23 июли соли 2019 тибқи нақшаи ташкил ва гузарондани нишастҳои матбуотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввали соли 2019 ва мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729, дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар он ректори донишкада, ноибони ректор, деканҳои факултаҳо, мудирони кафедраҳо ва дигар шахсони масъул, инчунин, намояндагони ВАО — Лола Ризоева — «Ҷумҳурият», Лутфия Эшонқулова — «Народная газета», Холиса Асомиддинова — АМИТ «Ховар», Ҷамшеди Сабоҳиддин — “Садои мардум», Суғдмеҳри Маъруфзод -“Минбари халқ”, Ҳотами Ҳомид — «Омӯзгор», Хушдил Раҳимҷонов — «Баҳори Аҷам», Бузургмеҳри Тоҷиддин — “Адабиёт ва санъат”, Шодмони Замон — Муассисаи давлатии “Телевизиони Синамо”, Ҷумъахон Давлатов — Муассисаи давлатии “Телевизиони кӯдакону наврасон Баҳористон”, Дилшод Самадов — Муассисаи давлатии «Телевизиони Тоҷикистон» (хабарнигор), Баҳодур Исматов -Муассисаи давлатии «Телевизиони Тоҷикистон» (наворбардор) ҳузур доштанд.
Дар нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои фалсафа, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Усмонзода Хайридин Усмон «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар нимсолаи аввали соли 2019» маълумоти муфассал дод, ки манзури алоқамандон мегардад:
СУХАНРОНИИ
ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, профессор Усмонзода Хайридин Усмон дар нишасти матбуотӣ «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар нимсолаи аввали соли 2019»
Ҳайати профессорону устодон ва кормандони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ фаъолияти гуногунҷанбаи худро дар асоси сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар амалӣ гардондани нишондодҳои «Барномаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2021» ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар соли хониши 2018-2019 ҳайати устодони донишкада бо омӯзгорони дорои унвони илмӣ ва ҳунаридошта пурра гардид. 3 нафар- М. Ҷурғосиев, М. Мамадазимова ва Ф. Мирзоев рисолаҳои номзадӣ ҳимоя карданд. Рисолаҳои номзадии 5 нафар омӯзгори донишкада аз пешдифоъ гузашта, ба ҳимоя тавсия дода шуданд. Айни замон дар донишкада 85 нафар устодон дорои дараҷаҳои доктору номзади илм, ҳунармандони мардумӣ, ҳунарпешагони шоиста мебошанд, ки ин ба сатҳу сифати таълим таъсири мусбат мерасонад.
Сессияи санҷишу имтиҳонҳои тобистонаи соли хониши 2018-2019 дар донишкада тибқи талаботҳои меъёрии баргузории сессияи имтиҳонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва гузаронда шуд. Азхудкунии даври фаъоли сессия 76,13 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 фоиз зиёд аст. Сифати таҳсилот бошад 25,2 %-ро ташкил медиҳад.
Соли равон донишкадаро 399 нафар, аз ин 26 нафар бо дипломи сурх хатм намуд. Тибқи тақсимот 151 нафар хатмкардаи шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона, ки ба тариқи буҷавӣ ва тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамуданд, ба ҷойҳои кор роҳхат гирифтанд.
Раёсати донишкада дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Комиссияи қабулро ба тасвиб расонда, барои ҳадафмандона ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ чораҳои саривақтию судманд андешид. Варақаҳои таблиғотӣ- ташвиқотии Довталаб -2019 бо теъдоди зиёд дар шакли буклет омода гардида, ба нуқтаҳои қабули довталабон дар шаҳру навоҳӣ фиристода шуданд. Инчунин, дар рӯзномаи «Фараж» №7 (637) аз 13 феврали соли 2019 зери унвони «Кохи муҳташами фарҳангу санъат дар Душанбе» мақола перомуни фаъолияти донишкада, факултаҳо, кафедраҳо, ихтисосҳо, шуъбаҳои магистратура, аспирантура, доктор PhD нашр гардид. Ролики тарғиботӣ таҳия шуда, дар муддати 1,5 дақиқа барои довталабон тавассути Муассисаи давлатии «Телевизиони Тоҷикистон» моҳи март давоми 10 рӯз пахш гардид. Сафарҳои устодони соҳибтаҷриба, ҷиҳати тарғибу ташвиқи тахассусҳои донишкада, дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, водии Рашт, инчунин вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ монда шуд.
