Чанд сол аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар арафаи соли нави мелодӣ ироа мешавад ва тибқи ин суннат, имсол низ саҳари рӯзи 26 декабри соли ҷорӣ дар зарфи се соат манзури вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳозирин гардид. Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тайи се соат дар доираи Паём паҳлуҳои муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Албатта, дар ҳудуди се соат таври системавӣ мавриди таҳлил қарор додани фаъолияти солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон мунсифона расидагӣ намудани мушкилоти ҷойдошта дар самти сиёсати иҷтимоии давлат маҳорати бозшиносии вежаро тақозо мекунад ва Сарвари давлат, бо такя ба собиқаи раҳбарӣ тавонист, ки дар муддатзамони муайян на танҳо аз муваффақиятҳо сухан дар миён биоварад, балки камбуду мушкилоти мавҷударо дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ва ниҳодҳои иҷтимою маданӣ бозгӯ кунад ва ҷиҳати ҳалли мушкилот роҳҳалҳои муассир манзур созад.
Чанд нуктаро, ки аз муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, ба таври иҷмолӣ таъкид мекунем:
Якум. Сарвари давлат дар Паёми имсола сухани ифтитоҳиро бар мабнои сиёсати иқтисодии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан, низоми бонкӣ ироа дошта, дар ин замина афзуданд, ки дуруст ба роҳ мондани низоми мудирияти бонкӣ имконияти мусоид фароҳам меоварад, ки давлат ва ҷомеа дар масири рушд ҳаракат намоянд. Гузашта аз ин, Сарвари давлат таъкид карданд, ки дунбол кардани ҳадафи чаҳоруми стратегии давлат — саноатикунонӣ ба ҳадафи стратегии давлати миллӣ дар чанд соли ахир табдил ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ба кишвари саноатӣ ё ба истилоҳ, индустриалӣ табдил додани кишвар аз кормандони сохторҳои давлатӣ, махсусан блоки иқтисодии Ҳукумат масъулият, касбият, фаросат, фазилат, донишу маҳорат ва ҳимматро тақозо мекунад. Дар зимн, силсилаи тадбирҳое, ки тайи чанд соли ахир дар самти сохтмони корхонаю иншоотҳои саноатӣ дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ анҷом мегиранд, ҳадафи стратегии давлатро, ки дар Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 инъикос ёфтааст, таҳаққуқ мебахшанд. Саноатикунонӣ, қабл аз ҳама, ба чигунагии сохтмони истгоҳҳои барқи обӣ бастагӣ дорад ва дар зимн, Сарвари давлат аз татбиқ шудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ёдовар шуда, доир ба Истгоҳи барқи обии “Себзор”-и ВМКБ таваққуф намуда, мужда доданд, ки Ҳукумат соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ин иншооти муҳимми стратегиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад. Дар шароите, ки талаботи аҳолӣ сол ба сол ба неруи барқ меафзояд, қонеъ кардани ин навъ талабот барномарезиҳои мушаххаси давлатиро тақозо менамояд. Хушбахтона, сохтмон, тармиму таҷдид ва навсозии неругоҳҳои барқи обӣ боиси бо қувваи барқи ватанӣ таъмин гардидани аҳолии мамлакат гардидааст. Ҳамчунин, дар масъалаи таъмин кардани корхонаҳои саноатӣ бо неруи барқ мушкил ҷой надорад. Аммо мушкили асосӣ талафоти неруи барқ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошад. Аз сӯйи дигар, Сарвари давлат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии назди вазорату идораҳои давлатӣ дуруст фаъолият намекунанд ва ин вазъият татбиқи сиёсати давлатиро дар самти саноатикунонӣ дучори таъхир мекунад.
Дуюм. Масъалаи таъмиру тармими роҳҳо ва масоили марбут ба он дар доираи Паёми имсола мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ барои таҷдиду навсозии роҳҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ 40 млн сомонӣ масраф гардидааст. Сарвари давлат Вазорати нақлиёт ва мақомоти идораи амволи давлатиро муваззаф сохтанд, ки ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳои зиддитармавӣ маблағҳои зарурӣ дарёфт намоянд. Дар чанд соли ахир таҷдиду бозсозии роҳҳо аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва идома додани иқдомот дар ин самт ба манфиати халқу ватан аст. Ин аст, ки тайи соли ҷорӣ тавассути маблағгузории аҳолӣ ва соҳибкорони ватанӣ 1450 км роҳ таҷдид ва навсозӣ шуд. Давлату Ҳукумати кишвар, — таъкид карданд Президент, — аз корнамоии соҳибкорони ватанӣ дар заминаи навсозии роҳҳои нақлиётӣ, сохтмони иншоотҳои замонавӣ, таҷдиду бозсозии муассисаҳои соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, ҳамчунин кумак ба осебдидагону бепарасторон ва хонаводаҳои дармонда ҳамеша қадрдонӣ мекунад.
