Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ яке аз самтҳои муҳимми Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ба ҳисоб рафта, дар ин самт тайи солҳои охир натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Зеро дар замони муосир рушди илм ва раванди босуръати он тамоми соҳаҳои зиндагии башарро фаро гирифтааст ва дар ин миён соҳаи фарҳанг, ки ҷузъи муҳимму бунёдии ҷомеаи инсонӣ аст, дар канор буда наметавонад. Аз ин рӯ, бо ибтикор ва дастгирии ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин барои муаррифӣ намудани иқтидори илмии донишкада ҳайати профессорону устодон дар конференсияҳо, симпозиумҳо, семинарҳо, тренингҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳои илмии сатҳи донишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Ахиран, дар Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ, ки 26 — уми феврали соли 2021 бо ибтикори Донишкадаи давлатии фарҳанги Челябинск, Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо унвони “Россия — Ӯзбекистон — Тоҷикистон. Нақши олимони ҷавон дар ҳалли масъалаҳои муҳимми соҳаи фарҳанг: таърих, инноватсия ва дурнамо” тариқи онлайн баргузор гардид, олимону муҳаққиқони донишкада низ иштироки фаъол доштанд. Дар ин ҳамоиши илмии сатҳи байналмилалӣ 16 мақолаи устодони донишкада, аз ҷумла мақолаҳои ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ ва Сӯҳроб Зокиров, Фарҳод Мирахмедов ва А. Саидов, Баҳрулло Нарзуллоев ва Пайрав Холов, Мастон Умедов ва Дилшод Умаров, Диловар Латифзода ва Абдусаттор Раҳмонов, М. Мамадазимова ва дигарон мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифта, ба чоп тавсия дода шуданд.
Иштирокдорони Конференсияи байналмилалии илмию амалии “Россия — Ӯзбекистон — Тоҷикистон. Нақши олимони ҷавон дар ҳалли масъалаҳои муҳимми соҳаи фарҳанг: таърих, инноватсия ва дурнамо” як қатор масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳашонро мавриди баррасии амиқ қарор дода, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мутақобилан судманд пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.
Дар раванди кори конференсия наздик ба 60 мақолаи илмӣ шунида шуда, маҷмӯаи мақолаҳо бо унвони «Россия — Ӯзбекистон — Тоҷикистон. Нақши олимони ҷавон дар ҳалли масъалаҳои муҳимми соҳаи фарҳанг: таърих, инноватсия ва дурнамо” дар таҳрири Владимир Рушанин, Иброҳим Юлдошев ва Муҳриддин Низомӣ дар ҳаҷми 384 саҳифа дар нашриёти ООО “LESSON PRESS” аз чоп баромад.
Ба ҳайати таҳририяи маҷмӯаи илмӣ Владимир Яковлевич Рушанин, Иброҳим Ҷӯраевич Юлдошев, Низомӣ Муҳриддин Зайниддин, Сергей Борисович Синетский, Собирҷон Саидович Ҷумаев, Алишер Файзуллоевич Авғонов, Бозор Сафаралиевич Сафаралиев ва Манзура Борихоҷаевна Юлдошева шомил гардида, мураттибон Б. С. Сафаралиев ва М. Б. Юлдошева мебошанд.
Маҷмӯаи мақолаҳо аз 3 боб — “Россия- Ӯзбекистон ва Тоҷикистон: гуфтугӯи байналмилалии фарҳангҳо ва мафкураҳо. Рушди илмҳои ҷомеашиносӣ ва дақиқ дар асоси дастовардҳои соҳаи фарҳанг ва санъати замони муосир; Равандҳои иҷтимоию фарҳангӣ ҳамчун воситаи гуфтугӯи байналмилалӣ; Ташаккули фарҳанги иттилооти ҷомеаҳо: шакливазкунии рақамии китобхонаҳо ва мукаммалгардонии фаъолияти мутақобилаи библиографӣ — иттилоотии таҳсилот иборат буда, дар он мақолаҳои таҳқиқотии олимони ҷавони Донишкадаи давлатии фарҳанги Челябинск, Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ки ба 15-солагии ҳамкории ин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рост меояд, гирд оварда шудааст.
Маҷмӯаи мақолаҳо ба доираи васеи олимон, муаллимони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, кормандони муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва марказҳои ҷамъиятии миллӣ-фарҳангӣ пешбинӣ гардидааст.
Алишер АВҒОНОВ,
муовини ректор оид ба илм
ва рушди инноватсионӣ