25-26 апрел дар донишкада Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои рушди фарҳанги миллӣ дар шароити соҳибистиқлолии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (таҷриба, тамоюл ва дурнамо)» баргузор гардид, ки дар он ҳайати профессорону омӯгорон, аспирантону магистрони донишкада фаъолона ширкат варзиданд. Дар конференсия зиёда аз 160 маърӯзаи илмии вобаста ба мавзӯъ шунида шуд.
Дар ин давра қисми сеюми маҷмӯаи мақолаҳо таҳти унвони «Вазъияти омӯзиш ва таҳқиқи фарҳанги маънавӣ дар Тоҷикистон ва ояндабинии он» бо фарогири 16 мақолаи илмӣ аз чоп баромад. Ҳамзамон, 4 монографияи илмӣ ба нашр расида, аз ҷониби магистрону докторон (PhD) ва унвонҷӯён 15 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмӣ, аз ин 7 мақола дар маҷаллаҳои эътирофшудаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор ёфт. Дастурҳои таълимии устодон Б. Нарзуллоев “Методикаи таълими мусиқӣ”, Ш. Гурезов “Маҷмӯаи сурудҳои бачагона”, К. Раҳимов “Эҷодиёти мусиқии халқи тоҷик”, С. Гулназаров “Назарияи таълими дарси суруд ва мусиқӣ дар мактаб”, З. Мирзода “Дастури методӣ барои иҷрои корҳои мустақилона” ва “Забони тоҷикӣ барои машғулиятҳои амалӣ”, Ш. Азизова, Г. Самадова “Дастури таълимӣ оид ба омӯзиши забони русӣ барои ихтисосҳои саёҳат ва меҳмондорӣ, осорхонашиносӣ, фарҳангшиносӣ ва менеҷменти фаъолияти иҷтимоӣ — фарҳангӣ”, С. Ёров “Дастури таълимӣ оид ба фанни дирижёрӣ бо хор” ба чоп тавсия шуданд.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар сайти донишкада 219 мавод ҷой дода шуд. Устодон ва донишҷӯёни донишкада дар 54 чорабинии фарҳангӣ, эҷодӣ ва тарбиявии сатҳи донишкадавӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзиданд. Аз ҷумла, дар озмуни «Ҷавондухтари ҳунарманди сол» донишҷӯи курси сеюми бахши рӯзноманигори телевизион Нурализода Ғунчагул сазовори диплом гашт. «Дар озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» устодони донишкада Мубассир Маҳмадализода ва Достон Холов сазовори ҷойҳои 1 ва 2 гардида, ба даври сеюм роҳ ёфтанд. Дар ҳамин озмун донишҷӯён Муслима Набиева ва Умедҷон Юнусалиев ширкат варзида, ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Инчунин, дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” Саёҳат Олимова, донишҷӯи курси дуюми бахши рӯзноманигори телевизион, ширкат варзида, ба даври сеюм роҳ ёфт.
Айни замон донишкада бо 26 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Белорус, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, дар доираи ин шартномаҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ, эҷодиро идома дода истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Католикӣ дар Рузомбероки Ҷумҳурии Словакия таҳия ва ба имзо расонда шуд. Чунин созишнома бо Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати шаҳри Перми Федератсияи Россия дар арафаи имзо аст.
