Тағойзода Шаҳноза: муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва эҷодӣ
Барои тамос: индекс, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73 а , Бинои 1, Тел: (+992 37) 231-06-47; (+992)93.504.0990
E-mail: @mail.ru
Қисми тарбиявӣ ва эҷодии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзод кори худро дар асоси Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3-юми марти соли 2006, бо фармони №94 қабул шудааст, ба роҳ монда, мақсад аз он:
— дар амал татбиқ намудани амру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тарбияи насли наврас равона карда шудаанд;
— тарбияи мутахассисони варзидаи дорои илму маърифати баланди фарҳангиву сиёсӣ;
— зери назорати доимӣ қарор додан ва ба роҳ мондани кори тарбиявӣ дар факултетҳои донишкада ва роҳбарӣ намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии донишкада;
— татбиқи Қонуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҳамкорӣ бо волидайн;
— ҷалб намудани ҷавонписарон ва духтарон ба иштироки фаъол дар чорабиниҳои оммавӣ — сиёсии донишкада ва берун аз он;
— ҷалби ҷавонон ба иштироки фаъол дар чорабиниҳои варзишӣ ва тарбияи ҳаёти солим дар байни ҷавонписарон ва ҷавондухтарон;
— мунтазам ташкил намудани беҳтарин гулчини консертҳо дар толори консертии донишкада;
— ҷустуҷӯи роҳҳои нави пешниҳоди фаъолияти ҳунарӣ-эҷодии донишҷӯён;
— дар театри таълимӣ гирд овардани донишҷӯёни лаёқатманд ва таҳияи барномаҳои гуногуни эҷодӣ тавассути онҳо.
Дар қисми тарбияи донишкада Шӯрои ҳамоҳангсоз амал менамояд, ки дар ҳайати он инҳо фаъолият менамоянд:
— Бахшҳои корҳои тарбиявӣ;
— Иттифоқи касабаи донишкада;
— Шӯрои бонувони донишкада;
— Созмони ҷавонони донишкада;
— Шӯрои кураторон:— Шӯрои бадеӣ;
— Дастаҳои ҳунарии донишкада.