Минбари халқ (нашрияи №13″1149″ 28 марти соли 2018)

20 марти соли равон дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода бори аввал Рӯзи фарҳанг багузор гардид. Дар ҷамъомад Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумекзода, аҳли фарҳангу санъат, адибон, рӯзноманигорон ва собиқадорони соҳа иштирок доштанд.

   Дар ифтитоҳ Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли фарҳангро ба нахустин таҷлили Рӯзи фарҳанг таҳният гуфта, аз ҷумла иброз дошт: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки мо миллати фарҳангиву фарҳангпарвар ҳастем ва ин сухан воқеияти комил буда, ба шарҳ ниёз надорад. Худи бо ҷашни Наврӯз мувофиқ омадани Рӯзи фарҳанг бори дигар ин ҳақиқатро собит менамояд, зеро ҳам Наврӯз ва ҳам фарҳанг рамзи зебоипарастӣ, садоқат, бунёдкорӣ мебошанд».

   Боиси ифтихори аҳли фарҳанг аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни касбиамон қонунӣ гардид ва яке аз ҷашнҳои мубораки зодаи даврони истиқлолият хоҳад шуд. Бо ин мақсад аҳли фарҳангу ҳунар бо дарки амиқи масъулият баҳри рушди минбаъдаи ҳаёти фарҳангии ҷомеа тамоми неру ва тавонои худро равона месозанд, -афзуд бо хушҳолӣ вазир.

   Сипас Раҷамад Амиров, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор сухан карда, таъкид кард, ки : «эътироф гардидани Рӯзи фарҳанг масъулиятро тақозо дорад. Дар замоне, ки тақдири гузашта ва ояндаи миллат дар дасти худи миллат ва хусусан эҷодкорони касбӣ вогузор гардидааст, онро бо пуррагӣ ҳифзу нигоҳ доштан ва ин баҳри маънавиётро бо офаридаҳои эҷодӣ ғани гардонидан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштан рисолати мо фарҳангиён ба шумор меравад».

   Бахшида ба ин рӯз аз тарафи ҳунарпешаҳои Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон, ансамблҳои сурудҳои суннатӣ, эстрадӣ, созҳои миллӣ, созҳои нафасӣ ва дастаи рақсии «Парвона» барномаи ҷолиби консертӣ таҳия гардид, ки ҳамагонро шод гардонд. Дар охир заҳмати собиқадорони соҳаи фарҳанг бо туҳфаҳо, фаъолони соҳа бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати фарҳанг қадр гардидаанд.

   Бояд гуфт, ки мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон аз 5 апрели соли 2017 минбаъд ҳамасола 20 марти ҳамчун Рӯзи фарҳанг дар тамоми мамлакат ҷашн гирифта мешавад.

 

Ҳ.АЗИЗОВ