Аз 11 то 15 марти соли равон дар донишкада бахшида ба ҷашни 100- солагии Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов «Рӯзҳои ВГИК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Пас аз маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур 12 март Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар доираи «Рӯзҳои ВГИК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нахустин Кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳмуддати донишҷӯён таҳти унвони «Қатра» доир карда шуд, ки дар он донишҷуён аз кишварҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар асоси шартномаи дуҷониба бо Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи А.С. Герасимов 5 дарси маҳорат (мастер- класс) аз ҷониби устодони забардасти ДДУК (ВГИК) Архипов Валерий Валентинович, Зокиров Айдар Загитович, Кузнетсова Ксена Юревна, Грамматиков Владимир Александрович, Аҳадов Валерий Бақиевич дар мавзӯҳои мухталиф бо омӯзгорони донишкада баргузор гадид. Бад аз анҷоми дарсҳои маҳорат ба 14 омӯзгори донишкада Шаҳоданома супурда шуд.
23-26 май арғунуннавоз, барандаи ҷоизаҳои фестивалҳои байналмилалӣ Авраменко Евгений Юревич, аз шаҳри Калинингради Федератсияи Россия, ба донишкада ташриф оварда, 2 консерти ҳунарӣ барои калонсолон ва хурдсолон, инчунин дарсҳои маҳорат (мастер — класс) барои омӯзгорону донишҷӯён баргузор намуд. Борис Катаев, нахустин хатмкардаи ҳамин донишкада, сармутахассиси Маркази яҳудиёни Бухоро дар ИМА ва Канада, дар доираи таҷлили 50-солагии ансамбли “Гулшан”, ба донишкада ташриф оварда, бо омӯзгорони кафедраҳои режиссура ва маҳорати актёрӣ дарси маҳорат доир намуд. Барои саҳми назаррасаш дар тарғиби фарҳангу ҳунари тоҷик дар асоси қарори Шӯрои олимон бо дипломи Профессори фахрӣ қадрдонӣ карда шуд.
Бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкориҳои судманд ва ба роҳ мондани табодули таҷриба, дар асоси розигии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати корӣ иборат аз ректори донишкада, ноиби ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Р. Амиров ва мутахассиси пешбари шуъбаи илм ва робитаҳои байналмилалӣ М. Холов аз 9 то 16 июни соли ҷорӣ, ба шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари хидматӣ анҷом дод. Дар доираи ин сафар байни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин «Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2019 — 2020» ба имзо расонда шуд. Тибқи ин санад, дар оянда, табодули профессорону омӯзгорон, донишҷӯён, таъсиси марказӣ фарҳангии чинӣ дар назди донишкада, қабули магистрон ва доктор PhD аз ҳисоби омӯзгорони Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоу сурат хоҳад гирифт.
Дар риштаи ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ оид ба дарёфти грантҳои хориҷӣ пешравиҳо назаррасанд. Тибқи супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти донишкада, бо мақсади мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникӣ ва беҳтар гардондани сифати таълим, вобаста ба гузариш ба низоми кредитии таҳсил дар донишкада мунтазам лоиҳаҳо таҳия ва пешниҳод мегарданд. Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ барои тақвият бахшидани самти бойгоншиносӣ ва рушди осорхонаҳо лоиҳаи илмӣ таҳти унвони «Рушди фарҳанги Авруосиё дар ҳамкории донишгоҳҳо бо осорхонаҳо» таҳия ва барои мувофиқа равона карда шуд. Лоиҳаи мазкур миёни донишкада дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса таҳия гардидааст.
Лоиҳаи пешниҳоднамудаи донишкада дар мавзӯи «Фестивали байналмилалии «Шарқ ва Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар ҳавзаи фарҳангии ИДМ» аз ҷониби МФГС(ХБҲГ) тасдиқ гардид. Инчунин, 3 лоиҳа — «Мукамалнамоии низоми маълумот аз рӯи истисосҳои фарҳанг ва санъат дар асоси стандартҳои байналмилалӣ», «Тайёр намудани мутахассисони соҳаи васоити ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ», «Курсҳои такмили ихтисоси китобдорони китобхонаҳои бачагона ва мактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Бонки ҷаҳонӣ барои дарёфти грант дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» пешниҳод шуд, ки аз даври аввал гузаштанд.