Сеюм. Масъалаи тахсис додани ҷойҳои корӣ дар доираи Паём матраҳ гардида, Президенти кишвар ҳангоми баррасии ин ё он соҳа ба таври бевосита ва бавосита ба он таваҷҷуҳ намуданд. Зимни баррасии матлаб Президент ба мақомоти давлатӣ дастур доданд, ки ҳамасола на камтар аз 100 ҳазор ҷойи корӣ барои шаҳрвандон тахсис диҳанд, то мушкилоти бекорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ роҳи ҳалли худро пайдо намояд. Ҳалли масоили бекорӣ тавассути ҷудо намудани ҷойҳои нави корӣ, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани насли ҷавон ва миёнсоли ҷумҳурӣ, ба танзим даровардани фаъолияти бахшҳои шуѓли аҳолӣ, осону сода намудани ҳуҷҷатгузорӣ дар заминаи андозситонӣ, барҳам додани бюрократизм ё расмиятчигии идорӣ, роҳ надодан ба санҷишу аудитҳои молиявии нолозим, ки аз ҷониби мақомотҳои зиддахл сурат мегиранд, муқовимати давлатӣ ва иҷтимоӣ бо хатарҳои глобалии терроризму экстремизм, муборизаи саросарӣ алайҳи ришвахорӣ ва ришваситонӣ вазифаи масъулини давлатӣ ва ҷомеаи маданӣ мебошад. Президенти мамлакат ҳалли мушкилоти мавҷуда ва расидан ба ҳадафи чаҳорум – сохтмони кишвари саноатӣ-индустриалии муваффақро ба заҳмати софдилона ва хизмати бовиҷдононаю содиқонаи масъулини давлатӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ вобаста донист.
Чаҳорум. Дар Паём зикр гардид, ки Тоҷикистон дар қатори се кишвари тавлидкунандаи энергияи сабз дар ҷаҳон муаррифӣ шудааст. Аммо мушкили асосӣ сари он аст, ки аз таъсири гармшавии иқлим беш аз ҳазор пирях об шуда, аз байн рафтааст. Вобаста ба ин, Сарвари давлат ишора карданд, ки корро дар самти омӯзиш ва таҳқиқи пиряхҳо ҷиддӣ бояд намуд, то ҳалли мушкилоти мавҷуда осонтар гардад. Мушкили дигар, сол ба сол афзоиш ёфтани заминҳои бекор, аз ҳосил бозмондани заминҳои обӣ аст. Камбуди борону барф ва зиёд шудани гармӣ боиси пойин рафтани ҳосилнокӣ мегардад. Аз рӯйи ҳисобҳо, зиёда аз 40 гектар замин дар як сол дар ҳолати бекорӣ ва корношоямӣ қарор мегиранд. Аз ин рӯ, Президент ба масъулини мақомоти марбута дастур доданд, ки дар самти барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Панҷум. Президенти мамлакат масъалаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро дар доираи ду Паёми ахирӣ мавриди баррасӣ қарор дода, дар ин бобат ҷиддӣ таваққуф карданд. Аз ҷумла ишора шуд, ки дар ҷумҳурӣ рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар чанд соли ахир ба мушоҳида мерасад. Пешниҳод гардид, ки барои рушди деҳот, тақвияти инфрасохтори сайёҳӣ корҳои ҷиддӣ рӯйи даст гирифта шавад. Беҳтар кардани шароити инфрасохтори сайёҳӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар соли 2020 дар авлавияти сиёсати сайёҳии Ҳукумат қарор гирифт. Ҷиҳати рушди сиёсати давлатӣ дар самти сайёҳӣ, Президенти кишвар аз додани раводиди чандкарата ба кишварҳое, ки дар инфрасохтори сайёҳӣ саҳм гузоштаанд, суҳбат кард. Зимнан, Роҳбари давлат бо мақсади содагардонии асноди марбутаи ҳамватанони бурунмарзии мо, ки дар Тоҷикистон зода шудаанд, масъалаи додани раводиди бисёркаратаи сесоларо матраҳ кард, ки ҳамовозии ҳозиринро ба бор овард. Воқеан, боло бурдани сатҳи хизматрасонӣ, омода намудани мутахассисони забондон, роҳбаладҳои кордон аз зумраи талаботҳои имрӯзаи низоми сайёҳист. Бо ин мақсад, Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ таъсис дода шавад.
