22-юми июли соли 2021 дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки доираи васеи хабарнигорон аз рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Народная газета”, АМИТ-“Ховар”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, маҷаллаҳои “Тоҷикистон”, “Илм ва ҳаёт” ва “Телевизиони Тоҷикистон” нишасти матбуотӣ доир гардид.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар нимсолаи аввали соли 2021 маълумоти муфассал дод. Мавсуф зикр сохт, ки дар давраи ҳисоботӣ барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, мутобиқ намудани стандартҳои таълимӣ ба низоми аврупоӣ, ки яке аз масъалаҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ба ҳисоб меравад, як қатор тадбирҳои муассир амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, стандартҳои таҳсилоти касбӣ ва нақшаҳои таълимии муассиса оид ба ҳамаи тахассусҳо бо назардошти талаботи низоми кредитӣ ва мутобиқ ба дастурҳои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таҳия ва барои тасдиқ ба мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд. Вобаста ба талаботи стандартҳо ва нақшаҳои нави таълимӣ аз рӯи модули фанҳои умумикасбӣ ва тахассусӣ барномаҳои нави таълимӣ таҳия карда шуданд, ки айни замон аз рӯи онҳо китобҳои дарсӣ омода гардида истодаанд.
Сессияи санҷишу имтиҳонҳои зимистона ва тобистонаи соли хониши 2020 — 2021 тибқи талаботҳои меъёрии баргузории сессияи имтиҳонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва гузаронида шуда, фоизи азхудкунии дониш дар соли 2021 91,92% ва сифати таълим 19,72 % — ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи сессияи санҷишу имтиҳонии соли 2020 азхудкунӣ 5,56 % ва сифати таълим 1,84 % зиёд мебошад.
Бар пояи иттилои Муҳриддин Низомӣ, имсол 608 нафар донишҷӯ ба имтиҳони хатм роҳ ёфтанд, ки аз ин миён 223 нафар дар бахши рӯзона, 351 нафар дар бахши ғоибона ва 34 нафар дар бахши магистратура таҳсил мекарданд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 251 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии донишҷӯён 451 нафар ба тариқи шартномавӣ, 124 нафар ба тариқи буҷетӣ ва 23 нафар бо квотаи президентӣ донишкадаро хатм намуд. 15 донишҷӯ ба имтиҳони хатм иҷозат гирифта бошанд ҳам, бо сабабҳои номаълум ҳозир нашуданд.
То имрӯз донишҷӯёну магистрон дар бахши рӯзона аз рӯи 16 ихтисос, бахши ғоибона аз рӯи 10 ихтисос ва дар бахши магистратура аз рӯи 7 ихтисос имтиҳонҳои давлатиро пурра супориданд.
Моҳи майи соли ҷорӣ бо қарори Шӯрои олимони донишкада кафедраи “Технологияи ВАО” бо ихтисосҳои “ВЕБ-журналистика”, “РR-робита бо ҷомеа” ва “Кинотелеоператор” таъсис ёфт. Кафедраи нав аз моҳи августи соли ҷорӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, ба он устодони ҳирфаии соҳа ҷалб карда хоҳанд шуд.
Дар муассиса Шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-043 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D090600 – Фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ, 6D091000 – Китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ ва 6D020400 – Фарҳангшиносӣ фаъолият менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ омӯзгорон, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассиса ду монография, як китоби дарсӣ, як воситаи таълимӣ, ду дастури таълимӣ ва беш аз 100 мақолаи илмӣ чоп карданд. 25 мақолаи ҳайати илмии муассиса бошад, дар нашрияҳои бонуфузи хориҷи кишвар ба табъ расид.
Муҳриддин Низомӣ перомуни дастовардҳои илмии донишкада сухан гуфта, иброз дошт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2021 дар заминаи факултаҳо ва кафедраҳои умумидонишкадавӣ 19 конференсияи илмии дараҷаҳои гуногун: 2 конференсия ва 2 тренинги байналмилалӣ, 4 конференсия, 2 мизи гирд ва 3 семинари илмии ҷумҳуриявӣ, 3 конференсия, 2 семинар ва 1 мизи гирди сатҳи донишкадавӣ баргузор гардид. Дар ин чорабиниҳо муҳаққиқону олимон аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин суханронӣ намуда, масъалаҳои гуногуни соҳаи фарҳангу санъатро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.
