21 декабри соли равон маҳфили навбатии «Маҳфуздорон»-и назди кафедраи бойгоншиносӣ бо иштироки устодони кафедра, намояндаи деканат, раёсати таълими Донишкада ва тамоми донишҷӯёни курсҳои 1-4 ихтисоси бойгоншиносӣ баргузор гардид. Дар он ассистенти кафедра Ш.Аминзода дар мавзӯи «Комплект кардани хазинаи бойгонии миллӣ ва хазинабандии ҳуҷҷатҳо» ва донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси бойгоншиносӣ С.Азизов дар мавзӯи «Рушди соҳаи бойгонӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ», Ф.Хоҷамов «Сохтори дастгоҳи илмӣ-маълумотӣ дар бойгонӣ», А.Ватанбекова «Роҳҳо ва усулҳои истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ» ва донишҷӯи курси 3 Ҳ.Оймаҳмадова дар мавзӯи «Санҷиши арзишнокии ҳуҷҷатҳо» баромад намуданд.
Дар маҳфил муҳимтарин паҳлӯҳои комплект кардани хазинаи бойгонии миллӣ, усулҳои истифодаи ҳуҷҷатҳо, экспертизаи ҳуҷҷат ва танзими сохтори дастгоҳи маълумотдиҳӣ мавриди мубоҳиса ва мунозираи устодону донишҷӯён қарор гирифт. Чуноне ки маърӯзачӣ Ш.Аминзода қайд намуд “…яке аз проблемаҳои мубрами кори бойгонидории имрӯза дар Тоикистон, ин дуруст тартиб додани рӯйхати сарчашмаҳои комплект кардани бойгонӣ, ки дорои хусусиятҳо ва нозукиҳои худ мебошад, ба шумор меравад. Хазинаи бойгонии миллӣ қисми таркибии таърихи ватанӣ ва ҷаҳонӣ- мероси фарҳангӣ ва захираи иттилоотии ҷомеа ва ганҷинаи беназири миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷикон маҳсуб меёбад”. Чуноне ки афзуда шуд, пас аз соӽиб гардидан ба истиқлолияти сиёсӣ ва мустаӽакам намудани пояӽои ӽукумати конститутсионӣ, Ӽукумати навтаъсиси Тоҷикистон Хазинаи бойгонии миллиро қисми муӽими мероси таърихию фарӽангии халқи тоҷик, маҷмӯи ӽуҷҷатӽои инъикоскунандаи ӽаёти модию маънавии халқ, дорои аӽамияти таърихӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, бадеӣ ва фарӽангӣ ӽисобида, ҷиӽати таъмин намудани амнияти нигоӽдории ӽуҷҷатӽои бойгониӽо чораӽои қатъӣ андешид, ки ин сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат заминаи муҳиме барои рушди соҳа гардид. Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рафъи проблемаӽои мавҷуда соли 1998 Қонуни Ҷумӽурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» ва тағийиру иловаӽо ба қонуни мазкурро солӽои 2008, 2011 қабул менамояд, ки заминаи рушди бойгондорӣ, пеш аз ӽама низоми мушаххаси идоракунии Хазинаи бойгонии миллиро фароӽам меорад.
Тавасути маърӯзаҳои мазкур донишҷӯён ва ассистентон маълумоти ҷадид оид ба дастовардҳо, хусусиятҳои хоси комплект кардани хазинаи бойгонии миллӣ, вазъи нигоҳдорӣ ва ҳолати ҳуҷҷатҳо ва роҳҳои ҳалли проблемаҳои мавҷуда аз бар намуданд.