Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” вохӯриии судманд ҷиҳати иҷрои Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021, №187 тасдиқ гардидааст бо иштироки корманди масъули Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, полковник Афғонов Ашурмуҳаммад Муҳаммадшарифович, ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ, муовинони ректор, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.                Вохӯриро, ки ҳадафи асосии он тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ  ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳу субот, оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ, аз парокандагӣ  эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик, маҳкум намудани ақидаву афкори номатлуби гурӯҳҳои ифротӣ, муқовимат бо экстремизм ва терроризм ва пешгирӣ намудан аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ташкилотҳои фаъолияташон тибқи қонун манъшуда маҳсуб меёфт, ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, суханро ба корманди масъули Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, полковник Ашурмуҳаммад Афғонов дод.

Мавсуф дар мавзуи «Хатари терроризм ва экстремизм ба сохти давлатдории дунявӣ» суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ ҳизбу созмонҳое пайдо шуданд, ки фаъолияти онҳо дар асл ба ғайриқонунӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва дигар намудани сохти ҷамъиятӣ равона шуда буд. Онҳо чанд муддат тавонистанд ҷумҳуриро ба маҳалҳо ҷудо намуда, бо таҳдиду зӯроварӣ ва мардумфиребӣ ба силоҳнок намудани гурӯҳҳои алоҳида машғул шаванд. Дар натиҷа оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зада, дар ҷараёни он шумораи зиёди мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расида, ба сокинони мамлакат хисороти зиёд расонида шуд.

Зикр гардид, ки маҳз бо талошҳои шабонарӯзӣ ва ташаббусу иқдомҳои дурандешона ва сулҳхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ин раванди пурфоҷиа ва фалокатбор гирифта шуд. Дар натиҷа ба мо муяссар гардид, ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ шуруъ намоем.

Ашурмуҳаммад Афғонов дар бораи ҳизбу гурӯҳҳо ва ташкилотҳои терористию экстремистии фаъолияташон тибқи қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда маълумоти муфассал дода, ҳозиринро аз мақсадҳои ғаразноку нопоки онҳо огоҳ намуд.  Таъкид гардид, ки фаъолияти ин гурӯҳҳо  пурра алайҳи расидан ба ормонҳои миллии мо равона гардида, хатари ҷиддӣ ба сохти давлатдории дунявӣ доранд. Мо бояд бо ҳамдастӣ бо сохторҳои низомӣ ба афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ муқовимат намуда, манфиатҳои миллию давлатии худро содиқона ва бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ҳифз намоем. Ба ҳамагон маълум аст, ки терроризм ва экстремизм имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб карда, абарқудратҳо ба воситаи он манфиатҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд.
Вусъатёбии фаъолияти чандин гурӯҳҳои террористиву тундгаро, аз қабили «Ҳизби наҳзати исломӣ»,«Давлати исломии Ироқу Шом» (ДОИШ), «Ал-Қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Туркистон», «Ансоруллоҳ», «Салафия», «Ихвон-ул-муслимин»  ва монанди инҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро водор месозад, ба масъалаи мазкур диққати махсус дода, ҷомеа ва махсусан ҷавононро нагузорем, ки зери таъсири ақидаҳои ифротӣ монда, гумроҳ гарданд.

Корманди масъули Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, полковник Ашурмуҳаммад Афғонов дар анҷоми суханрониаш тазаккур дод, ки бояд ба маданияти истифодаи интернет таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Ҷавонон дар мавриди пайваст шудан ба интернет бояд аз мутолиа, тамошо ва паҳн намудани мақола ва наворҳои аъзои фаъоли ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъгардида худдорӣ намоянд.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бори дигар ба намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои вохӯрии судманд ва суханронии пурмуҳтаво изҳори сипосгузорӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро муфид арзёбӣ намуд. Мавсуф мавзуи баррасишударо арзишманд ҳисобида, зикр намуд, ки мо бояд баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар, ки яке аз сарчашмаҳои асосии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ мебошад, инчунин азхудкунии донишҳои зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динии ҷавонон саҳмгузор бошем. Таъмин намудани суботу амнияти ватан рисолати муқаддаси ҳар ватандор мебошад, зеро пойдории саодат аз субот аст. Аз ин рӯ, ба мо зарур аст, ки тамоми ақлу заковат, дониш ва таҷрибаи ҳаётии худро ба он равона созем, ки  ҳодисаҳои шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ намуда, ҷиҳати аз байн бурдани ин ҳаводис кӯшиш намоем.

Синои АБУАЛӢ