Дирӯз дар толори хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  вохӯрӣ бо донишҷӯёне, ки дар хобгоҳи донишкада истиқомат мекунанд  бо мақсади баррасии  мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ  Абдуллоҳи Раҳнамо  таҳти унвони “Мавқеъи Тоҷикистон ё чаро Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест”  баргузор гардид.      Омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии донишкада Изатуллозода Р. дар бораи мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ  Абдуллоҳи Раҳнамо  маълумоти муфассал дода, аз ҷумла қайд кард, ки солҳои охир масъалаҳои марзии байни Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Қирғизистон  ба миён омадааст, ки роҳи ҳаллу фасли он  то  ба ҳадди муаммои сарбаста расидааст. Дар муддати  зиёда аз 20 соли музокироти Тоҷикистон бо ҷониби Қирғизистон созишномаҳои зиёде  дар мавзуи ҳалли масъалаҳои  сарҳадӣ ба имзо расонида шудаанд,  ки бо тағйирёбии қувваҳои сиёсӣ ва гузашти вақт иҷрои муқаррароти ҳуҷҷату санадҳо доимо ба таъхир меафтад.

       Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба таълим н.и.п., дотсент Махсудзода Ф.М,  муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ  н.и.п., дотсент Хайруллозода Б.Х, муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва иҷтимоӣ н.и.п., дотсент Наимзода Д.Н., деканҳоии факултет ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок ва дар доираи мавзуъ суханронӣ намуданд.

      Дар охир иштирокдорон ба чунин хулоса омаданд, ки мақолаи мазкур баҳри баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва тақвияти рӯҳияи ватанпарастиву ваҳдату ягонагӣ саҳми босазо мегузорад.

 

Дилшод УМАРОВ.

Шавқат ЗУҲУРОВ.