Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  ҷаласаи навбатии  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз»-и ҲХДТ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа беш аз 70 нафар ҳизбиён ва меҳмонон ширкат варзиданд. Рӯзномаи ҷаласа аз ҳисоботи раиси ташкилот оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва пешбарии вакил ба конференсияи XXXVIII-и ҳисоботӣ — интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иборат буд.

   Ба ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз», профессор  Усмонзода Хайридин Усмон бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф иброз дошт,  ки давраи ҳисоботӣ барои аъзоёни ташкилоти мо пур аз  муждаҳои фараҳбахши сиёсӣ — фарҳангӣ  ва тавсеаи корҳои созандагию бунёдкорӣ буд. Аъзоёни ташкилот дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, назири Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ, Иди байналмилалии Наврӯз ва ғайра фаъолона ширкат варзиданд.

   -Боиси ифтихор аст, ки сафи аъзоёни ҳизб дар донишкада сол ба сол меафзояд. Дар давраи ҳисоботӣ 28 нафар аз ҳисоби омӯзгорони донишкада бо аризаи шахсиашон ба сафи ҳизб шомил гардиданд. Алҳол теъдоди аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ 70 нафарро ташкил медиҳад. Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» дар аксияҳое, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардидаанд, фаъолона ширкат варзиданд.  Мавсуф тазаккур дод, ки дар давраи маъракаи обуна аъзоёни ташкилоти мо ба рӯзномаҳои «Минбари халқ» ва «Мароми пойтахт» обуна шуданд. Дар назди ташкилоти  ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» гурӯҳи таҳлилӣ аз ҳисоби аъзоёни ҳизб ба роҳ монда шудааст. Мақсади  гурӯҳ дастгирӣ намудани сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирӣ кардани ақидаву амалҳои тундгарои ҳизбу равияҳои мухталиф, аз ҷумла амалҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҳизбгароӣ мебошад.

   Раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» Усмонзода Хайридин Усмон вакили конференсияи  XXXVIII-и ҳисоботӣ интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Синои шаҳри Душанбе пешниҳод гардид.

 

Бозорбой ХОЛОВ,

муовини раиси ташкилоти

 ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз»