Пас аз пароканда шудани иттиҳоди шӯравӣ бо иғвою дасисаи душманони хориҷиву дохилии Тоҷикистони  тозаистиқлол ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ  кашида шуд ва ҳатто гурӯҳҳое  ҳамчун  хоинони миллат ба муқобили давлати хеш баромаданд. Тоҷикистон дар гирдоби оташу ҷанг мубталло  гардид.  Аммо дар ҷомеа барои пойдории  он кӯшиш намуданд ва мардумро  сарҷамъ  намудану ба ифоқа овардан коре буд на он қадар осон. Дар чунин лаҳзаҳои барои миллат тақдирсозро фарзанди фарзонаи халқ Эмомалӣ  Раҳмон, ки  зимоми давлатдориро ба даст гирифт ва аз рӯзҳои нахустин ба мардуми ҷафокашида ваъда дод, ки кишварро ба сулҳу салоҳ меорад.

   Баҳори соли 1992 баҳори  хунин, баҳори  пур аз оҳу нола, баҳори ноумедӣ дар зиндагии мардуми тоҷик буд. Овозаҳои даҳшатбори ҷанги таҳмили  рӯз ба рӯз мардумро печонида гирифта буданд,  сокинони ҷумҳури ба якдигар ба мисли бегона нигоҳ мекарданд.

   Таърих  собит намудааст, ки  ҳар давлат дар сурате бо низом пеш меравад,  ки агар мардум  якдилу як маром, дастгиру  пуштибонӣ  ҳам бошанд, аз тарафи дигар шукуфоии Тоҷикистон, ободии диёр,  некуаҳолии мардум бунёдкориҳои  рӯзафзун ва шаъну эътибори ҷаҳонии миллати куҳанбунёди мо ба ваҳдати миллӣ  алокаманд аст. Ваҳдати миллӣ ба ҳам омадани орзую омол,  манфиатҳову ҳадафҳо ва азму ниятҳост. Ҳанӯз заминаи ба вуҷуд омадани ваҳдати миллиро Пешвои миллат- асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон  гузошта буданд ва дар ин бора  чунин ибрози андеша намудаанд. «Мо вазифадорем аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем артишро созмон дода, милиса, кумитаи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро  мустаҳкам намоем, зеро  давлате, ки худашро маҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашонро таъмин карда наметавонад, аслан  арзише надорад».

   Имрӯз  таърихи гузаштаи мо собит  намуд, ки имкони барқарор ва афзун намудани  ваъзи  хуб вуҷуд дорад,  зеро ҳақиқатан  ҳаёти воқеъии аҳли Ҷумҳурӣ саодатмандии ҳамагонии шукуфоии миллат ва бештар аз ҳама Ваҳдати  миллӣ  барқарор аст

   Барои пойдории сулҳу вахдати миллӣ омилҳое вуҷуд доштанд, ки  пойдор гардидани ваҳдатро таҳрик бахшиданд, аз ҷумла  ба мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷеаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию  ҷаъмиятӣ  ва  сиёсии давлат таҳкими  сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ бо назардошти принсипҳои башардустӣ мақомоти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор кард,  ки аз 27 март то 25 ноябри  соли 1992 дар минтақаҳои  мухолифати мусалаҳона ҷиноят ё амалҳо ғайри қонуни содир карда, ба  ҷавобгарии  ҷинояти  интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд, ин ҳуҷҷатҳои муҳим ва қабули қонун  «Дар  бораи гурезагон», ки ба онҳо амнияти шахсӣ ва ёрии моддиву имтиёзҳои  имконпазирро кафолат медоданд  бори дигар собит намуд, ки сарвари нави Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон барои сохтани ҷомеаи  ҳуқуқбунёди демократӣ азму талош дорад  ва  ҳимояи  шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад. Минбаъд, ҷонисориву талошҳои пайвастаи сарвари халқпарвару сулҳҷӯй ва ваҳдат  шиори кишварамон  самараи нек ба бор оварданд ва 27 июни соли 1997 Созишномаи сулҳ  ва  ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ваҳдати миллии  халқи  тоҷик  ҳоло нерӯманду  устувор ва мағлубнопазир аст.

   Кишвардории сарвари давлат мардумро дар роҳи нерӯи фардосоз, масъулиятшинос, бунёдкору  созанда  ҳимоятгари  манфиатҳои миллату ватан ҳидоят намуда, дар андешаашон тафаккури солим парварда, ғурури ватандориашонро боло бурд ва пайрави Пешвои миллат шудан водор сохт ва шахри Душанбе, ки имрӯз ба маркази бузурги иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ табдил ёфтааст на танҳо гашту гузор ва ёфтани қуттии лоямут мушкил буд,  балки умеди зистан барои фардо аз дилу дидаи мардум рахт баста буд. Вақте Президенти кишвар ҳуҷҷати  сарнавиштсози сулҳро дар Маскав ба имзо расонда ба Душанбе баргаштанд, ба истиқболи онҳо кулли шоирону адибон ва рушанфикрони кишвар шитофтанд, дар ҳамон лаҳзаҳо устоди  равоншод Лоик Шералӣ шеъри «Сулҳи деринтизори мо омад»-ро суруданд, ки матлааш ин аст:

Раҳми Парвардигори мо омад.

