Имрӯз таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг  ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ибтикори кафедраи ҷомеашиносӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бо ширкати декани факултаи фалсафаи ДМТ, профессор Маҳмадизода Н. Д., мудири кафедраи диншиносии ДМТ Нурулҳақ Қамар, мудири кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии ДМТ Амирхон Ш.Т., дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии ДМТ Давлатов П.Н., номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, досенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Ҳакимзода С.Қ., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии Данғара Азизов К.Ҷ., ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Мамадбекова К.М., устодон, докторантҳо, магистрҳо ва донишҷӯёни муассиса баргузор гардид.    Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалиро муовини ректори донишкада оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Махсудзода Фарҳод ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокдорони конференсияро ба донишкада хайрамақдам гуфт.

  Сипас, гардонандаи маҳфили илмӣ, мудири кафедраи ҷомеашиносии Донишкада Амондуллоев Б. ҳозиринро ба муҳтавои барномаи конференсия ва марому мақсади он шинос намуда, оид ба масоили мубрами улуми фалсафӣ дар Тоҷикистони муосир фикру андешаҳои худро баён намуд.

  Декани факултаи фалсафаи ДМТ, профессор Маҳмадизода Н.Д. дар мавзуи “Фалсафа ва нақши он дар ҳаёти инсон ва ҷомеа” суханронӣ намуда, доир ба нақши фалсафа ба рушди тафаккури инсон ва таъсири он ба ҷомеа ибрози ақида кард.

  Мудири кафедраи диншиносии ДМТ Нурулҳақ Қамар дар мавзуи “Муносибати салафияи ифротӣ ба санъат” маъруза ироа намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки  фарҳангу санъат ҷузъи муҳимми хазинаи маънавӣ ва моддии инсоният буда, маҳкум кардани он аз тарафи  ҷараёнҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ асоси илмӣ надорад.

   Дар ҷараёни баргузории конференсия муколама ба амал омад, ки муовини ректори донишкада оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Аминӣ Алишер фикру андешаҳои худро оид ба масъалаҳои мубрами улуми фалсафӣ баён намуда, ба саволҳои хеш аз маърузачиён ҷавобҳои қонеъкунанда гирифт.

   Конференсия дар ду бахш баргузор гашта, дар он 22 мақолаи илмии профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрон ва донишҷӯён ироа гардид.

 

Синои АБУАЛӢ

Воҳидов АЛИАКБАР