус минбаъд низ анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ таҳти ливои зафарпешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободонии пойтахти он саҳми босазои хешро дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ сазовор мегарданд.

   Гавҳар Шарофзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ аз ободию шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мисолҳои мушаххас оварда, насли ҷавонро ба донишандӯзӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ даъват намуд. Зикр сохт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллиамон осон гардондааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди ҷомеа шарт ва зарур мебошад. Мавсуф  ба донишҷӯён муроҷиат намуда, гуфт: «Ба китобхонӣ рӯ биёред. Зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

   Дар ҳамоиш сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушбахт Шарифзода перомуни масоили вобаста ба бемориҳои сироятӣ, бахусус ВНМО/ БПНМ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим ибрози назар намуда, иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат барои ташхису табобати шаҳрвандон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти тиббии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Барои пешгирии сигоркашӣ, нашъамандӣ, вируси норасоии масунияти одам ва коронавирус тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд. Хушбахтона, дар кишвари мо бемории коронавируси  COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Ёдрас гардид, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Хуани Ҷумҳурии Мардумии Чин 46 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан оварда шуда, дар мавзеи Харангон 14 рӯз таҳти муоинаи табибон қарор гирифтанд.

   Таъмини солимии оила ва фарҳанги оиладорӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳои дигари ҳамоиши маърифатӣ — тарбиявӣ буданд, ки ҷонишини директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Расулов манзури аҳли нишаст гардонд. Ба бовари ӯ, яке аз омилҳои асосии пош хӯрдани оилаҳо, махсусан оилаҳои ҷавон ин паст будани сатҳи маърифати оиладориашон мебошад. Дар оила бояд дарки масъулият ва озодӣ бошад. Вале озодӣ он нест, ки ҳар чи хоҳӣ, бикунӣ, озодӣ он аст, ки он чи ҳақ дорӣ, бикунӣ. Оила, муассисаҳои таълимӣ, дар маҷмӯъ аҳли ҷомеа бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ саҳми назаррас гузоранд.

   Абдуалим Норасов, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мавзӯи «Омилҳои исрофкорӣ, паёмадҳои зиёнбор ва роҳҳои пешгирии онҳо»-ро ба риштаи таҳлил кашида, зикр сохт, ки исрофу табзир ва зиёдаравӣ дар масрафи неъматҳои фаровони илоҳӣ на танҳо дар ҷомеаи мо, балки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз як шакли номатлуб ба як рафтори иҷтимоӣ табдил шудааст. Барои ҷоннок намудани мубориза бар зидди исрофкорӣ ва тарғиби фарҳанги сарфаҷӯӣ мебояд маърифати маънавии мардумро баланд бардошт, то ин ки сарфаҷӯиро шиори худ қарор диҳанд ва аз паёмадҳои ногувори он эмин бимонанд.

   Бар пояи иттилои Абдуалим Норасов, тамоми нобасомониҳои фардиву иҷтимоӣ, аз қабили пошхӯрии оилаҳо, нобаробариҳои иҷтимоӣ, беадолатию ноамнӣ, ҳасадхӯрӣ, нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ, каҷравиҳои ахлоқӣ аз ҷумлаи осебҳои хурду бузурги иҷтимоӣ дар замони ҷаҳонишавӣ мебошанд, ки сабаби асосии пайдоиши онҳо исрофкорӣ, ғофил мондан аз арзишҳои маънавӣ ва риоя накардани усули ахлоқӣ ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, «маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар бахши танзими анъана ва ҷашну маросим боис гардид, ки хароҷоти зиёдатӣ дар тӯли амалкарди қонуни миллӣ пешгирӣ, манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ҳимоя ва исрофу табзир дар ҷомеа бартараф карда шавад, вагарна буҳронҳои иҷтимоӣ ҷомеаро фаро мегирифтанд». Таъкид кард, ки зуҳури ҳамаи буҳронҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳони мутамаддин натиҷаи исрофкорӣ ва паёмадҳои зиёнбори он мебошад.

   Шоир ва муҳаққиқ Ворис Назарзода назари худро перомуни мавзӯъҳои фавқуззикр баён намуда, зимнан ғановати маънавӣ, таҳаммулпазириву инсондӯстӣ, меҳанпарастию ҳифзи муқаддасоти миллиро аз ҷумлаи омилҳои асосии пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол маънидод кард. Баъдан, шеъри тозаэҷоди худро, ки “Асал ширинтар аст” унвон гирифтааст, қироат намуд, ки бо чунин мисраъҳо оғоз меёбад:

Зиндагӣ моро дар оғӯши Ватан ширинтар аст,

Офтоби боми мо рахшандатар, зарринтар аст.

   Иштирокдорони ҳамоиши маърифатӣ-тарбиявӣ бар ин назар буданд, ки дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон на танҳо вазифаи муҳимтарини ниҳодҳои дахлдор, балки аҳли ҷомеа низ мебошад.

Додоҷон РӮЗИЕВ, 

журналист