Изҳороти охири раиси КДАМ-и Қирғизистон дар мавриди пайдо гардидани ҳуҷҷатҳое, ки гӯё ҷониби Тоҷикистон 100 солаҳои қабл заминҳои онҳоро аз худ карда бошанд, сару садоеро миёни ҷомеаи ҳарду кишвар ба бор овард. Камчибек Ташиев дар изҳороташ таъкид намуд, ки “ агар ҷониби Тоҷикистон аз даъвои худ нагузарад, пас мо ҳуҷҷате дорем, ки соҳиби қисме аз заминҳои Тоҷикистон буданамонро исбот мекунад”. Таъкид кард, ки барои пас гирифтани заминҳоямон мо “нерӯи кофӣ” ҳам дорем.
Баъд аз задухурди мусаллаҳонаи 14-17 сентябри соли 2022, ки ҷони даҳҳо ҷавонмарди ҳанӯз дунёнадидаро ба худ гирифт, гурӯҳи кории ҳукуматӣ барои аломатгузории марз корро аз сар гирифт ва мебоист ҳарчи зудтар ин мушкилот бартараф гардад. Аммо изҳороти Ташиев оё ба аломатгузории марз мушкилӣ намеорад? Ва чаро Ташиев дар ду ҳолати муноқишаи марзӣ дар вақти сафари кории роҳбари кишвараш ба давлатҳои ҳамсояаш ҷанг эълон мекунад? Магар ин амалкарди ӯ маънои танг кардан ва ба назари мардум уҳданобаро будани Садир Ҷаппаровро нишон намедиҳад?
Раиси КДАМ-и Қирғизистон мехоҳад даҳшатро миёни ҳарду кишвар ба вуҷуд орад. То соли 2020 дар марзи ҳарду кишвар муноқишаҳо ба вуқуъ мепайвастанд, аммо ба ҳадде набуд, ки нерӯҳои ҷангӣ истифода шаванд. Боиси таассуф аст, ки имрӯз бо ба сари қудрат омадани Ташиевҳо муносибати ҳарду кишвар дар ҳоли судманд ба ҳарду ҷониб нест. Мутаассифона Ташиевҳо кишвари ҳамсояро роҳбарӣ мекунанд ва барои ҳадафҳои шахсиашон гоҳу ногоҳ дар марз мушкилӣ эҷод месозанд. Баъд аз хунрезии соли қабл, ки аз ҷониби Ташиев тарҳрезӣ шуда буд, таҳлилгарон, сиёсатмадорон, ВАО ва баъзе аз азҳоби сиёсии ин кишвар ҷониби худи Қирғизистон ба хусус Ташиев ва командаашро гунаҳкор дониста буданд. Бо вуҷуди ин Ташиев барои худро “сафед” кардан ҷониби Тоҷикистонро гунаҳгор донист ва ба мардуми қирғиз “Тоҷикистонро давлати таҷовузгар” муаррифӣ намуд. Маҳз ба ҳамин хотир Ташиев Мадумаровро бо ҳар роҳу востита гунаҳгори асосӣ дар масъалаҳои марзӣ донист ва билохира Ӯро ба зиндон андохт.
Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон бо ҳамсояҳои худ тули қарнҳо зиндагии осуда доштанд ва ҳеҷгоҳ муносибати ҳамҷавориро вайрон насохтаанд.
Ҷониби Қирғизистон бо вуҷуди хоинона ҳуҷум карданаш ба маҳаллаҳои аҳолинишни кишвари мо ва расонидани зарари калони моддӣ ба шаҳрвандон, боз ба саркардаи гуруҳи ҷиноии кишвараш Ташиев Қамчибек иҷозат медиҳад, ки миёни аҳолӣ маълумоти бардуруғ паҳн кунад ва дар байни ҳамсояҳо тухми нифоқ пошад ва мардуми қирғизро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун қурбонӣ муаррифӣ намояд. Ташиев бо ин амалкарди худ мехоҳад назари “бародарони калонаш”-ро ҷалб намояд ва тавонад, ки ҳарчӣ бештар яроқу аслиҳаи ҷангии кишварашро зиёдтар созад ва худро ҳимоятгари ватан нишон диҳад. Бехабараст, ки ингуна муносибат метавонад фазои амниятии кишварҳои Осиёи миёнаро барҳам занад. Ҷониби Тоҷикистон дар давоми кори комиссия барои аломатгузори марзи кишвар даъвои заминҳои қирғизро накардааст. Аммо Ташиев даъво дорад, ки “ҳуҷҷати нав” пайдо кардааст. Ин ҳуҷҷат то имруз дар куҷо буд, чаро то имрӯз “ҳуҷҷаташро” пешниҳод накард, чунки ҳамчунин ҳуҷҷат асло вуҷуд надорад ва дошта ҳам наметавонад. Ва ҳатто агар ҳаст ва сохтакорӣ ҳам карданд мебоист на тавассути ВАО, балки ба комиссияи байнидавлатӣ пешниҳод мекард ва сари масъала фикри ҷониби Тоҷикистонро мегирифт. Ва Ташиевҳо фаромӯш насозанд, ки миллату давлати мо ҳеҷгоҳ намехоҳанд, ки миёни ин ду кишвар ҷангу ҷидол бошад, дар ҳолати ғайр, як зарраи хоки ватан барои мо муқаддас аст ва онро ба аду додани нестем. Ингуна “ватандустии” сохтаи Ташиев метавонад муносибати бе ин ҳам нохуби ҳарду кишварро бадтар созад, ки гумон мекунам дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди манфиатҳо ба суди ҳарду кишвар нест. Изҳороти Ташиев бори дигар ӯро чеҳракушоӣ кард ва ба равондармонӣ ниёз доштанашро ба мардум нишон дод. Акнун қазоват кунед, ки ҷангҷӯ кист, ҷониби Тоҷикистон баҳси марзиро мехоҳад бо роҳи гуфтугӯ ва мусолиҳатомез ҳал намояд, аммо ҷониби Қирғизистон вазъиятро печидатар месозад.
Лутфулло РАҲИМӢ