Бо иқдоми кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии Факултети  китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи илмии Муассисаи давлатии таълимии  «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» маҳфили илмии «Муҳаққиқони ҷавон» дар мавзӯи  «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ»  баргузор гардид.  Дар он  муовини директори Муассисаи давлатии  «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»  Маҳмудов Гадобег ширкат варзид.

   Сараввал роҳбари маҳфил н.и. таърих омӯзгори калон Мамадазимова Майрам ҳозиринро бо рӯзномаи маҳфил шинос намуд. Сипас у барои суханрони декани факултет Бозорбой Холовро ба минбар даъват намуд.

   Маҳфилро декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, профессор   Бозорбой  Холов бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Ба гуфтаи ӯ, маҳфили илмии «Муҳаққиқони ҷавон» ҳар моҳ як маротиба  дар синфхонаи бо технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ муҷаҳҳаз баргузор мегардад. Ҳадафи асосии баргузории маҳфил ҷалби магистрантон, аспирантон, докторантон ва донишҷӯён ба пажӯҳиш ва пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад.

[metaslider id=3143]

   Декани факултет Бозорбой Холов зикр намуд, ки омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳанг ва ҳунар дар маркази  таваҷҷуҳи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Зикр гардид, ки роҳбарияти олии мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва вохӯрӣ бо намояндагони зиёиёни кишвар, инчунин, Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар масъалаҳои барои рушди кишвар ҳаётан муҳим ба проблемаҳои китобу китобдорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки мутахассиси оянда бояд дорои тарбияи воло ва  донишу малакаи замонавии касбӣ буда, аз дастовардҳои техника ва технологияи муосир огоҳӣ дошта бошад.

   Сипас, дотсенти  кафедра Ғуломзода Қурбон  перомуни мавзӯи мавриди баррасӣ қарор  гирифта ибрози андеша  намуда, қайд намуд, ки  ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ самтҳои гуногуни фарҳанг, махсусан фарҳанги китобу китобдорӣ хеле пеш рафта, дар низоми арзишҳои маънавии ҷомеа мақоми шоиста ва устувор  касб  кард.  Ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба китобу китобдорӣ, ки аз сиёсати мароифпарварона ва фарҳангдӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, омили асосии рушди фаъолияти китобдорӣ гардида, китобхонашиносӣ ва библиографишиносии ватанӣ ҳамчун соҳаҳои мустақили дониш ташаккул ёфта, дар байни афкори китобдории ҷаҳон мақом ва мавқеи устувор пайдо намуданд.

   Мавсуф зикр намуд, ки барои он ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба тарғиби китоб ва дигар масъалаҳои ба он вобаста дар сатҳи зарурӣ дар амал татбиқ гардида, сатҳи фарҳанги мутолиаи китоб дар ҷомеа баланд бардошта шавад, нахуст бояд оид ба вазъи мутолиаи китоб дар мамлакат  таҳқиқоти сотсиологӣ гузаронида шуда, зимни натиҷагирии он омилҳои паст шудани сатҳи китобхонию китобдӯстӣ муайян шаванд; сипас, бо ҷалби мутахассисону коршиносони соҳаи  китобдорӣ Консепсияи вижаи тавсеаи  фарҳанги мутолиаи китоб дар Тоҷикистон таҳия гардида, барои татбиқи нишондоди он шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Ҳамзамон, тавре, ки дар Паём зикр гардид, вазорату идораҳои дахлдор барои тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ корҳои амалии таъсирбахшро анҷом диҳанд. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд ҳафтае як соат барои мутолиаи китоб ҷудо карда шавад, то дар замири наврасону ҷавонони мо фарҳанги китобхонӣ ташаккул ва рушд ёбад. Илова бар ин, китобхонаҳо новобаста аз тобеияти идоравӣ барои баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа ва арзиши иҷтимоию фарҳангии мутолиаи китоб тадбирҳои мушаххас андешанд. Зеро дар замони муосир муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа мавҷудияти дониш ва иттилооти тозаву арзишманд маҳсуб меёбад. Дар навбати худ, иттилооту дониши нав аксаран дар заминаи мутолиаи китоб ва дигар сарчашмаҳои илмию адабӣ ба даст меояд. Вобаста ба ин,  Пешвои миллат дар Паёми хеш қайд намуданд, ки «роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд».

   Мавриди зикри хос аст, ки ҳар як нуктаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи омӯзиши дақиқи вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар, завқи бадеӣ ва зебоиписандии шаҳрвандони мамлакат дар шароити ҷаҳонишавии фарҳанг, инчунин авзои доимотағйирёбандаи ҷаҳони муосир тарҳрезӣ ва ироа гардид. Дар Паём қайд гардид, ки «ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад».

   Воқеан, имрӯз пайомадҳои манфии раванди ҷаҳонишавиро дар рафтору гуфтор, тарзи либоспӯшӣ, завқи бадеиву зебоиписандии ҷавононе, ки аз таъриху тамаддуни аҷдодӣ ба қадри кофӣ огоҳ нестанд, мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат бо ҳисси баланди масъулият нисбат ба имрӯзу ояндаи насли навраси тоҷик қайд намуданд, ки «олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд».

   Сипас магистри соли 1-уми кафедра Наботов Шариф дар мавзӯи «Ҳидоятҳои Пешвои миллат ба донишандӯзӣ ва хештаншиносӣ» баромад намуда,  аз ҷумла иброз доштанд: тарғибу ташвиқи фарҳанги мутолиаи китоб тавассути васоити ахбори омма аҳамияти муҳимро дорост, вале ҳидоят ва таъсири маънавии  падару модар ва ёру бародарон ҳамоно муассиртар аст. Хурсандиовар аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои кито аст”, ки имрӯз бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат дар саросари кишвари азизамон–Тоҷикистон ҷараён дорад, маҳз ба ҳамин мақсад, яъне ба оммавигардонии хониш равона гардидааст.

   Шоистаи зикр ва таҳсин аст, ки ҳар як иқдом ё санаде, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавони имрӯза ва умуман мардуми Тоҷикистон мегардад.

   Дар охир ба чанд суоли ҳозирин посухҳои мушаххас гардонида шуд.

 

 Мамадазимова МАЙРАМ
номзади илмҳои таърих,
омӯзгори калон.
Зафари ШАРИФ,
мудири кафедраи
 китобхонашиносӣ ва
библиографишиносии
МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода».