Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати бисёр қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше будаанд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиёнӣ» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ маҳсуб меёфт.
Парчами миллӣ волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Ранги сурх — озодиву истиқлол, ранги сафед — сулҳу оромӣ, ранги сабз — ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллат башорат медиҳад.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун иҷлосияи сарнавиштсоз ва саодатбахши миллӣ сабт гардид, рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон — Парчами давлатӣ қабул карда шуд. Пас аз қабули Парчами давлатӣ ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд ва ба рушди минбаъдаи кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои бонфузи минтақавию ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи мо мебошад.
Дар ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта афроди бадхоҳу баднияте буданд, ки мехостанд ин миллати куҳанбунёдро нобуд ва фарҳангу тамаддуни чандҳазорсолаи онро поймол созанд. Хушбахтона, онҳо ба ниятҳои нопоки худ нарасиданд. Касби Истиқлолият ва қабули рамзҳои давлатӣ бори дигар собит сохтанд, ки ин миллати тамаддунофар ва фарҳанги пурғановати онро ҳеҷ неруи бадхоҳе, ба ҳеҷ ваҷҳ, шикаст ва нобуд карда наметавонад.
Имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Парчаме, ки баландиаш 165 метр, дарозиаш 60 метр ва паҳноиаш 30 метрро ташкил медиҳад ва он соли 2011 дар пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе барафрохта шуда буд.
Парафшонии парчам, пеш аз ҳама, дар замири ҳар як шаҳрванд ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандориро бедор менамояд. Инак, мо миллати фарҳангдӯсту фарҳангпарварро мебояд, ки пайваста ҷаҳду талош намоем, то Парчами миллиамон ҳамеша парафшон бошад. Мо -насли ҷавонро зарур аст, ки бо хониши хубу аъло ва садоқат ба муқаддасоти миллӣ марзу буми Ватанро аз ҳар гуна таҳдиду хатар ва ниятҳои нопоки бадхоҳони миллат эмин нигаҳ дорем.
Дар охир мехоҳем самимият ва садоқати худро ҳамчун шаҳрванд ба ин Ватан ва ин Парчам бо чанд мисраи шоир баён намоем:
Дирафши Коваи оҳангарӣ, эй Парчами миллӣ,
Намоди эътиқоду боварӣ, эй Парчами миллӣ.
Тамошои туро танҳо сари боло тавонад кард,
Фидоят ман шуҷоатофарӣ, эй Парчами миллӣ.
Султон ҚОСИМОВ,
мудири хоҷагии донишкада