(Дар ҳошияи мақолаи сиёсатшинос Абдуллоҳи Роҳнамо)

Яке аз масъалаҳои баҳсбарангез ва забонзадаи мардум тайи чанд моҳи охир мунозира ё баҳси Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди марз, аниқтараш қитъаи Ворух мебошад. Тарафи Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин масъала баҳсеро матраҳ намекунад, зеро тамоми далелҳои муътамад собит намудаанд, ки қитъаи Ворух замини ҳақиқии Тоҷикистон мебошад ва ҷониби Қирғизистон онро бо ҳар баҳона мехоҳад  азхуд намояд. Ҷониби Тоҷикистон, бо назардошти тамоми далелҳои мавҷуда ва санадҳое, ки ба кадом давлат тааллуқ доштани минтақаи Ворухро исбот мекунад, баҳси марзӣ барпо намекунад, зеро дар асл Ворух хоки Тоҷикистон мебошадМутаассифона, ҷониби Қирғизистон дидаву дониста аз ин ҳақиқати таърихӣ чашм мепӯшад ва онро қабул кардан намехоҳад.

 Низои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ҳудуди 90 сол боз идома дорад, дар солҳои охир боз ҳам мураккабу печидатар гардидааст. Нуктаҳои дар боло ишорагардида дар мақолаи сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” дақиқ ва возеҳ ба қалам дода шудаанд. Мавсуф менигорад:

“Албатта, то ин лаҳза ба шарҳи ҳуқуқии мавқеи Тоҷикистон низ аз сӯи баъзе муҳаққиқони ватанӣ, аз ҷумла ҳуқуқшинос Маҳмуд Абдуллоев таваҷҷуҳ гашта, дар навиштаҳои эшон маълумот ва андешаҳои арзишманд ироа шудаанд. Аммо мақсади асосии ин навиштаи мушаххас дар асоси санадҳои дақиқи таърихӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд овардани фаҳми бештар дар бораи моҳияти мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар ин масъала мебошад.

Яъне, он амалан шарҳи «ҳақиқати Тоҷикистон» дар ин низоъ барои худи тоҷикон аст. Ҳақиқате, ки ҳар як сокини кишвар, хоса аҳли идораву мафкура бояд онро дақиқ бидонад ва дар ташаккули мавқеи худ дар ин мавзуъ асос қарор диҳад.

Моҳияти содаи низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз ин иборат аст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. (Маҳз ҳамин рақам 23.09.2022 дар суханронии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ садо дод).

Тибқи ҳамин санадҳои расмӣ ин заминҳо, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакӯзи собиқ), 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух) ва баъзе қитъаҳои хурди дигар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ғайраро дар бар мегиранд.

Ин заминҳо, ки қаламравии қонунии Тоҷикистон ҳастанд, дар тӯли ҳудуди 90 соли охир бо роҳу воситаҳои гуногун, ки шарҳаш меояд, ба ихтиёри Қирғизистон гузашта, ҳоло амалан аз тарафи ин кишвар идора ва истифода мешаванд”.

Ҷузъи ҳудуди Тоҷикистон будани ин заминҳо дар замони шуравӣ низ маълум буд ва дар ин замина ҳар гоҳе баҳсҳои маъмурӣ ва маҳаллӣ ба вуҷуд меомаданд. Аммо чун то соли 1991 ҳар ду ҷумҳурӣ ба таркиби давлати ягонаи Иттиҳоди Шуравӣ дохил буданд, марзҳои ду ҷумҳурӣ марзҳои байнидавлатӣ ҳисоб нашуда, баҳси ҳуқуқию сиёсии тақсими марзҳо дар ин сатҳ намеистод. Бо касби истиқлоли сиёсӣ ва давлатӣ вазъияти ҳуқуқию сиёсии сарҳадҳо комилан тағйир ёфта, зарурати ба таври расмию ниҳоӣ муайян кардани сарҳади байни ду давлати мустақил пеш омад. Бинобар ин, Тоҷикистон сарҳадҳои давлатии худро дар асоси ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади ду давлат мушаххас карда, аз Қирғизистон талаб дорад, ки заминҳои аз ҳисоби ҳудуди Тоҷикистон дар ихтиёри худ доштаро баргардонад.

“То имрӯз дар ин масъала байни ду кишвар беш аз 100 мулоқоту гуфтугӯи сатҳҳои гуногун сурат гирифта, аз ҳудуди 990 км хатти сарҳадӣ дар бораи беш аз 602 километр ё ҳудуди 61% аз он тасвири лоиҳавӣ таҳия ва аз ду тараф мувофиқа гаштааст. Аммо тибқи маълумоти ВКХ Тоҷикистон, ҷониби Қирғизистон аз имзо ва расмият бахшидани мувофиқаи ҳосилшуда дар бораи ин бахш аз сарҳадҳои давлатӣ (61%) низ худдорӣ менамояд. Дар 39%-и боқимондаи хатти сарҳадӣ феълан вазъияти печидаву баҳсӣ боқӣ мемонад, ишора мекунад Абдуллоҳи Раҳнамо.

Яке аз печидатарин гиреҳҳое, ки дар мушкилаи марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба миён омадааст, баҳси ҳуҷҷатҳост. Аҳамияти ин масъала дар он аст, ки маҳз ҳуҷҷатҳо имкон медиҳанд, то мавзуи гуфтугӯҳо мушаххас гашта, ҷонибҳо мавқеи худро ба таври мушаххас, асоснок ва устувор шакл бидиҳанд. Ё маҳз ҳуҷҷатҳо имкон медиҳанд, ки ҳақиқати таърихӣ маълум шуда, дар музокирот рӯи санад ва хулосаи мушаххасе тавофуқ ҳосил гашта, роҳи ҳалли масъала ба даст ояд. Аммо раванди гуфтугӯҳо нишон медиҳад, ки ду ҷониб дар масъалаи ҳуҷҷатҳо ихтилофи усулӣ доранд.

Маҳз талошҳо ва санадҳое, ки сиёсатшиноси мавриди назари мо дар мақолаи худ манзур намудааст, имкон медиҳад, ки бо қатият ҳарф зад, ки таҷовузгар маҳз давлати Қирғизистон аст. Чуночи дар охир Абдуллоҳи Роҳнамо ишора мекунад.

“Бо назардошти нуктаҳои боло, ҷониби Тоҷикистон дар ягон ҳолат наметавонад ҳамчун кишвари таҷовузкор ё агрессор шинохта шавад, зеро Тоҷикистон ба қаламрави қонунии Қирғизистон дахолат надорад ва ба он дахолат ё ҳуҷум накардааст, балки аз кишвари ҳамсоя бозгардонидани заминҳои қонунии худашро талаб дорад. Ҳатто дар ҳолати бо роҳи зурӣ ва низомӣ заминҳои қонунии худро баргарднидан низ Тоҷикистон на аз назари ҳуқуқӣ ва на аз назари воқеию таърихӣ кишвари ҳуҷумкунанда ва тарафи таҷовузкор намешавад, зеро як кишвар наметавонад ба қаламрави худаш ҳуҷум кунад ё ба он таҷовуз кунад”.

Султон ҚОСИМОВ

Алиакбар ВОҲИДОВ