Шашум. Илму маорифро Сарвари давлат пойдевори низоми давлатдории дунявӣ хонданд. Ба ин далел, тазаккур доданд, ки давлат ва миллат бидуни илму маориф ҳеҷ аст ва ҳузури фаъоли маорифчиёну зиёиён, ки муаррифгари давлат ва миллатанд, дар умури сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ амри бебаҳс аст. Аммо, мутаассифона, сатҳи донишу маърифат ва ҷаҳонбинии хонандагон ва муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ҳанӯз ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Аз ин рӯ, Сарвари давлат ба он ишора фармуданд, ки раҳбарияти маорифи кишварро зарур аст, сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардорад. Ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеию илмӣ ва таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои табиӣию риёзӣ аз мушаххасоти давр ва ҷаҳони муосир аст. Ба хотири ташаккул ва рушди тафаккури техникӣ Сарвари давлат солҳои 2020-2040-ро ба унвони “Бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ” эълом кард.
Ҳафтум. Таваҷҷуҳ ба забони миллӣ, ки унсури муҳимтарини сиёсати давлатист, дар Паёмҳои Президенти мамлакат ҷойгоҳи вижа дорад. Бо забони шево ва шоиронаи модарӣ суҳбат карда тавонистан, онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастии миллат шинохтан, ба сифати симои миллат муаррифӣ кардани забони миллӣ асл ва шарти миллатсозӣ ва давлатмадорист. Забондонӣ ва эҳтиром ба симои миллӣ, ки дар забони давлатӣ зоҳир мегардад, дар раъси сиёсати давлати миллӣ қарор дорад. Дар ин замина Президент ба китоб ва китобхонӣ ҳамчун арзиши олии маънавӣ таваҷҷуҳ намуда, чопи мунтазами китобҳои заруриро тавсия дод. Аз ҷумла дастур доданд, ки аз дастгоҳи иҷроияи Президент сар карда, то тамоми мақомоти давлатӣ, ҷамоатҳо, ширкату ташкилотҳо бояд дорои як китобхона бо фарогирии китобҳои бадеӣ ва илмию оммавӣ бошанд. На танҳо насли наврасу ҷавон, балки насли миёнсолу солманд ҳам бояд ба раванди китобхонӣ ҷалб шавад, то ин ки хурофоту таассуби динию мазҳабӣ ва сиёсию идеологӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ реша надавонад.
Ҳаштум. Сарвари давлат дар хитоб ба аҳли илму маорифи ватанӣ, зикр карданд, ки таърихи пурифтихори миллати тоҷикро, ки дар хотираи миллат ҳифз шудааст, дуруст омӯзанд ва миёни ҷомеа ба таври бояду шояд ташвиқ намоянд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва вуруди бесобиқаи унсурҳои фарҳанги бегона рӯ овардан ба таърихи миллӣ, донистани аҷдодони худ, арҷгузори ба насли ориёиро Раҳбари давлат вазифаи муҳим ва рисолати имрӯзии давлат ва ҷомеаи тоҷикӣ талаққӣ карданд. Ҷиҳати дуруст омӯхтани таърихи бумӣ, чеҳраҳои бузурги миллӣ ва билохира муаррифии шахсиятҳои сазовори ватанӣ Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро чоп карда, аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як хонаводаи кишвар туҳфа намояд. Ин иқдоми Раҳбари давлат сазовори таҳсину офарин аст.
Нуҳум. Дар бахши хотимавии Паём Сарвари давлат ишора карданд, ки барномаҳои қабулшуда ва қарорҳои Ҳукумат бевосита ба пешрафти ватан, ободии давлат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум иртибот доранд. Президенти кишвар бо ҷиддият фармуданд, ки мо миллати тамаддунофар ҳастем ва бояд бо пиндору кирдору рафтори нек дар рушди кишвар, тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми азизамон саҳми муносиб бигузорем. Барои амалӣ кардани ҳадафҳои бузурги давлатӣ ва миллӣ аз тамоми имконот истифода бояд бурд.
Н. Нуров
устоди кафедраи филологияи ДДФСТ ба номи М. Турсунзода