Субҳи 1-уми марти соли 2020 дар участкаи интихоботии №33/62-и ноҳияи Синои пойтахт, воқеъ дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои пойтахт бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар участкаи интихоботӣ тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба интихобот тамоми меъёрҳои муқарраргардида роҳандозӣ шуда буданд. Хонаи модару кӯдак ва бунгоҳи тиббӣ дар ихтиёри ниёзмандон қарор доштанд.
[metaslider id=2968]
Дар интихобот мушоҳидони байналмилалӣ аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ва мушоҳидони миллӣ ҳузур доштанд. Дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ, ки дар фазои озоду шаффоф баргузор гардид, 1301 нафар интихобкунанда ширкат варзид. Онҳо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ ба ҷонибдории номзади арзандаи худ раъй доданд.
Ба участкаи интихоботӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ташриф оварда, мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ ба ҷонибдории номзади арзандаи худ овоз доданд. Дар ин маърака ҷавононе низ фаъолона ширкат варзиданд, ки ба синни 18 расида буданд. Онҳо аз ҷониби раисони участкаи интихоботии №33/62 бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Тавре раисони участкаҳои интихоботии мазкур Бозорбой Холов, Сафар Гулназаров ва Лутфулло Ниёзов иттилоъ доданд, интихобот ба таври шаффоф баргузор гардида, интихобкунандагон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарафдории ҳизбу номзадҳои арзандаи худ овоз доданд.
Зафари ШАРИФ,
мудири кафедраи китобхонашиносӣ
ва библиографишиносӣ