Ифтитоҳи тантанавии  барномаи консертии  мусиқии анъанавӣ, ки тибқи барномаи  Фестивали байналмилалӣ таҳти унвони «Шарқ- Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои  мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» таҳия гардида буд, шоми 27 октябр дар толори «Арғунун»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

   Дар маросими оғозбахшии консерти мусиқии анъанавӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин  Орумбекзода, меҳмонон –иштирокчиёни фестивали байналмилалӣ, санъатшиносон, олимон, навозандагон, ҳунармандони мардумӣ, омӯзгорону донишҷӯён ва дӯстдорони санъати мусиқии анъанавӣ ҳузур доштанд.  Дар ибтидои барнома саҳнаи театркунонидашуда аз ҷониби донишҷӯёни шуъбаи режиссураи намоишҳои театрӣ бо эффектҳои компютерӣ, ки мазмуни он   ҳаёти ибтидоии одамонро дарбар мегирифт, манзури аҳли толор гардонда шуд.   Барномаро  бо ду забон – русӣ ва тоҷикӣ ровиён- Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбони Собир ва муаллимаи кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳнаи донишкада Санавбар Мирмуллоева   бо суханҳои тараннумгарии дӯстию бародарӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба фестивал хушомадед гуфтанд.   Қабл аз оғози барномаи консертӣ сухан ба ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайридин Усмон ва  вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дода шуд.

   Бо расман эълон гардидани кушодашавии фестивал консерти мусиқии анъанавӣ, ки  бо иштироки ҳунармандони Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барномасозӣ шуда буд, пешкаш гардид.

   Дар навбати аввал  бо  иҷро  кардани сурудҳои «Дугоҳ», «Танавор», «Омонёр» Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Замира Суюнова дар ҳамоҳангӣ бо ансамбли давлатии «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба номи Фазлиддин Шаҳобов баромад кард. Намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон Бабижан Баглан бо сурудҳои халқии «Келқайнарға», «Аккум» ва суруди Кенен Азербаев «Басты олен» рӯи саҳна ҳунарнамоӣ кард.

   Намоянда аз Ҷумҳурии Қирғизистон, ғолиби озмунҳои байналмилалӣ Рисбек Жунушев бо сози қомус оҳангҳои А. Огонбаев «Ак тамак кук тамак», «Маш ботой»,  оҳанги И. Туманов «Кенеш» -ро ба иҷро расонд.

   Ғолиби  озмунҳои байналмилалӣ аз Федератсияи Россия Прасолов Александр оҳангҳои «Вы послушайте ребята», «Ай  все кумушки домой»,  суруди  шӯхи «Заиграй моя волынка» ва сурудҳои қадимаи «Я встретил Вас», «Ехал казак за Дунай», «Ах ты, берёза» -ро манзури ҳозирин гардонд.

   Абдувалӣ Абдурашидов – Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бо  навозиши «Навои танбӯр», Озода Ашӯрова, Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо «Сарахбори Ороми ҷон » дар ғазали Ҳофиз, Хушбахт Ниёзов бо навозиши «Навои рубоб»,  Шоҳин Абдуллоев «Фалак» дар оҳанги халқ, «Чӣ ёд дорам» шеъри Румӣ дар иҷрои Раҳматулло ва Фирдавс Ҳошимовҳо ва дар рақс  ансамбли «Бунафша»-и ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода мусиқии анъанавии тоҷикиро ба иштирокчиёни фестивали байналмилалӣ пешниҳод намуданд.

   Аҳли толор суруду оҳангҳои ба иҷро расондаи ҳунармандонро бо кафкӯбиҳои самимии бардавом қабул карданд, ки ин гувоҳи суханони пурҳикмати бузургони роҳи санъат «Мусиқӣ сарҳад надорад», мебошад.

 

Бобоҷон РАҲИМОВ,
мудири бахши сифати таҳсилоти
ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода

[metaslider id=1817]