Таҳти ҳамин унвон бо ибтикори кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” 18-уми майи соли равон дар толори Шӯрои олимони донишкада Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар он директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон Хол, директори Муассисаи нашриявии “Ирфон”, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбон Ғуломзода, Шосаидзода Сафар Ҳасан, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, муовини ректори Донишкадаи технологии Тоҷикистон Ситора Абдумуминзода ва дигар мутахассисони соҳа аз вилоятҳои Суғду Хатлон, инчунин устодони донишкада иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба конференсия ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, зимнан тазаккур дод, ки китобу китобдории тоҷик ҳамчун соҳаи мустақил дар замони истиқлолият рушди бемайлон намуд. Аз як тараф, барои заминаи моддиву иқтисодӣ ва ҳуқуқии рушди соҳаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконоти васеъ фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар дар таҳкими назариявӣ, илмӣ — методӣ ва амалии он муҳаққиқону мутахассисони соҳа саҳми бориз гузоштанд.
Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобро на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳимми тарбияви маънавӣ маънидод намуданд. Дар маросими гузоштани хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон, 4 сентябри соли 2007, аз ҷумла иброз доштанд: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти китобдорӣ дар мамлакат минбаъд низ тадбирҳои судманд меандешад».
Ба гуфтаи ректори донишкада, ҳоло наздик ба 3000 нафар хатмкардагони факултет дар китобхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар самаранок кор карда истодаанд. Бо ширкати устодони факултет Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Барномаи давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» таҳия гардид. Таҳқиқи мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии «Таҳаввули китобхонаҳо дар даврони ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ» ба охир расида, тахқиқи лоиҳаи нав бо унвони «Таҳқиқи салоҳияти инноватсионии китобдорон дар раванди хизматрасонии китобдорӣ-иттилоотӣ» идома дорад. Қобили тазаккур аст, ки дар доираи маблағҳои лоиҳаи мазкур як дастури таълимӣ бо унвони «Фаъолияти инноватсионӣ – методии китобхона», 2 барномаи таълимӣ аз чоп баромаданд. Конференсияи имрӯза низ маҳз дар доираи лоиҳаи мазкур бо унвони «Низоми такмили ихтисос ва омодасозии китобдорон дар ҷумҳурӣ: вазъият ва дурнамо» баррасӣ мегардад.
Сипас, мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ, профессор Бозор Сайфуллозода мавзӯи “Пешвои миллат бунёдгузори низоми нави китобдорӣ”-ро мавриди баррасӣ қарор дода, зикр кард, ки тайи беш аз ду даҳсолаи охир нақшу мақоми Пешвои миллат дар табъу нашри адабиёти зиёди илмиву оммавӣ, бахусус китобҳои дарсӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, маводи таълимӣ, дастурҳои методӣ ва барномаҳои таълимӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, монографияҳои илмии олимон, адибони классику муосири тоҷик, тарҷумаи асарҳои пурқимати шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанги ҷаҳон ва дастраси хонандагони тоҷик гардонидани онҳо, роҳнамоӣ дар ташкилу таъсиси китобхонаҳои электронӣ, истифодаи самарабахши китобҳои аудиоӣ ва электронӣ ниҳоят бузургу беназир ва қобили ситоиши амиқ мебошад.
Маврид ба зикри хос аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи китобдорӣ лаҳзае аз мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонда, дар ҳолати рушди пайваста қарор гирифтааст. Тайи ин солҳо Пешвои муаззами миллат дар баробари эъмору барқарорсозии шикастапораҳо ва костагиҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии аз замони шӯравӣ бамеросмонда ва дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боз ҳам бештар абгоршуда, масъалаи ба китобу китобдорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба китобхонӣ роҳи ягонаи аз ҷаҳолат раҳонидани шаҳрвандони кишварро дида, доир ба ҷанбаи ҳаётан зарур зимни суханрониашон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар чунин ибрози назар намудаанд: “мо як нуктаро ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки китобхонӣ роҳи асосии баланд бардоштани сатҳи маърифат аст ва олим бе китобхонӣ олим намешавад. Зеро бузургон гуфтаанд, ки ҳар гоҳ аз китобхонӣ бозмондӣ, аз фикр кардан ҳам мемонӣ”.
