Рӯзи Рӯдакӣ ҳамасола, 22 — юми сентябр, дар саросари мамлакат бо баргузории семинару конфронсҳо, суҳбату ҳамоишҳо ва вохӯрию мулоқотҳо бо аҳли илму адаб ва фарҳанг таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода низ, 20 сентябр, чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ректори донишкада, доктори илми фалсафа, профессор Хайридин Усмонзода, ноибони ректор, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

   Дар оғози чорабинӣ порчае аз филми «Қисмати шоир» ба намоиш гузошта шуд. Сипас, композитсияи адабӣ-мусиқии «Бӯи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме…» аз ҷониби донишҷӯёни шуъбаи рӯзноманигории факултаи кино, театр ва телевизион пешкаши иштирокдорони ҳамоиш гардонда шуд.

   Ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайридин Усмон зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ аз осори пурғановати тавонотарин шоири даврони Сомониён, бунёдгузори адабиёти тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ёдовар шуда, аҳамияти ашъор ва осори ӯро дар тарбияи худшиносию худогоҳии ҷавонон муҳим арзёбӣ намуданд. Зикр сохтанд, ки панду ҳикматҳои устод ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, нигоҳи тоза, ватандӯстию хештаншиносӣ, некию накӯкорӣ, дӯстию бародарӣ ҳидоят карда, паёми ахлоқии миллатро тавассути забони ноби тоҷикӣ аз насл ба насл интиқол медиҳанд. Ашъори устод Рӯдакӣ пур аз ҳикмат ва таҷрибаи рӯзгор мебошад. Порчаҳои назмию насрии устод ифодакунандаю ҳидоятгари роҳи  илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ буда, ҷаҳони маънавии хонандаро ғанӣ мегардонанд.

   Дар доираи чорабинии бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ барномаи ҷолиби консертӣ бар ашъори устод Рӯдакӣ пешкаши ҳозирин гардонда шуд. «Уфари насри сегоҳ» дар иҷрои ансамбли Шашмақом таҳти роҳбарии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоиршох Ҳайдаров, «Ушшоқи Рӯдакӣ» дар иҷрои  Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хурсандмурод Зарифов, «Бе рӯи ту» дар иҷрои омӯзгори кафедраи фортепиано ва гузориши овоз Достон Холов, «Бихандад лола…» дар иҷрои  омӯзгори калони кафедраи фортепиано ва гузориши овоз Дилбар Шарипова ва дигар суруду рақсҳои дилнишин хотири аҳли нишастро болида гардонданд.

   Ёдрас мешавем, ки дар хотирмон гузаштани ин чорабинии муҳими фарҳангӣ саҳми Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессори кафедраи намоишҳои театрикунонида ва идҳо, раиси Шӯрои бадеии донишкада Сафаралӣ Қурбонов  (муаллифи сенария), роҳбари бадеӣ Рустам Воҳидов, саркоргардон — Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, профессори кафедраи маҳорати актёрӣ Тағоймурод Розиқов ва роҳбари мусиқӣ Хурсандмурод Зарифов назаррас мебошад.

 

     Парвона ҚАҲҲОРОВА,

гирандаи Стипендияи Призидентӣ,

донишҷӯи курси 4 — уми шуъбаи рӯзноманигори ТВ