Назарзода Маҳмуд Мирзо 13-уми ноябри соли 1985 таваллуд шуда, фориғуттаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 2008, ихтисоси лингвистика ва муоширати байнифарҳангӣ) ва Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикиситон (соли 2019, ихтисоси молия) мебошад. Солҳои 2010-2013 ҳамчун аспиранти кафедраи «Таърихи забон ва типология»-и факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намуда ва соли 2014 рисолаи номзадиашро дар мавзуи Лингво-культурного особенности примети в южном говорове таджикского языка (на материале Кулябских диалектов) ҳимоя кардааст. Соли 2020 бо Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сарфароз гардонида шудааст.
Муаллифи китобҳои илмии «Омӯзиши забони англисӣ дар амалия, «Grammar in practice»» (китоби дарсӣ), «Забони лотинӣ ва асосҳои истилоҳоти тиббӣ-фарматсевтӣ» (дастури таълимӣ барои донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ-фарматсевтӣ, «Deutsch забони немисӣ» (барои донишҷӯёни ғайритахассусӣ), «Забони англисӣ аз рӯйи ихтисос (дастури таълимӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ) ва «Лексикаи боварҳо дар лаҳҷаи ҷанубии забони тоҷикӣ» (монография) буда, инчунин, 11 мақолаи илмӣ, 3 дастури методӣ, 4 дастури таълимӣ ва мақолаҳои зиёди илмӣ-оммавиро ба нашр расонидааст.
Фаъолияти касбияшро ба сифати омӯзгори фанни забони мактаби таҳсилоти умумии №77 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (2006-2008) оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои омӯзгори фанни забони англисии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008-2013), омӯзгори фанни забони англисии кафедраи «Умумидонишгоҳии забони англисӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2012-2013), сармутахассиси шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз муассисаи олии таълимии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (2013-2015), сардори шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (2015-2020), мудири бахши муносибатҳои байналмилалии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020-2022), муовини сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (21.04.2022 — 05.08.2022), иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (05.08.2022 — 30.09.2022), сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022-2024) ва директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ» (17.10.2024 — 18.03.2025) бо дарки баланди масъулият ва рисолат кору фаъолият кардааст.
Аз 18-уми марти соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фаҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ифои вазифа карда истодааст.