Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  бахшида ба ҷашни 50-солагии донишкада ва Рӯзи ҷавонон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимҷонзода Нигора, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён консерти ҳисоботии устодону донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.      Консерти ҳисоботӣ, ки фарогири шеъру суруд ва оҳангу рақсҳои ҷолибу дилнавоз,  ки самараи фаъолияти эҷодии як соли охири устодону донишҷӯёни донишкада мебошад, пешкаши ҳозирин гардонда шуд.

      Ансамблҳои “Бунафша”,  “Фалак”, инчунин донишҷӯёни синфҳои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессор Тағоймурод Розиқов,  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳаётой Муминова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хурсандмурод Зарипов, муаллими калон Маҳмадулло Тошев ва дигарон бо ҳунарнамоии сатҳи баланди худ хотири аҳли толорро шод гардонида, маҳорату истеъдод ва сатҳи азхудкунии дарсҳои эҷодии андухтаашонро ба намоиш гузоштанд.

     Пас аз анҷоми барномаи консертӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ба устодону шогирдоне, ки дар омода намудани консерти ҳисоботӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуд.  Ректори донишкада оид ба муҳтавои  барномаи консертӣ, тарзи ҳунарнамоӣ ва сатҳи малакаву истеъдоди устодону донишҷӯён андешаву мулоҳизаҳояшро баён намуда,  ба ҳунарнамоӣ ва маҳорати иҷрокунандагии онҳо баҳои баланд дод.

     Сипас, дар доираи чорабинӣ донишҷӯи курси 4-уми факултаи санъати мусиқии мардумӣ Ашуров Сафармурод, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз фанни “Педагогикаи умумӣ” иштирок намуда, сазовори ҷойи 1-ум гардида буд, бо сипоснома ва мукофоти пулии раёсати донишкада қадрдонӣ карда шуд.

     Дар охир, ректори донишкада иброз дошт, ки устодону донишҷӯён бояд саъю талоши бештар намуда, бо маҳсули эҷодии худ дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтиҳории бештар гардида, муаррифгари сазовори донишкадаи хеш бошанд.

ҚУДРАТОВ Сино