Бо ҳамин унвон дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.   Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ба кори конфронс ҳусни оғоз бахшида, тазаккур дод, ки Наврӯз ҷашни миллӣ, мероси фарҳангии ниёкони мо тоҷикон буда, маънои рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштиро дорад. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд.

  Рӯзи якуми Фарвардинро рӯзи якуми баҳор, саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонанд. Дар ин бора донишманд ва олими қарни даҳум Абурайҳони Берунӣ дар китоби машҳури худ «Осорулбоқия» бо истинод ба Алӣ бинни Яҳё меоварад, «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст». Дар асари дигараш «Ал-тафҳим» менигорад: «Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст». Берунӣ ба таври густурда дар бораи ҷашни Наврӯз сухан мегӯяд ва дар осораш шинохти рамзу рози ойинҳо, маросимҳои гуногун, аз амалинамоии суннатҳои дерина дар рӯзгори худро низ хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд. Дар баъзе асарҳои куҳан, аз ҷумла, «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём ҳамин маъниро дарёфтан мумкин аст.

   Наврӯз ягона ҷашни миллии мост, ки тайи ҳазорсолаҳо бо ҳама истисмори душманон аз байн нарафта, маҳбубият ва ҳашомату азамати хешро нигоҳ дошта меояд. Ин ҷашни ниёконамонро аҷнабиён ҳатто натавонистанд дар давоми ин ҳама гирудор ва кашмакашу қатлу ғорати ориёитаборон аз байн бибаранд. Наврӯзро мардуми ориёӣ тайи ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷашни баҳору рӯзи наву соли нав таҷлил мекарданд. Бо ҳама фишору таҳдидҳо аз таҷлили ин ҷашни зебо даст накашидаанд. Бо сахтгириҳо тоҷикон ба ҳар навъе онро аз нобудӣ нигаҳ дошта, дигарбора эҳё намуданд.   Муовини ректори донишкада  оид ба таълим Махсудзода Фарҳод зимни ироаи мавзӯи “Хусусиятҳои коркарди сенарии ҷашни  Наврӯз” иброз дошт, ки аҷдоди мо ҷашни Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намуда, ба мо шаклҳои гуногуни ҷашнгирии онро ба мерос гузоштаанд. Дар замони Истиқлол раванди таҷлили ҷашни Наврӯз мувофиуқи талаби давру замон дар радифи ормонҳои миллӣ рушду такомул ёфт. Ба гуфтаи муовини ректор оид ба таълим Фарҳод Мирахмедов, шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд.   Муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои иҷтимоӣ  Дилором Наимзода дар мавзуи “Наврӯз-рамзи худшиносӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ” суханронӣ карда, саҳми ин иди бостонии миллати моро дар ташаккул ва мустаҳкам намудани худшиносӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии мардумони ҳавзаи Наврӯз муҳим арзёбӣ намуд.  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи сурудхонии халқӣ Ҳаётой Муминова  дар мавзуи «Эҳё ва рушди сурудҳои наврӯзӣ дар замони соҳибистиқлолӣ” маърӯзаи омоданамудаашро ироа карда, паҳлуҳои гуногуни эҳё  ва рушди сурудҳои наврӯзро дар замони Истиқлол мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дод.

   Иштирокдорони конфронс ба ин назар буданд, ки посдории расму суннатҳои наврӯзӣ василаи беҳтарини поксозии ботини инсонҳо аз бори гарони адовату кина мебошад. Ин амр онҳоро водор месозад, ки ба адлу инсоф оянд, ҳамдигарро дӯст доранд ва ба корҳои неку созанда даст зананд. Ин суннати нек ва фарҳанги воло, ки аз таърихи пурифтихори аҷдоди ориёиямон сарчашма мегирад, асрҳо боз ба миллати мо ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ хизмат мекунад.    Ҳамзамон, дар конфронси илмӣ-назариявӣ декани факултети санъати мусиқии мардумӣ Сафари Гулназар дар  мавзӯи “Истифодаи суруду мусиқӣ дар оину маросимҳои наврӯзӣ”, дотсенти кафедраи сурудхонии халқӣ Дона Баҳромов “Мусиқии суннатӣ ва саҳми он дар таҷлили ҷашни Наврӯз”, омӯзгори кафедраи филология Ғафурова С.  “Тафовутхои чашнгирии иди Наврӯз дар баьзе махалҳои Тоҷикистон” ва дигарон маърузаҳои худро ироа намуда, таҳқиқоти худро оид ба ҷашни Наврӯз ба ҳозирин матраҳ намуданд. Конфронс   дар ду бахш ҷараён гирифта, дар он 25 маърӯзаи илмӣ ироа гардид.

 

Синои АБУАЛӢ