НИЗОМӢ МУҲРИДДИН ЗАЙНИДДИН

   Низомӣ Муҳриддин Зайниддин 2 феврали соли 1973 таваллуд шуда, соли 1990 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали нуқра, соли 1995 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)- ро бо дипломи аъло хатм намудааст. Рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Масъалаҳои поэтикаи ғазалиёти Фаридуддин Аттори Нишопурӣ»  соли 2002 ҳимоя кардааст.

   Дар соли 2009 барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва соли 2012 барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шудааст.

   Муаллифи  монографияҳои “Ҳафт авранг”-и Ҷомӣ ва анъанаи достонсароӣ дар асри XV” (2014), “Хусусиятҳои ғоявию бадеии маснавии «Силсилат-уз-заҳаб»-и Ҷомӣ” (2016), 10 барнома ва дастури таълимӣ, беш аз 130 мақолаи илмӣ ва илмӣ- оммавӣ мебошад. Китобҳои “Мурғи саҳар”- и Маликушшуаро Баҳор (2006), “Таърихи адабиёти Эрон (ҷилди чаҳорум)” (2011) ва “Девон”- и Камолуддин Баноӣ (2012) (бо ҳамкории профессор Х. Шарифов), тазкираи “Маҷолис-ун-нафоис”- у “Хамсат-ул-мутаҳайирин”- и Алишер Навоӣ (2018) — ро ба чоп омода кардааст.

   Рисолаи докториашро бо унвони “Ҳафт авранг”- и Абдурраҳмони Ҷомӣ ва суннати офариниши силсиладостонҳо дар адабиёти форсӣ-тоҷикии асри XV” соли 2019 ҳимоя кардааст. Бо роҳбарии М. Низомӣ як нафар рисолаи номзадиашро ба анҷом расонда, дар арафаи ҳимоя қарор дорад, як докторант (Phd)  ва чор унвонҷӯ рисолаи номзадӣ навишта истодаанд.

   Фаъолияти омӯзгорию ҷамъиятӣ: солҳои 1995-2000 ассистенти кафедраи таърихи ададбиёти тоҷики ДДТ; солҳои 2000-2002 ҷонишини декани факултаи филология оид ба тарбияи ДДТ; солҳои 2002-2005 муаллими калони кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДДТ; солҳои 2005-2007 дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДДТ; солҳои 2007-2012 ҷонишини декани факултаи филологияи ДМТ оид ба илм; аз 2 -юми майи соли 2012 то 31-уми декабри соли 2012 директори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ; солҳои 2013-2016 докторанти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ; аз 2-юми январи соли  2016  достенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ.

   Аз 21-уми январи соли 2020 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” таъйин шудааст.

   Сармуҳаррири маҷаллаи илмии “Фарҳанг ва санъат”- и Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” мебошад.