27 октябри соли ҷорӣ дар толори театри таълимии  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Конфренсияи илмӣ- амалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»  дар сатҳи баланди илмӣ баргузор гардид. Дар конфронси мазкур олимони маъруфи соҳаи фарҳанг ва санъат, ҳунармандони болаёқат аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.

   Нахуст  конфренсияро ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайридин Усмон бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, дар мавзӯи “Самтҳои асосии робитаҳои фарҳангии кишварҳои ИДМ дар шароити муосир” суханронӣ намуд. Мавсуф иртиботи фарҳангии кишварҳои ИДМ-ро мавриди баррасии амиқ қарор дода, ҷиҳати рушду равнақ ва робитаи ҳасанаи фарҳангҳои ИДМ андешаҳои ҷолиб  баён намуд. Аз ҷумла, ӯ нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар густариши робитаҳои фарҳангии кишварҳои ИДМ хеле муҳим арзёбӣ намуда, таъкид намуд, ки: “Иштирок ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои узви ИДМ дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳамоишҳои илмӣ хеле бузург аст”.  Ҳамчунин, ректори донишкада якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки барои густариши фарҳанги кишварҳои ИДМ мусоидат менамоянд, ба риштаи таҳлилу таҳқиқ кашида, ҷиҳати таҳкими робитаҳои фарҳангии кишварҳои мазкур пешниҳодҳои ҷолиб ироа намуд. Дар ниҳояти суханронӣ профессор Хайридин Усмонзода диққати донишмандонро ба шаҳри зебову дилрабои Душанбе ҷалб намуда, зикр кард, ки: “Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии ИДМ барои соли 2021 интихоб шудааст. Аз ин рӯ, умедворем, ки ҳамаи шумо меҳмонони олиқадр аз фурсат истифода бурда, шаҳри зебои Душанберо тамошо менамоед ва ба мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ аз наздик шинос мешавед.  Итминон дорам, ки зебоии ин шаҳр шуморо мафтун менамояд ва таваҷҷуҳатон ба фарҳангу тамаддуни мо зиёд гардида, дар соли ҷашнгирии ин сана бо камоли майл ба шаҳри ормонҳо- Душанбе қадам ранҷа менамоед. Мо низ аз ҷониби худ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба ифтихори таҷлили ҷашни пойтахти фарҳангии ИДМ бо иштироки доираи васеи намояндагони соҳаи фарҳанг ва санъати кишварҳои ИДМ чорабиниҳои илмию фарҳангӣ баргузор намоем”.

   Зенкин Константин Владимирович, доктори илми санъатшиносӣ, профессори Консерваторияи давлатии ба номи П. И. Чайковскийи шаҳри Маскав дар мавзӯи  «Мусиқии пешоҳанги русӣ ва гуфтугӯи фарҳангҳо» суханронӣ намуд. Ин олими шинохта эҷодиёти бастакорони маъруф — Андрей Волковский, Шнит ва Губайдуллинаро мавриди баррасиву таҳлил қарор дода, саҳми онҳоро дар рушди санъати мусиқии классикӣ хеле муасссир арзёбӣ намуд. Ба андешаи Константин Владимирович, ин бастакорон тавассути эҷодиёти густурда ва мондагорашон дар ҷаҳон маъруфият пайдо кардаанд ва месазад, ки паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти онҳо мавриди баррасии амиқи муҳаққиқон қарор дода шавад. Зеро бисёре аз фаъолияти эҷодии онҳо ба таври бояду шояд аз ҷониби мутахассисон тадқиқ нашудааст.

   Ғафурбеков Тухтасин,  доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессори Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон дар мавзӯи «Шарқ- Рахманинов»  суханронӣ намуда, фаъолияти эҷодии Сергей Рахманиновро пурра мавриди  тадқиқ қарор дод. Таъкид намуд, ки дар мусиқиҳои эҷоднамудаи Рахманинов бисёр унсурҳои мусиқии Шарқ эҳсос мешаванд, ки аз як ҷониб таъсирпазирии ӯро аз фарҳангу мусиқии Шарқ ифода намояд, аз ҷониби дигар баёнгари дилбастагии ӯ ба фарҳангу мусиқии ғании мардуми Шарқ мебошад.  Ҳамчунин, дар ин конфронси бошукӯҳ олимони маъруфи дигари кишварҳои ИДМ — Марков Александр,  доктори илмҳои педагогӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессори кафедраи  технологияи иҷтимоӣ- фарҳангии Донишгоҳи  гуманитарии иттифоқҳои касабаи шаҳри Санкт- Петербург дар мавзӯи «Мушкилот ва дурнамои гуфтугӯи фарҳангҳои Шарқ ва Ғарб дар вазъияти  буҳрони ҷаҳонии тамаддунҳо», Низомӣ Аслиддин, доктори илми санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ: ҷустуҷӯи шаклҳои нави баҳамоӣ»,   Курления К. М., доктори илми санъатшиносӣ, профессори  Консерваторияи давлатии Новосибирск ба номи М. И. Глинки дар мавзӯи “Консерваторияи давлатии Новосибирск ба номи М. И. Глинки ва фазои фарҳангии Авруосиё: масъалаҳои иртибот ва ҳамкорӣ”,  Дюшалиев Ш. К., доктори илми санъатшиносӣ, профессори Консерваторияи давлатии Қирғизистон ба номи К. Молдобасанова дар мавзӯи “Эпос ва достон: роҳҳои ҷустуҷӯ ва таҳаввулоти ин истилоҳҳо”,   Елеманова С. А., номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессори кафедраи мусиқишиносӣ ва композитории Консерваторияи миллии Қазоқистон ба номи Қурманғазӣ дар мавзӯи  “Фарҳанги мусиқии анъанавии қазоқӣ: вазъ, дурнамо ва  рушд”, Улмасов Ф. А.,  доктори илми санъатшиносӣ, профессори кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо  Турсунзода  дар мавзӯи  “Масъалаҳои таносуби ҷанбаҳои хоси шарқӣ дар эҷодиёти бастакорони Осиёи Марказӣ” маърӯзаҳои илмии муассир намуданд.

   Ба андешаи мутахассисон, конфронси мазкур барои густаришу иртиботи фарҳангҳои ИДМ як саҳифаи тозае боз карда, ҷиҳати таҳкими пояҳои дӯстии ин кишварҳо мусоидат менамояд.

   Конфронси илмӣ-амалӣ бо иштироки доираи васеи меҳмонон, донишҷӯён, устодон, кормандони илмӣ, аспирантон, унвонҷӯён, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD), магистрон то 29-уми октябр идома меёбад.

Муллоаҳмадшоҳ  ЧУРҒОСИЕВ ,

мудири шуъбаи магистратура, 

аспирантура ва доктор (PhD)

[metaslider id=1785]