— Рӯзи байналмилалии мусиқӣ ҳамасола, 1 октябр, бо ташаббуси Шӯрои байналмилалии мусиқии назди ЮНЕСКО дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад. Ҳадаф аз таҷлили Рӯзи байналмилалии мусиқӣ ва дар ин росто баргузор намудани силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ, семинару конфронсҳои илмию назарӣ, суҳбату ҳамоишҳо ва вохӯрию мулоқотҳо тарғиби санъати мусиқии касбӣ дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа ва мустаҳкам намудани муносибати дӯстона байни халқиятҳо, рушди фарҳанг, мубодилаи таҷриба ва поси эҳтироми эстетикии ҳамдигар мебошад.
Ин нуктаро номзади илмҳои санъатшиносӣ Кароматулло Раҳимов дар чорабинии фарҳангие, ки бахшида Рӯзи байналмилалии мусиқӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, 1-уми октябри соли равон, баргузор гашт, баён намуд. Мавсуф иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши мусиқӣ боз ҳам баландтар гардид. «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» ба тасвиб расид. Барномаи мазкур бо мақсади ҳифзи мероси мусиқии суннатии тоҷик, ҳифзи аслияти ин мероси маънавии тоҷикон ва хусусан санъати классикии Шашмақом, ки ҳамчун шоҳкории башарият аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шудааст, умуман санъати мақоми тоҷик, инчунин мусиқии суннатии касбии тоҷик Фалак ва институти меросии таълими санъати мусиқии касбии тоҷик — мактаби суннатии “устод-шогирд” дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ, якрангшавӣ ва оммавишавии фарҳангу санъат амалӣ карда мешавад.
Сипас, ба ифтихори Рӯзи байналмилалии мусиқӣ барномаи консертии рангин, бо истифода аз тамоми жанрҳои мусиқӣ ва оҳангҳои халқҳои ҷаҳон, таҳия ва манзури ҳозирин гардонида шуд.
Иштирокдорони чорабинии фарҳангӣ, аз ҷумла ҳунарнамоии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов, мудири кафедраи фортепиано ва гузориши овоз Акрам Мирзоев, омӯзгори кафедраи фортепиано ва гузориши овоз Абдусалим Нозимов, донишҷӯён Мунаввара Намозова, Эмомалӣ Ғаниев, Мурид Хушназаров, Нуринисо Исрибшоеваро гарм истиқбол гирифтанд.
Дар таҳия ва пешкаши аҳли нишаст гардондани ин чорабинии рангини фарҳангӣ Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессори кафедраи намоишҳои театрикунонида ва идҳо, раиси Шӯрои бадеии донишкада Сафаралӣ Қурбонов, роҳбари бадеӣ Сафар Гулназаров, роҳбари мусиқӣ Ғафур Саидов, коргардон Шавкат Назаршоев нақши муҳим бозиданд.
Парвона КАҲҲОРОВА,
гирандаи Стипендияи Президентӣ,
донишҷӯи курси 4 — уми шуъбаи рӯзноманигори ТВ