Санаи 30 ноябри соли 2019 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ ва эҷодӣ таҳти унвони «Фазои маънавии ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва омодасозии кадрҳо дар соҳаи фарҳанг ва санъат» баргузор гардид.
Тибқи Барномаи конференсия ҷаласаи пленарии он дар толори арғунуни донишкада бо иштироки меҳмонон аз вазорату идораҳо, роҳбарият ва омӯзгорону донишҷӯёни донишкада аз ҳамаи факултетҳои донишкада баргузор карда шуд.
Тибқи Барнома ҷаласаи пленарии конференсияро д.и.ф., профессор Усмонзода Х.У. ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз мебахшиданд, сипас дар назди иштирокдорони конференсия д.и.ф., дотсент, Муминҷонов З., мудири кафедраи журналистикаи телевизион бо маърӯзаи «Касбият дар телевизион ва тарбияи кадрҳо дар макотиби олӣ» ва н.и.т., Ҷобиров Р., мудири кафедраи бойгонишиносӣ бо маърӯзаи «Проблемаҳои актуалии бойгоншиносӣ: вазъи омодасозии мутахассисони бойгоншинос, дастовардҳо ва мушкилот» баромад мекунанд, — изҳор дошт ровии конференсия н.и.п., профессор Амиров, ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ.
Сараввал, Усмонзода Х.У., ректори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода бо сухани ифтитоҳӣ конференсияро ҳусни оғоз бахшиданд ва муҳимияти масъалаи дар ин чорабинӣ баррасишавандаро махсус қайд намуданд, ки ба ташаккули маънавиёти ҷомеаи имрӯзаи ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.
«Ҳар як маърӯзаи илмӣ тӯли моҳҳову солҳо омода карда мешавад ва барои ҳаллу фасли ин ё он масъалаи мубрами ҷомеа нигаронида шуда, дар маҷмӯъ инкишофи онро таъмин менамояд», — қайд намуданд садри донишкада.
Аз ҷиҳати маънавӣ пурра гардонидани фазои фарҳангиву маънавии ҷомеаро сарвари донишкада чунин маънидод карданд:
«Фазои маънавии ҷомеа он гоҳ рӯ ба рушду инкишоф мениҳад, ки инсон дар ҷомеа эҷодкор боша два ҳаётро такомули бештар бахшад».
Нақши омӯзгорони донишкадаро дар боло бурдани маънавиёти ҷомеаи имрӯзаи ҷумҳурӣ хеле арзанда баҳогузорӣ намуда, Усмонзода Х.У. аз ҷумла қайд намуданд:
«Нақши омӯзгорони ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода дар рушду такомули фарҳанг ва маънавиёти ҷомеаи имрӯза хеле муассир буда метавонад, зеро танҳо шахси бофарҳанг дорои маънавиёти баланд буда метавонад».муд: HD гузаронида шудаанд. Ин имконият фароҳам овард, ки аксар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар низ тамошо кунанд ва ин масъулияти моро дар назди оламиён дучанд мегардонад. Аммо то ҳанӯз дар ҳамаи шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон нарасидани баландихтисоси касбӣ эҳсос мегардад».
Дар боби баланд бардоштани сатҳи касбии барномаҳо сухан гуфта Муминҷонов З. қайд намуд, ки:
«Телевизионро имрӯзҳо оинаи рӯз номидан мумкин аст, вале дар аксар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон имрӯзҳо на ҳама жанрҳо истифода бурда мешаванд. Аз ҷумла, жанри «Доғи рӯз», ки инъикос-кунандаи ҳаёти воқеӣ ва яке аз жанрҳои таъсир расонидан ба рафтору кирдори ношоистаи аъзоёни ҷомеа ва бартараф кардани камбудиҳои мавҷудаи он мебошад, мутаассифона, имрӯзҳо дар телевизиони тоҷик намоиш дода намешавад, ки ин ҳам аз сабаби норасоии кадрҳои ихтисосманди журналистикаи телевизион аст».
Пас аз баромад Муминҷонов З. ба саволҳои додашуда посух дод.
Дар маърӯзаи илмии н.и.т. Ҷобиров Р., мудири кафедраи бойгонишиносии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода, таърихи бойгонидори тоҷикон ва рушду инкишофи он, мақсаду вазифаҳои бойгониҳо аз қарнҳои гузашта то ба имрӯз мавриди таҳқиқ қарор дода шуда, мавқеи бойгонидорӣ дар идораи давлатӣ, хусусиятҳои хоси он, хосатан қайд гардид. Ҳамзамон, дар суханронии Ҷобиров Р. масъалаҳои норасоии кадрҳои бойгондорӣ, барномаҳову дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва омӯзгорони варзида, ки соҳаро мефаҳманд, махсус зикр гардид.
«Бе чопи китобҳои дарсии соҳавӣ, омода сохтани кадрҳои баландихтисос ғайриимкон аст, — қайд намуд Ҷобиров Р. ва илова намуд, ки дар ин ҷода баргузор намудани конференсияҳои илмию амалӣ, омӯзиши кадрҳо ва такмили ихтисоси омӯзгорон берун аз марзи кишвар, чопи барномаву китобҳои дарсӣ, такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин ҳаллу фасли чандин масъалаҳои дигари мубрам аз шумори масъалаҳое мебошанд, ки ҳалли оҷилии худро талаб мекунанд ва тақозои замони муосири имрӯза мебошанд».
Пас аз пешниҳоди маърӯзаи илмӣ Ҷобиров Р. низ ба саволҳои додаи ҳозирин посухҳои мушаххас дод.
Дар охир сухан ба намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Номбурда баргузории чунин конференсияи ҷумҳуриявии бонуфуз ва барои ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ заруриро дар ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода фоли нек арзёбӣ намуда, маърӯзаҳои пурмуҳтавои онро лоиқи дастгирӣ номбар кард. Ӯ изҳор дошт, ки масъалаҳои дар маърӯзаҳои илмӣ гузошташуда ҳатман аз ҷониби мутахассисони вазорат мавриди омӯзиш қарор мегиранд ва ҳаддалимкон барои роҳандозӣ намудани пешниҳодоти дар онҳо баёншуда чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Бо ҳамин кори ҷаласаи пленарии Конференсия анҷом пазируфт.
Пас аз танаффус дар бахшҳои гуногуни конференсия ба ироаи мавзӯъхои илмӣ идома бахшида шуда, қисми илмӣ-назариявии конференсия то бегохи ҳамин рӯз идома ёфт, ки дар онҳо масоили гуногуни ҳалталаби замон, вобаста ба маънавиёти ҷомеа, мавриди таҳқиқу баррасии омӯзгорони донишкада қарор дода шуданд.
Саидмаҳмуд САИДҲОМИДОВ,
саромӯзгори Кафедраи тарбия
ва таҳсидоти мусиқӣ