Дар Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ, ки 26-уми феврали соли 2021 бо ибтикори Донишкадаи давлатии фарҳанги Челябинск, Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо унвони “Россия — Ӯзбекистон — Тоҷикистон. Нақши олимони ҷавон дар ҳалли масъалаҳои муҳимми соҳаи фарҳанг: таърих, инноватсия ва дурнамо” тариқи онлайн баргузор гардид, олимону муҳаққиқони донишкада низ иштироки фаъол доштанд. Дар ин ҳамоиши илмии сатҳи байналмилалӣ 16 мақолаи устодони донишкада мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифта, ба чоп тавсия дода шуданд.
Дар донишкада бо ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 30-юми апрели соли 2021 конфренсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.
Ҳамчунин, рӯзҳои 27-ум ва 28-уми июни соли 2021 дар донишкада Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ бо унвони “Шашмақом ва масоили мубрами рушди фарҳанги мусиқии тоҷик дар марҳалаи муосир” дар шакли онлайн баргузор гардид, ки дар кори он олимону донишмандон аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон иштирок доштанд.
Дар шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ 127 нафар магистр, 24 нафар докторант аз рӯи ихтисос (PhD) ва 20 нафар унвонҷӯ таҳсил мекунанд.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2021 муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии донишкада Моҳинур Галимова дар мавзӯи «Иван Андреевич Крилов ва адабиёти тоҷик» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Донишҷӯи донишкада — Сафармурод Ашӯров дар даври ҷумҳуриявии олимпиада миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни педагогикаи умумӣ сазовори ҷойи дуюм гардид.
Дар донишкада 2 лоиҳаи грантӣ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад ва 4 лоиҳаи илмӣ бо маблағгузории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.
Донишкада бо 28 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ дорад. Дар донишкада 87 нафар донишҷӯ аз хориҷи кишвар дар шакли рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар давоми шашмоҳаи аввал 3 нафар барои дониш ва ахлоқи намунавӣ, 19 нафар бо сабаби вазъи иҷтимоӣ ва 4 нафар бинобар маъюб буданашон ба андозаи 50% аз пардохти маблағи шартнома, ҳамчунин 6 нафар маъюб ва 3 нафар ятими кулл аз пардохти ҳаққи таълим пурра озод карда шуданд.
Дар Театри таълимии донишкада 1 апрели соли равон, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 50-солагии таъсисёбии донишкада ва Рӯзи ҷаҳонии ханда бо иштироки дорандаи ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, устоди ҳунар, шахсияти бисёр маҳбубу маъруфи кишвар Убайдулло Раҷабов барномаи ҳунарӣ баргузор гардид.
Дар ҳошияи таҷлили 110 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода 6- уми майи соли равон бо ширкати барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева вохӯрӣ баргузор гардид.
Бо ибтикори Раёсати донишкада дар толори “Арғунун” чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ — консерти Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллима Фирӯза Комилова ва донишҷӯи соли дуюми Академияи мусиқӣ ба номи Гнесинихи шаҳри Москва Зарнисор Набиева бо унвони “Навои арғунун” баргузор гардид, ки аз эҷодиёти композиторони сатҳи ҷаҳонӣ И. С. Бах, Л. К. Дакэн, Д. Скарлати, М. Мангани, Г. Пуняни, Г. Ф. Гендел ва дигарон оҳангҳои марғубе бо истифода аз сози арғунун пешкаши ҳозирин гардонда шуд.
Дар даври ноҳиявии озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», ки 10-уми июни соли равон дар Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ҷамъбаст гардид, 15 нафар омӯзгорони ҷавону донишҷӯёни донишкада ғолиб омаданд, ки аз ин миён 5 нафар сазовори ҷойи якум, 5 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 5 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Таъкид ба амал омад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар саҳни муассиса гулгашт бунёд гардида, дар он нимпайкараи нави устод Мирзо Турсунзода гузошта шуд. Ҳамзамон, бо ибтикори Раёсати донишкада дар назди факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Китобхонаи адабиёти бадеӣ мавриди истифода қарор гирифт. Айни замон китобхона дорои наздик ба 1000 нусха китоб буда, онҳо аз рӯйи номинатсияҳои озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷо ба ҷо гузошта шудаанд.
Хабарнигорон ба пурсишҳои худ оид ба ҳамкориҳои донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, табодули донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳо, тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои нав, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагон, робитаҳои байналмилалии донишкада, шароити хобгоҳи донишҷӯён ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳашон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Додоҷон РӮЗИЕВ