Субҳи 27-уми октябр дар даромадгоҳи ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода раёсат ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён бо карнаю сурнай ва нону намак гурӯҳи меҳмононро аз кишварҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки онҳоро вазири фарҳанги кишвар мухтарам Шамсиддин Орунбекзода ҳамроҳӣ мекард, истиқбол гирифтанд.
Меҳмонон ба Фестивали байналмилии «Шарқ- Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил» ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки ин ба ҷашни Меҳргон рост омад. Солҳои 2018-2021, ки ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, ба ин муносибат Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии ин ҷумҳуриҳои бародар дар долони васеи донишкада ифтитоҳ гардид. Ректори донишкада, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Усмонзода Хайриддин Усмон сухани ифтитоҳӣ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки: “Бо салому эҳтиром Шуморо — дӯстон ва ҳампешаҳои арҷманд ба муносибати кушодашавии Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои иштироккунандаи фестивал хайруамақдам мегӯем. Дар ин ҷо намунаҳои гуногуни ҳунарҳои миллӣ гузошта шудаанд, ки таҷассумгару баёнгари нақши пурҷилои ҳунарҳои мардумии кишварҳои ИДМ мебошад. Дар намоишгоҳ намунаҳои дасти устоҳо – ҳунармандон, ки бо ҳунарҳои мардумӣ сари кор мегиранд, дар маърази тамошо гузошта шудааст.Мақсад ва рисолати онҳо аз зинда кардан, нигоҳ доштан ва инкишофу идома бахшидани фарҳанги гуногуншакли халқҳои ИДМ мебошад. Ман аминам, чунин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки алоқаҳои васеи инсондӯстӣ тавсеа ёфта, хақу миллатҳо ба ҳам боз ҳам наздиктар гарданд.»
Пас аз хушбошӣ меҳмонон ба тамошои намоишгоҳ пардохтанд. Дар намоишгоҳ аз Россия ҳунарҳои дӯзандагӣ ва зочасозӣ пешниҳод шуданд. Намояндагони Ӯзбекистони ҳамсоя бо муҳра оро додани хонаи арӯсиро ба маърази тамошо гузошта буданд. Гӯшаи ҳунарҳои Қирғизистонро кулоҳу либосҳои мардумӣ зеб медод. Аз Қазоқистон ҳунарҳои сару либоси ороишиии қазоқӣ пешниҳод гардид.
Дар идома, меҳмонон ба тамошои дастурхонороии донишҷӯён ҷалб шуданд.
Инак, ҷашни зебои Меҳргон ҳукмфармоӣ дорад. Он чун ҷашни Наврӯз яке аз оинҳои муқаддасу мондагори миллати куҳанбунёди тоҷик буда, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад. Хусусияти барҷастаи ин ҷашн меҳрварзию мехрубонист. Вобаста ба ин, дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҷашни бузург бо як силсила тадбирҳо таҷлил мешавад. Дар нахуст, ҷашни Меҳргон тантанаи фаровонию ҳосилот аст. Аз ин рӯ, донишҷӯёну устодон бо ороиши хони Меҳргон — себу ангур, кадуву харбуза, гандуму нахӯд ва бештар меваҳои ранги зарддошта, ки яке аз рамзҳои тирамоҳи заррин аст, дастурхонҳои идона оростаанд.
Дар баробари хони Меҳргонӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ низ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ҳар ҳунарманд кӯшидааст, ки беҳтарин намунаи ҳунарии худро пешкаши ҳаводорон созад. Зеро барои дастархонороию беҳтарин ҳунари дастӣ мукофот муқаррар гардидааст. Бояд таъкид дошт, ки Меҳргон тавъам бо ҳадябахшиву тантана ва суруду тарона аст.
Меҳргон, яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббат таъбир додаанд. Ҳамин хусусияти ин ҷашнро ба инобат гирифта, мизбонон тамоми намунаҳои ҳосили тирамоҳи зарринро ба намоиш гузошта, бо меҳмонони русу ӯзбек, қазоқу қирғиз ин ҷашни меҳру ҳамбастагиро бо суруду мусиқӣ, шеъру тарона, рақсу бозӣ таҷлил намуданд.
Яке аз хусусиятҳои дигари ин ҷашн шукрона ба офтобу саховати он, шукрона ба рушноӣ, шукрона ба файзу баракат, шукрона ба ҳосили фаровон ва шукрона аз Истиқлолияту оромию осудагист. Қисмати театрикунонидашудаи донишҷӯён, ки дар фазои кушод ва майдони орододашуда гузаронида шуд, ба меҳмонон як дунё таассуроти нек бахшид.
Ҳоло ҷашни Меҳргон бо шукуҳу шаҳомати хеш бо гунаҳои мухталиф бо суруду тарона, чангу чағона, бо рақсу фасона чанд рӯзи дигар дар донишкадаи ҳунарҳои зебо идома хоҳад ёфт.
Моҳи меҳр асту меҳрубонӣ кун,
К — аз ҳама чиз меҳрубонӣ беҳ!
А. ҒОИБЗОДА,
устоди кафедраи филология
[metaslider id=1737]