16 — уми ноябри соли 2022 бахшида ба 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи технологияи иҷтимоӣ — фарҳангӣ ва сайёҳии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”ҷаласаи навбатии маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Модулҳои муосири муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ” дар мавзуи “Иҷлосияи таърихии тақдирсоз” баргузор гардид. Дар ҷаласа мудири бахши идоракунии мониториг ва сифати таълими донишкада Бобоҷон Раҳимов, декани факулта Қобилҷон Саидов, мудири кафедра — н.и.п., и.в. дотсент Абдусаттор Раҳмонов, омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни ихтисоси менеҷменти соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ ширкат варзиданд.
Пас аз тамошои филми кӯтоҳмуддати мустанад вобаста ба мавзуҳои фавқуззикр мудири кафедра Абдусаттор Раҳмонов бо ироаи сухани ифтитоҳӣ ба маҳфил ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф зикр кард, ки нақши бунёдгузории Эмомалӣ Раҳмон барои давлати муосири тоҷикон, хидматҳои фидокорона ва созандаи ӯ дар соҳаи сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, густариши иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, фарҳанги пурғановат ва ҷанбаҳои дигар ба андозае эътирофшуда мебошанд, ки ёдраскунии иловагиро талаб надоранд. Ин ҳама созандагию қаҳрамониҳо аз баракату шарофати Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.Абдусаттор Раҳмонов иброз дошт, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст. Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи XVI ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошта, миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид. Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва тавсеаи маърифати сиёсии шаҳрвандон таъсири мусбат гузошта, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва андешаи давлатмеҳварӣ дар ниҳоди мардумро тақвият мебахшад.
Дар маҳфил донишҷӯён оид ба мавзуҳои зикршуда маъруза намуданд. Донишҷӯён дар баробари гузоришу маърузаҳо, инчунин дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шеърҳо қироат намуданд. Роҳбарии илмии донишҷӯёнро и.в. профессори кафедра Муборак Турсунова ба уҳда дошт.
Ҳамзамон, муаллими кафедра, н.и.п., и.в. дотсент Ҷаҳонгул Тайғуншоева аз хотираҳои худ доир ба роҳи душвори расидан ба зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ёдавар шуд. Зикр кард, ки он солҳо Тоҷикистон дар ҳолате қарор дошт, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ минтақаҳои алоҳидаи мамлакат дар оташи ҷанг сӯхтаву валангор, иқтисодиёти кишвар хароб ва фаъолияти сохтору мақомоти ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида буданд. Хушбахтона, ба шарофати Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ интихоб гардидани сиёсатмадори ҷавону дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеа аз буҳрони амиқи сиёсӣ берун омада, Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қадамҳои устувор гузошт.
Дар фарҷом садорати факултет борои баргузор гардидани ин маҳфили илмии судманд изҳори қаноатмандӣ намуд.
Қосимҷон ОДИНАЕВ,
омӯзгори кафедраи технологияи
иҷтимоӣ — фарҳангӣ ва сайёҳӣ