Дар ин давра ба Шӯрои ҳамоҳангсозии илмӣ- таҳқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ: «Таҳқиқи ҳолат ва дурнамои ташаккули муносибатҳои муътадили маънавию ахлоқӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон» (2020 — 2024) ва «Таҳқиқи салоҳияти инноватсионии китобдорон дар раванди хизматрасонии китобдорӣ -иттилоотӣ» (солҳои 2019-2023) пешниҳод гардид ва аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозии академия дастгирӣ ёфт.
Дар ин давра аз ҷониби магистрону докторон (PhD) ва аспирантону унвонҷӯён 15 мақола дар маҷаллаҳои илмӣ, аз ин 7 мақола дар маҷаллаҳои эътирофшудаи КОА интишор шудааст.
Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 апрели соли 2019 таҳти № 69, маҷаллаи илмии «Фарҳанг ва санъат» ба Феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ, вобаста ба тағйир ёфтани сохтори донишкада ва мукаммалгардонии воҳидҳои корӣ ва дар ин замина барои дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 07.06.2017, таҳти №281 «Дар бораи тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар донишкада дар ду давра — 24.01.2019 ва 26-28 июни соли 2019 аттестатсияи ҳайати омӯзгорон ва кормандон гузаронда шуд. Аз ҷониби комиссияи аттестатсионӣ савияи дониши назариявӣ, амалӣ ва маҳорати касбии 19 корманди ёрирасони таълим санҷида шуда, аз онҳо 10 нафар ба вазифаи баланд тавсия дода шуданд, 4 нафар барои омодагӣ 6 моҳ муҳлат гирифт ва 5 нафари дигар дар вазифаи худ мононда шуд. Аз 19 кафедраи амалкунанда дар аттестсия омӯзгорони 17 кафедра иштирок намуданд. Аттестатсияи омӯзгорони кафедраҳои маҳорати актёрӣ ва таърих ва назарияи мусиқӣ, бинобар омода набудани ҳуҷҷатҳои омӯзгорон, ба даври дигар мононда шуд.
Дар маҷмӯъ, аз 253 ҳайати омӯзгорон ва профессорони асосӣ ва ҳамкори донишкада 152 нафар аз аттестатсия гузаронда шуд. Ба 25 омӯзгор 6 моҳ муҳлат дода шуд ва 76 нафар бе сабабҳои узрнок ба аттестатсия ҳозир нашуд. Инчунин, дурнамои аз аттестатсия гузаронидани кормандон ва омӯзгорони донишкада то соли 2021 таҳия ва тасдиқ гардид.
Бо мақсади ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии гирду атрофи донишкада беш аз 100 адад дарахти аморфа, 100 адад дроби испанӣ, 55 адад серена, 75 адад ниҳоли шафтолу, 15 адад гелос ва дигар намуди дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ ва беш аз 2 200 дона гулҳои гуногуннавъ шинонда шуданд. Ҳамзамон, дар майдони паси бинои асосии донишкада зиёда аз 50 дарахти сояафкан ва мевадиҳанда, дар назди бинои хобгоҳи донишҷӯён 30 дона дарахти арча ва 350 дона гулҳои мавсимӣ, берун аз бинои донишкада, назди роҳравҳо бошад, беш аз 450 адад гулҳои рангоранг шинонда шуданд.
Бори нахуст дар саҳн ва атрофи донишкада бо сангпораҳои рангаи табиӣ рамзҳои бадеӣ: Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, китоб, асбобҳои мусиқӣ, ниқобҳои театрӣ, гулҳои рангоранг, калиди мусиқӣ ва мисраҳои шеърӣ офарида шуданд.
Дар арафаи Ҷашни 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои иловагии таълимӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Хулоса, ҳадафи асосии ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар баробари баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа, муҳайё сохтани шароити мусоиди кору фаъолият, инчунин, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ, инсондӯстӣ, риояи анъана ва расму оинҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ тарбия намудани донишҷӯён маҳсуб меёбад.