Мудирияти Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода дар партави дастуру ҳидоятҳои орифонаи роҳбарияти Донишкада роҷеъ ба ҷалби донишҷӯён ба китобхона ва мутолиаи китоб, як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст.
Ҳамин гуна як маҳфили бошукӯҳи илмӣ-фарҳангии қироати шеъру ғазал, имрӯз дар толори хониши Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода бо ҳузури донишҷӯён ва устодон таҳти унвони «Қироати шеъру ғазал, рубоӣ ва дубайтиҳо аз ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» баргузор гардид. Дар оғоз мудири китобхона С.Надиров бо сухани муқаддимавӣ маҳфилро ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки ҳадафи баргузории маҳфилу нишастҳо ҳам, пеш аз ҳама, ҷалби донишҷӯён ба китобхонию хирадгароист. Инчунин, дар идомаи суханрониашон мудири китобхона дар такия ба мавзӯи маҳфил ишора намуданд, ки Устод Рӯдакӣ рамзи ҳофизаи таърихии мост, ки бо хондани ашъораш ифтихор аз фарҳанги ғании гузашаамон мекунем.
Баъдан, суханро ба омӯзгори кафедраи филология А. Ғоибӣ вогузор карданд. Мавсуф оид ба таърихи фарҳанг, таҳавулоти фарҳангӣ дар замони Рӯдакӣ ва инчунин, доир ба паҳлуҳои гуногуни эҷодиёт, забон ва латофату насофати ашъори устод Рӯдакӣ суханронӣ намуданд.
Қисмати эҷодии маҳфилро суханронӣ ва қироати шеъру ғазал, рубоӣ ва дубайтиҳо аз ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби донишҷӯёни Донишкада, минҷумла Камолов Сафармуҳаммад ва Абдураҳмонова Фараҳноз (донишҷӯёни курси 4-уми факултаи театр, кино ва телефизион), Ворисшоҳи Умрибой, Шаҳло Норбойзода, Нуриддинова Роҳила ва Мадинаи Амришоҳ (донишҷӯёни соли аввали шуъбаи рӯзноманигории телевизион), Умарова Фирӯза, Хуҷамова Амонсултон (донишҷӯёни курси 4-уми факултаи китобдорва иттилоотшиносӣ), Нурова Сайёра, Раҷабова Сайёра, Фотимаи Юлдош (донишҷӯёни соли аввали факлтаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ) ташкил дод. Дар рафти маҳфил фаъолнокии донишҷӯён дар самти қироати шеър бо оҳанг бештар ба назар мерасид.
Дар охири маҳфил равиши қироати шеъру шеърдони донишҷӯён аз ҷониби устодон натиҷагири карда шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби омӯзгори кафедраи филология ба донишҷӯён доир ба қонуниятҳои (тарзу усулҳои) қироати шеър ва роҳҳу воситаҳои аз бар намудани почаҳои шеъру ѓазал, тавсияҳо пешниҳод гардид, ки хотимабахши чорабинӣ гардид.
Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи М.Турсунзода
12 –уми октябри соли 2019