Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо мақсади омода намудани устодону донишҷӯён барои иштирок кардан дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», Илм-фурӯғи маърифат” ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо иштироки раёсати донишкада, декани факултаҳо ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ ҷаласа баргузор гардид.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳридин Низомӣ перомуни мавзуи матраҳшаванда ибрози назар намуда, зимнан тазаккур дод, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 доир мегардад.
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар доир мегардад. Озмуни «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд гузаронида мешавад. Озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-155 тасдиқ шудааст, бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки васеи донишҷӯён, магистрантону докторон аз рӯи ихтисос (PhD) ва омӯзгорон баргузор мегардад.
Ректори донишкада ба масъулон супориш дод, ки барои дар сатҳи баланди ғоявию ташкилӣ баргузор намудани озмунҳои фавқуззикр тамоми имкнияту воситаҳоро истифода баранд ва саъю талош намоянд, ки намояндагони муассиса дар ин озмунҳо маҳорати баланди касбӣ ва ҳунарӣ нишон дода, ҷойҳои намоёнро соҳиб шаванд.
Дар ҷаласа, инчунин перомуни мавзуи пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ ибрози назар карда шуд. Зикр гардид, ки ин гурӯҳҳо барои ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, ректори донишкада таъкид намуд, ки қисми тарбия ва садорати факултаҳо бояд барои тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ тадбирҳои муассир андешида, махсусан дар дарсҳои тарбиявӣ ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, донишҷӯёнро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Додоҷон РӮЗИЕВ