Дар доираи баргузории тантанаҳои наврӯзӣ, ки бо ширкати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Хайриддин Усмонзода, директори Театри давлатииакадемии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Лутфулло Давлатзода, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессорон — Урватулло Тоиров, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Бадриддин Мақсудов, ҳайати устодону донишҷӯён дар Театри таълимии донишкада намоишномаи театронидашуда бо унвони “Наврӯзномаи Ҳошим Гадо” ба маърази тамошо гузошта шуд.
“Наврӯзномаи Ҳошим Гадо” — ро Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ва Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи ордени Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори фахрии Донишгоҳи славянии Россия — Тоҷикистон, профессор Ҳошим Гадо таҳия намудааст, ки дар он донишҷӯёни шуъбаи режиссураи намоишҳои театронидашуда, филми бадеӣ ва санъати актёрӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Устод Ҳошим Гадо намоишномаи “Наврӯзномаи Ҳошим Гадо”- ро бо маҳорати баланди коргардонӣ ва касбӣ ба саҳна гузоштааст, ки дар он суннатҳои наврӯзӣ, ҳақиқати таърихӣ ва маданияту фарҳанги мо пурра таҷассум ёфтаанд.
Аз истиқболи гарми тамошобинон маълум буд, ки ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик устод Ҳошим Гадо ҳанӯз ҳам қобилияти фавқулодаи коргардонӣ дошта, маҳбубу машҳур аст. Донишҷӯён – шогирдони устод Ҳошим Гадо зери раҳбарии устоди бемислашон аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, бо ҳунарнамоиҳои худ ҳамагонро ба ваҷд оварданд.
Намоишнома бо бахши “Хаймаи Хайём” оғоз гардида, рубоиёти машҳури орифи бузурги тоҷик Умари Хайём аз тарафи донишҷӯён дар радифи оҳангҳои марғуби миллӣ суруда шуданд. Баъдан аз осори Устод Рӯдакӣ ва дигар шоирон аксаран сурудҳои писандидаи мардуми мо дар ҷомаи оҳангҳои дилошӯби минтақаҳои гуногуни кишвар садо доданд, ки хеле шуниданӣ ва ҷолиб буданд. Ҳар бахши намоишнома аз бахши дигар зеботар ва боҳунарона ба саҳна гузошта шуд, ки дар синаҳо оташи ватанпарастию худшиносиро фурӯзонтар намуд. Вақте як марди ҳунарвари 84-солаи тоҷик ин қадар неру ва меҳру муҳаббат ба касб дорад, гувоҳи он аст, ки ин миллат ҳанӯз ҳам фарзонапарвар буда, офтоби фарҳангу санъаташ фурӯзонтар аз ҳарвақта аст.
Барои ман ҳамчун тамошобин бисёр таъсиргузор ва хотирмон ҳамон лаҳзаҳое буданд, ки устод Ҳошим Гадо баъди ҳар як истиқболи гарму кафкӯбиҳои тамошобинон кӯдаквор шодӣ мекард. Аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дастгирӣ шудани Устод Ҳошим Гадо нишон дод, ки Ҳукумати кишвар фарзандони ҳунарвари миллатро эҳтиром ва қадр менамояд.
Дар интиҳо Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва ректори донишкада доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бори дигар ҳозиринро бо Иди Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, ба намоишномаи театронидашудаи “Наврӯзномаи Ҳошим Гадо” дар сатҳи олӣ арзёбӣ намуданд.
Синои АБУАЛӢ