Маро дар рӯзи нашр шуданам, яъне рӯзи таваллудам ба мағоза оварданду дар қатори дигар китобҳо ба рафе бо тамоми озодагӣ ва шукӯҳам гузоштанд. Моҳҳо дар интизори пайдо намудани аниси розшунаве будам. Хушбахтона, аз қазо рӯзе донишҷӯе ба суроғам омад. Маро бо тавсияи устодаш аз мағозаи китоб харида, мутолиа карду донандаи розҳои нуҳуфтаам гардид. Бо шарофати ман имтиҳонашро супурда, баъди ба ибораи худаш аз ин ташвиш халос шудан, маро ба гӯшаи фаромушӣ гузошт. Солҳо гузаштанду ӯ дар шоҳидии ман оиладор шуду соҳиби фарзандони некрӯ гашт. Фарзандонаш ба камол расиданд. Умедвор будам, ки ба онҳо хондани китобро тавсия медиҳад. Аммо, сад афсӯс, ки ӯ ин корро накард ва фақат маро гоҳе аз чанг тоза мекарду боз ба раф мегузошт.

       Соҳибам фарзанди калониашро хонадор карданӣ шуду ба таъмири хонааш пардохт. Чанд рӯз дар берун мондам. Баъд аз он… Ҷойи маро «сервис»-ҳои хориҷӣ гирифтанд. Маро дар як гӯшаи болохона ҷой доданд.

       Он ҷо 10 сол мондам.

     Даҳ сол анкабуту мушҳо дар паҳлуям буданд. Чанд саҳифаамро мушҳо пора-пора карданд. Ин чӣ зиндагист? Ба одамон чӣ шуда бошад? Ҳушу ёди ҳама ба молу пул!

    Ба ҷойи он ҳама умедвориҳо, интизорӣ кашиданҳо барои як хонанда ба тамошои ин манзара ҳасрату ғазабу буғз домангирам мешаванд ва дигар чизе аз дастам намеояд. Онҳо бошанд, назди дастархони пурнозу неъмат нишаста, механданду меболанд ва бо ин ғофилӣ аз имрӯзу фардо ғарқи дунёи андешаҳои пучу тиҳӣ ҳастанд.

     Хайр, ихтиёрашон. Ҳарчанд ман умедамро  аз  дидори хонандаи арзанда ҳанӯз накандаам, вале дилам ба соҳибе, ки маро асири ин хона карда, бо дӯстонаш айшу тараб дорад ва ба сӯям ҳатто нимнигоҳе намекунад, реш-реш мешавад. Фардояшон чӣ гуна хоҳад буд? Намедонам.

    26-уми декабри соли 2019 соҳибам аз чӣ бошад, ман ва дигар ҳамроҳонамро, ки 10 сол дар хонааш «хилватнишинӣ» мекардем, гирифта, аз чанг тоза карда, ба рафи ҷевонҳо қатори ҳамон «сервис»-ҳо гузошт. Таваҷҷуҳи ӯ ба ман зиёд шуд. Фарзандонашро талқин кард, ки маро мутолиа намоянд. Ҳатто маро яке аз хешовандонаш, ки дар соҳаи савдо буд, ба орият гирифту хонд. Ман даст ба даст мегаштам, ҳангоми варақ задан «нафас» мекашидам ва шод мешудам. Хушо, ки аз нав дӯст ва рафиқи танҳоӣ ва «фурӯғи субҳи доноӣ» шудам .

     Чӣ воқеа рух дода бошад? Ҳар чӣ шуда бошад, хуб шудааст. Мардум китобхон шудаанд.

 

Зафари ШАРИФ,

      омӯзгор