Боиси хушбахтист, ки мо – насли ҷавони кишвар дар ватани ободу зебо ва рӯ ба пешрафт зиндагӣ мекунем. Ин хуб аст, ки мо шоҳиди чӣ тавр гулгулшукуфоии он гашта, мекӯшем, то дар ин боғи пургул як гуле ҳам бошад аз заҳмати мо бишкуфад. Хуб аст дидани он ки ҷаҳон, ҳаёт аз ягон ҷиҳат пеш рафта, зуд – зуд дар назарамон дигаргуна ҷилва медиҳад. Боз ҳамин тавр хуб мебуд, ки сулҳу ваҳдат дар ҷаҳон ва Тоҷикистони соҳибистиқлоламон абадан пойдор бимонад. Ҳанӯз аз замони пайдоиши аввалин давлатҳо ин масъалаи гӯё начандон ҷиддӣ рафта-рафта, инак, ба як масъалаи глобалии боиси таваҷҷуҳи омма ба ин зуҳуроти миёншикани пешрафти ҷомеа гардид, ки сарчашмаи он иттифоқ набудани халқу миллат ва қавму мазҳабҳои гуногун байни худ ба шумор меравад. Бинобар ин, гузаронидани ҷамъомаду конфронсҳо ва роҳандозии корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ омили муҳим, баҳри пос доштани якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу субот дар кишвар ба ҳисоб меравад.

   Вобаста ба ин, 21 майи соли равон, бо ташаббуси кафедраи ҷомеашиносӣ дар синфхонаи 45 – уми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 22 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар бо иштироки устодони кафедра ва донишҷӯён – аъзои фаъоли гурӯҳи “Муаррихони ҷавон” доир гардид. Сараввал мудири кафедраи ҷомеашиносӣ – Зарина Кенҷаева бобати посдории Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки аз баракати сулҳу ваҳдат мо имконият пайдо намудаем, то дар ҳама соҳаҳо  муддати 22 сол ба пешравиҳои назаррас ноил гардем, ки ин аз якдилу яктан будани халқи аз азал бофарҳангу сулҳофаринамон шаҳодат медиҳад. Ҳар як шаҳрванди солимақл бояд дарк намояд, ки ваҳдату ягонагӣ муассиртарин воситаи мубориза бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуб мебошад. Бинобар ин, ваҳдат як қувваи воҳид будани ҳамаи мо — Тоҷикистониён аст, зеро “Зӯри ангушт дар мушт аст!” – гуфтаанд бузургон.

   Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки зарурияти ин зуҳуроти номатлуб ва ҳимоя аз хавфи он “Стратегияи миллии мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароиро барои давраи то соли 2020”  қабул намудааст, ки ба пешгирӣ намудани ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ дар ҷумҳурӣ нигаронида шудааст. Аз ҷумла, таъкид намуданд, ки  дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, махсусан ҷавонон, ки насли ояндасоз ва фардои дурахшони миллат мебошанд, нақши бузург доранд.

   Омӯзгори калони кафедраи ҷомеашионсӣ Раъно Имомалиева дар идомаи мизи мудаввар оиди таърихи мухтасари вазъияти давр ва баста шудани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”  маълумот дода, иброз дошт, ки маҳз баъди имзои ин созишномаи тақдирсоз мо икон пайдо намудем, ки бо аксари мамлакатҳои дунё ҳамкориҳои судманд ба роҳ монем. Яъне, ба гуфтае, агар сулҳу дӯстӣ пойдор бимонад, ҳамеша давлату миллат дар ҳоли рушду нумӯъ қарор гирифта, ба муваффақиятҳои бузург ноил мегардад.

   Ҳамчунин, донишҷӯи курси 2 – юми шуъбаи рӯзноманигори телевизион, аъзои фаъоли гурӯҳи “Муаррихони ҷавон”  Муҳаммади Мусо дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ – пояи сулҳ аст!” баромад намуда,  корнамоиҳои қаҳрамони сулҳовар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шуда, дар ин радиф ҷавононро ба сӯи иттифоқу ҳамбастагӣ ва пайравони Пешвои миллат будан даъват намуд. “Ин Ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадааст. Бояд мо-ҷавонон ҳамчун шахсияти баору номуси ин миллати куҳанбунёди сулҳдӯст рисолати фарзандии хешро дар назди Ватан-модар бошарафонаю фидокорона ба ҷо орем.”

   Ҳамин тавр, дар анҷоми мизи мудаввар омӯзгори калони кафедра М.Туғаев аз номи худ ва аз номи устодони кафедра  ба аъзои гурӯҳи “Муаррихони ҷавон” барои фаъолияти пурсамар дар соли таҳсили 2018 – 2019 изҳори сипос ва миннатдорӣ карда, ба онҳо дар ҷамъбасти соли таҳсил муваффақият орзу намуд.

 

Муҳаммадҷони ФАЙЗИМАД,

донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи рӯзноманигори телевизион