Шосаидзода Сафар Ҳасан, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, ки дар мавзӯи “Сиёсати китобдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” суҳбат мекард, иброз дошт, ки сиёсати давлатии китобдорӣ яке аз мавзӯъҳои бағоят муҳимми назарияи китобхонашиносии муосир ба шумор меравад. Зеро маҳз аз чигунагии ҳамин сиёсати давлатии китобдорӣ вазъ ва дурнамои рушди назария ва амалияи китобдорӣ вобастагии зич дорад. Аз ҷониби дигар, татбиқи дурусту оқилонаи сиёсати давлатии китобдорӣ ба дигар самту ҷанбаҳои сиёсати давлатӣ таъсири амиқ мерасонад.
Зикр гардид, ки падидаҳои ташаккули сиёсати китобдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба назар мерасиданд. Дар ин самт нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҷаста аст. Дар радифи иқдомҳои наҷиб ба сӯи эҳёи фарҳанги китобдорию рушди китобхонаҳо мулоқотҳои тахрихии Президенти Тоҷикистонро бо аҳли зиёи кишвар метавон ба сифати Консепсия ва Барномаи рушди стратегии соҳаи китобдорӣ арзёбӣ намуд.
Директори Муассисаи нашриявии “Ирфон”, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбон Ғуломзода иброз дошт, ки китобдор – омӯзгор бояд назарияи илми китобдорӣ, омӯзгорӣ ва равошиносии синнусолиро ба хубӣ азбар намояд, шаклу усулҳоиборовари кори таълиму тарбияро донад ва дар амал татбиқ карда тавонад. Ба гуфтаи ӯ, шарти ногузир баланд бардоштани ихтисоси китобдор, муаллим аз боло бурдани фарҳангу маърифати китобдорӣ, омӯзгорӣ ва такмилу татбиқи маҳорати методӣ иборат аст, ки дар курсу семинарҳои такмили ихтисос ба даст меояд. Аз ин хотир, мебоист марказе таъсис дод, ки ин вазифаҳоро ба зимма гирад, такмили ихтисосро ба маҷрои дилхоҳи замони муосир равона созад.
Декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф перомуни мавзӯи “Нақши факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар тарбияи мутахассисони соҳаи китобдорӣ” ибрози назар намуда, зикр сохт, ки бо назардошти воридшавии технологияи муосир дар фаъолияти китобхонаҳо, тағйирёбии ҳайати хонандагони китобхонаҳо аз нигоҳи талаботи онҳо ба иттилоот, афзудани шумораи хонандагони хурдсол ва дар маҷмӯъ дигаргуншавии эҳтиёҷоти ҷомеа ба захираҳои иттилоотӣ ва роҳҳои дастёбӣ ба онҳо зарурати таҷдиди назар намудани ихтисосҳо дар факулта ба миён омад. Аз ҷониби кафедраҳои тахассусӣ ихтисосҳои нави «Кори ноширӣ» ва «Бойгониҳои аудиовизуалӣ» таъсис ёфта, дар соли равон аз рӯи ин ихтисосҳо довталабон қабул карда мешаванд.
Айни замон дар факулта мутахассисон асосан барои қонеъ гардондани талаботи китобхонаҳои давлатию оммавӣ омода карда мешаванд. Ин дар ҳолест, ки ғайр аз китобхонаҳои номбурда дар ҷумҳурӣ теъдоди зиёди китобхонаҳои илмӣ, илмӣ-техникӣ, бачагона, мактабӣ ва ғайраҳо фаъолият намуда, аз нарасидани мутахассисони соҳа танқисӣ мекашанд. Аз ин рӯ, ба назари мо, барои бартараф намудани мушкилоти кадрӣ зарурати таъсиси ихтисоси нав бо номи «Китобдори китобхонаҳои мактабӣ ва бачагона» ба миён омадааст.
Шариф Комилзода, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент пешниҳод намуд, ки тамоми марказҳои таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии муассисаҳои китобдориро ҳамоҳанг бояд сохт. Бояд барномаи воқеии такмили ихтисоси китобдорӣ таҳия карда шавад. Самтҳои асосии кори китобхонаҳо дар радифи дигар муассисаҳои иттилоотӣ муайян карда шаванд. Дар назди Китобхони миллии Тоҷикистон Донишкадаи такмили ихтисоси китобдорон таъсис дода шавад.
Дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бо унвони “Низоми такмили ихтисос ва омодасозии китобдорон дар ҷумҳурӣ: вазъият ва дурнамо”, инчунин як қатор мавзӯъҳои муҳимми соҳаи китобдорӣ мавриди омӯзиш ва таҳлили амиқ қарор гирифтанд. Иштирокдорони конференсия барои рушди бештари соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, истифодаи самараноки воситаҳои техниқӣ дар китобхонаҳо пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.
Додоҷон РӮЗИЕВ