Нури  Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад…

Ҷанги девонавори  мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

   Сарварӣ давлат, дар хақиқат, ба боварӣ изҳор намуданд, ки «Мо як мақсад дорем, дар Тоҷикистон барқарор кардани сулҳ ва салоҳ. Ман ҷони ҷавонамро ба гарав мемонаму аз ин роҳ барнамегардам.

   Имрӯзҳо дар пешорӯи ҷашни Ваҳдати миллӣ  гаштаю баргашта аз хизматҳои арзишманд ва беназири  сарвари давлат  ҳарф  мезанем, зеро барҳақ, маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдорӣ  чун сарвари оварандаи сулҳу ваҳдат шинохта шуд.  Албатта,  ҳамаи ин сулҳу субот ва  Ваҳдати комил бо сайъу кӯшиш ва ҷонисориҳои  фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон қабули «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ  ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»  аҳамияти арзишманд дорад. Ин воқеа дар вазъияти тезутунди  сиёсӣ  ва  мафкуравӣ ба  вуқӯъ омад ва ҷонибҳо дарк   намуданд, ки ягона роҳи наҷоти миллату давлат дар ҳамдигарфаҳмӣ  ва дӯстиву рафоқат таҷассум меёбад.  Соли 1997  ҳанӯз  ҳам баъзе аз  гурӯҳҳои тундчагол ва  душманони  дохиливу  хориҷӣ  фаъолияти  худро ба пинҳонӣ роҳ монда, бо сабабҳои гуногун монеъаи ин кори муҳим мешуданд,  лекин миллати сулҳпарвару тамадунофари тоҷик дарк кард, ки ягона омил барои саодатмандӣ  ва оромиву осоиштагии сулх ва вахдати миллӣ аст ва мебошад. Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистониён сулҳу ваҳдати хешро чун бузургтарин дороиву дастоварди миллӣ  химоят мекунанд ва аз ин ифтихор доранд.

   Аз баракати сулҳу вахдат имконият пайдо  намудем, ки дар ҳама соҳаҳои  хоҷагии халқ дар мудати 22 сол ба пешравиҳои назаррас ноил гардидем, ин ҳама аз як дилу яктан будани халқи аз азал бо фарҳангу сулҳофаринамон мебошад  ва муддати  кӯтоҳ  омилҳои  нангини душманҷӯиву одамбадбинӣ аз байн бурда шуд. Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки зарурияти ин зуҳуротҳо «Стратегияи миллии мубориза бар зидди терроризм ва ифродгароиро барои давраи то соли «2020» қабул намудааст, ки ба пешгирӣ  намудани  ҷиноятҳои  террористӣ  ва  экстремистӣ нигаронида шудааст. Ҳар як шаҳрванди солимақл бояд дарк намояд, ки ваҳдату ягонагӣ муассиртарин воситаи мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мебошад, бинобар ин ваҳдат як қувваи воҳид будани ҳамаи мо, Тоҷикистониён аст, зеро зӯри ангушт дар мушт аст, гуфтаанд бузургон.

   Ҳар қадар мо аз рӯзи қабули санади  сарнавиштсоз дур мешавем, ҳамон андоза қиммат ва аҳамияти он дар ҳаёти  халки тоҷик афзун мегардад. Дар воқеъ Ваҳдати миллӣ дар таҳкими сулҳу субот эҳсоси худшиносӣ ва худогохӣ ва шинохти асолати ҳар фард заминаи воқеӣ гузошт.

   Тайи  солҳои охир зиддияти байни давлатҳо оид ба масоили иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ ба низоҳои дохилӣ ва берунӣ тезутунд шуда истодааст. Решаи ин гуна нофаҳмиҳо, асосан, баъди пош хӯрдани давлатҳои иттиҳоди шӯравӣ оғоз гардид ва ба баъзе халқиятҳо имконият фароҳам овард, ки давлати мустақили худро таъсис диҳанд ва зимоми давлатдориро ба даст гиранд. Аммо Тоҷикистон  ҳамчун давлати мустақил  баробарҳуқуқии тамоми  халқиятҳоро дар асоси қонунҳои  қабулгардида  ба роҳ  монд. Ногуфта намонад, ки  пешрафти кишвари Тоҷикистон таблиғи илму дониш маърифат андӯхтан, тарбия додани мутахассисони замонавӣ, рушан намудани шуури сиёсии ҳуқуқи диннӣ,  назарӣ ва муқаррарӣ алоқамандии зич дорад. Бинобар ин, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои рушди комолоти инсонӣ соҳаи маорифро афзалиятнок дониста, ҳамчун  стратегияи давлат пешбинӣ намудааст.

   Хулоса,  имрӯз мусаллам аст, ки имзои сулҳномаи тоҷиконро  метавон зуҳуроти ақлу заковати миллати куҳанбунёдӣ точикон  маънидод намуд, чунки дастовардҳои бузурги раванди сиёсӣ дар Тоҷикистон дар фаъолияти сулҳофаринии инсоният садсолаҳои дигар хидмат намоянд.

 

                                                                        Номзади  илмҳои  педагогӣ, дотсенти

                                                                        ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода

                                                                        Кенҷаева  Зарина  Хайруллоевна